ДомойМедиалентаНашрияҳои тоҷикӣ мавзуъҳоро ба “занона”-ву “мардона” тақсим мекунанд. Чаро набояд чунин бошад?

Нашрияҳои тоҷикӣ мавзуъҳоро ба “занона”-ву “мардона” тақсим мекунанд. Чаро набояд чунин бошад?

Дар бештари нашрияҳои тоҷикӣ мавзуъҳо ба мардона ва занона тақсим карда мешаванд. Занони рӯзноманигори тоҷик бештар ба мавзуъҳои тандурустӣ, маориф ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ машғуланд; мардони рӯзноманигори тоҷик зиёдтар ба иқтисодиёт ва сиёсат машғул мешаванд. Ба назари мухотабон, инъикоси мавзуъҳои иқтисодӣ ё сиёсӣ назар ба муҳтавои иҷтимоӣ баобрӯтар ва чун қоида, музди чунин муҳтаво низ баландтар аст.

Раҳбарони расонаҳо мегӯянд, бо тақсим кардани баъзе мавзуъҳои ҳассос ба “мардона” ва “занона”, нахуст дар ҳаққи занони рӯзноманигор ғамхорӣ мекунанд. Ин тамоюл натанҳо барои Тоҷикистон, балки барои аксари кишварҳои ҷаҳон хос аст. Барои мисол, мониторинги ҷаҳонии расонаҳо — “Who makes the news” мегӯяд, чунин тақсимсозӣ нақшҳои иҷтимоиро дар ҷомеа инъикос мекунад ва дар бисёре аз нашрияҳои ҷаҳонӣ дида мешавад. Ин тақсимбандӣ, ба бовари муаллифони мониторинг, самаранок нест.

Хабарнигори муосир дар бораи тартиби тақсим шудани мавзуъҳо дар нашрияҳои Тоҷикистон ва пайомадҳои эҳтимолии ин тақсимот нақл мекунад.

Хуршед Атовулло, роҳбари Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон (МТЖТ) мегӯяд, дар ҳафтаномаи “Фараж” (бо сомонааш), ҳафтаномаи “Самак”, “Ману ту”, оҷонсии иттилоотии “Суғднюс” 8 мард ва 12 зан кор мекунад. Роҳбари МТЖТ гуфт, бо назардошти хосияти мавзуъҳо занону мардон онҳоро байни ҳам тақсим мекунанд.

Масалан, агар мавзуъ сафари тӯлониро ба ноҳияҳои куҳистони кишвар талаб кунад ё масъалаи куштор, таҷовуз ба номус бошад, ҳатман мардон интихоб мешаванд. Агар вобаста ба масъалаҳои одитар бошад ва пӯшиши он содатару осонтар бошад, ба занҳо бартарӣ дода мешавад, — афзуд Хуршед Атовулло.

Хуршед Атовулло, акс аз саҳифаи фейсбукии ХА

Вай илова кард, агар занони рӯзноманигори нашрия барои пайгирии мавзуҳои “мардона” исрор ҳам ки варзанд, ӯ иҷоза намедиҳад. Зеро, ба гуфтааш, мавзуъҳои “мардона” ҳассос ҳастанд ва эҳтимол дорад, бо яке аз ҷонибҳо баҳс сар занад. “Танҳо ба хотири амнияти занону духтарони нашрия ин кор анҷом дода мешавад. Вале дар расонаҳои МТЖТ дар пӯшиш додани мавзуъҳои иқтисодӣ баробарии гендерӣ риоя мешавад: ду рӯзноманигори зан ва ду рӯзноманигори мард ин гуна мавзуъҳоро инъикос мекунанд”, — гуфт Хуршед Атовулло.

Шоира Мадалиева, ки чанд муддат дар нашрияи “Фараж” кор кардааст, аз тақсимбандии мавзуҳо чунин ёд меорад:

-Имконияти машғул шудан бо мавзуъҳои ҷиддӣ барои занон фароҳам буд. Аммо ин ба хоҳиши занон вобастагӣ дошт. Худи занон хоҳиш надоштанд, ки бо ин гуна мавзуъҳо дасту панҷа нарм кунанд.

Амрита Каргизова, муҳаррири хабаргузоии “Азия Плюс” мегӯяд, дар ин расона мавзуъҳо ба занонаву мардона ва ё бар асоси ҷинсият тақсим намешаванд.

Амрита Каргизова, акс аз саҳифаи фейсбукии АК

Мавзуъро рӯзноманигоре пайгирӣ мекунад, ки онро хуб дарк кардааст, манбаъ ва ё коршинос дