Барои он ки муҳтаво нишонрас бошад, он на танҳо ба мухотабон, балки ба низомҳои забонии ба монанди Google ҳам бояд писанд ояд. Дар чунин ҳолат муҳтаво метавонад, ки сербинанда гардад. Аммо ҳоло Google бо забони тоҷикӣ ошноии кам дорад ва муҳтаворо бо ин забон ба хонандагону бинандагон камтар пешниҳод мекунад.
Барои ислоҳи ин ҳолат мо ба кори муштараки ВАО-е ниёз дорем, ки равандҳои SEO-ро дар кори худ роҳандозӣ мекунанд. Коршиносон ба ҳам омада дар вохӯрии дуюми силсилаи нишастҳои корӣ дар мавзуи “Тарғиби ҳузури забони тоҷикӣ дар интернет”, ки дар доираи лоиҳаи “Дастгирии муҳити созгори иттилоотӣ дар Осиёи Марказӣ” (CAIIA) амалӣ мегардад, дар мавзуҳои зикршуда суҳбат карданд. Вохӯрии муқаддамотии ин силсилаи нишастҳо моҳи майи соли ҷорӣ доир шуда буд, ки метавонед аз ин ҷо иттилои муфассал гиред.
Баҳманёр Нодиров, мудири таҳририяи “Азия Плюс” гуфт, пас аз иштирок дар як омӯзиши SEO, ки Your.tj бо дастгирии Internews доир карда буд, сомонаи “Азия Плюс” аз тарафи коршиносону мураббиёни расонаӣ, ки аз Украина омада буданд, ташхис шуда, дар ҳаҷми 36 саҳифа тавсияҳо гирифта буд. Баъди амалӣ кардани он тавсияҳо, мухотабони “Азия Плюс” 10–15% афзоиш ёфт. Аммо ин ҷо гап сари забони тоҷикӣ аст, ки низомҳои ҷустуҷӯйӣ онро хуб намешиносанд. Дар шарҳи ин мушкил, ки чаро низомҳои ҷустуҷӯйӣ забони тоҷикиро хуб намехонанд, ширкаткунандагони вохӯрӣ сабабҳои зиёдро номбар карданд, аз ҷумла кам будани муҳтавои хуб бо забони тоҷикӣ, ҷустуҷӯйи кам бо забони тоҷикӣ, ҷустуҷӯи бештари корбарон бо забони русӣ ва ё истифодаи лаҳҷаҳо, ҷустуҷӯ бе истифодаи ҳарфҳои қ,ҳ,ҷ,ғ,ӯ,ӣ.
Истифодаи забони тоҷикии таҳрифшуда дар интернет
Аз рӯйи таҳлили баъзе аз коршиносон, дар бахши тоҷикии интернет бештари корбарон бо лаҳҷа суҳбат ва иттилоъ ҷустуҷӯ мекунанд, на ба забони адабии тоҷикӣ. Аз ҳисоби ин ки дар кишвар лаҳҷаву диалектҳои гуногун мавҷуд аст ва калимаҳои зиёди русӣ ба ин лаҳҷаҳо илова шудаанд, низомҳои ҷустуҷӯйӣ дарк намекунанд, ки ин чигуна забон аст. Асомиддин Атоев, коршиноси технологияҳои иттилоотиву комуникатсионӣ ҳалли ин мушкилро нахуст дар истифодаи ҳарфҳои қ,ҷ,ҳ,ғ,ӯ,ӣ мебинад, ки ин ҳарфҳо яке аз хусусиятҳои алифбои тоҷикӣ мебошанд. Вай мегӯяд, ҳатман бо ин ҳарфҳо ҷустуҷӯ кунем ва нависем, ки интернет дар хотирааш онро нигоҳ дошта ва алгоритмҳояш ба ин ҳарфҳо одат кунанд. Бояд гуфт, ки тақвияту густариш додани забони тоҷикӣ дар интернет натанҳо масъулияти расонаҳову коршиносон, балки корбарон низ ҳаст. Дар ҳолати будани муҳтаво ва ҷустуҷӯ нашудани он, мақсадҳои гуфташуда танҳо дар назария мемонанду бас.
Забони тоҷикӣ мушкил аст ё сатҳи забондонӣ поён?
Насби забони тоҷикӣ дар телефонҳои мобилӣ ва истифодаи забони асосии низоми телефонҳо ҳам яке аз роҳҳои кумак ба ҳузур ёфтани забони тоҷикӣ дар интернет аст. Агар насб кардан як тарафи мушкил аст, пас одат кардани худи “гаджетҳо”-и мо ҳам ба забони тоҷикӣ як раванди муайянро талаб мекунад: ивази забони асосии низоми амалиётӣ ба забони тоҷикӣ, истифодаи иттилоъ дар низомҳои ҷустуҷӯӣ ба забони тоҷикӣ. Аммо агар як муддати муайян ин қоидаҳо риоя шаванд, алгоритмҳо ҳам ҳарчи бештар тағйир ёфта, муҳтавои тоҷикиро ба истифодабаранда бештар пешниҳод мекунанд. Барои мисол, баъди вохӯрии аввал, ки ин нукта зикр шуда буд, баъзе аз ширкаткунандагон дастурҳои техникиро риоя карданд ва дар воқеъ натиҷаҳои заруриро ҳам ба даст оварданд: яъне, агар забони “гаджетҳо” тоҷикӣ бошад ва ҷустуҷӯ ҳам бо ин забон сурат бигирад, низомҳои ҷустуҷӯйӣ ҳангоми пешниҳоди иттилооъ ҳарчӣ зиёдтар пайванду маълумотро бо забони тоҷикӣ пешниҳод мекунанд.
Роҳи ҳалли мушкили забонро баъзе аз коршиносон дар содаву фаҳмотар кардани забони тоҷикӣ мебинанд. Аммо ба назари забоншиносону бархе аз дигар коршиносон, баланд бурдани сатҳи забондонии корбарон бояд ба роҳ монда шавад, на содатар кардани он. Баҳрӣ Алиев, забоншиноси тоҷик гуфт, вақте дар бораи мушкилоти забони тоҷикӣ суҳбат мешавад, набояд дар бораи “содасозии забон” ё “мураккабсозии он” ҳарф зад.
“Ҳамаи забонҳо аз дастуроте кор мегиранд, махсусан забони қадимае чун форсӣ – тоҷикӣ, ки соҳиби фарҳангҳои арзишманду таърихие чун “Луғатномаи Деҳхудо” — ст ва он тамоми мафҳуму назокатҳоро ифода карда метавонад. Пас мо бояд дурустсозии забонро аз рӯи ин дастурҳо омӯзем, дар он сурат масъалаҳое чун “забони душвор ва сода” боқӣ намемонад” — гуфт ӯ.
Мушкилии асосӣ: муҳтаво бо забони тоҷикӣ дар интернет кам аст
Истеҳсолкунандагони муҳтаво натанҳо рӯзноманигорон, балки дигар касони касбу кори гуногун ҳам буда метавонанд. Масалан, навиштани мақолаҳо дар Википедия низ як нуктаи хеле муҳими ин раванд аст.
Ҳаваскорон ба таври ихтиёрӣ барои Википедия матну донишнома менависанд. Мо барои Википедияи тоҷикӣ чунин шахсеро дорем, ки Дӯстмуроди Саид аст. Дӯстмуроди Саид, ки корманди Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон мебошад, мегӯяд, манбаи иттилои муҳим барои мо ин Энсиклопедия буда, он ба таври хеле кам рақамӣ шудааст. Зеро неруи корӣ зарур аст, ки ин маълумот рақамӣ карда шавад. Неруи корӣ ба таври ихтиёрӣ, яъне кори бемузд аст, ки на ҳар кас барои иҷрои он розӣ мешавад.
“Википедия ва Энсиклопедия — ин ду платформа метавонанд ҳамдигарро пурра кунанд ва барои фароҳам овардани маълумоти васеъ ва мукаммал ба корбарон кӯмак расонанд. Аммо яке аз мушкилоти асосӣ барои забонҳои хурд дар интернет ин норасоии иттилои босифат мебошад. Рушди Википедияи тоҷикӣ ва Энсиклопедияи миллии тоҷик боиси дастрасии иттилои васеъ ва мукаммал ба забони тоҷикӣ мегардад, ки ин ба баланд шудани сатҳ ва тавсеаи донишҳои онҳо кӯмак мерасонад,” — гуфт Дӯстмуроди Саид.
Ин коршинос афзуд, агар ризокороне ҳам пайдо шаванд, ки дар нашри маълумот кӯмак расонанд, аммо донишнома навишта ва ё ба таври касбӣ бо матн кор карда наметавонанд. Ва зарур мешавад, ки ба онҳо ин донишҳоро биомӯзонӣ. Вале барои ин гуна кори тӯлонӣ ва мушкил ҳам маблағ ва ҳам вақт лозим аст.
Роҳи ҳалли дигари ин мушкилӣ рақамӣ кардани асноду ҳуҷҷатҳои давлатӣ аст. Шуъбаҳои мухталифи давлатӣ метавонанд, ба рақамисозии асноди худ ва интишори онҳо дар интернет шуруъ кунанд, ки ин миқдор ва сифати муҳтавои тоҷикиро афзоиш медиҳад. Холиқзода Марям, намояндаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки дар ин нишаст ҳузур дошт, гуфт, масоили вобаста ба ниҳоди онҳоро ба роҳбарияти вазорат мерасонад, то дар ислоҳашон дар доираи имкон кумак намоянд.
Пешниҳодҳои дигаре, ки дар ҷамъбаст гуфта шуданд, инҳо буданд: дастгирии давлатӣ, афзоиш додани корманд ва маблағгузории бештар ба Википедияи тоҷикӣ; даъват намудани коршиносони хориҷӣ барои омӯзонидани википедиянависӣ (донишноманависӣ); таъсис додани ихтисоси донишноманависӣ дар заминаи яке аз мактабҳои олии Тоҷикистон; мутобиқсозии сомонаҳо барои шабакаҳои иҷтимоӣ; ҷалби ихтиёриён барои пур кардани Википедия; нашр кардани матолиб бо забонҳои гуногуни дунё бо мақсади ҳифзи манфиатҳои миллӣ.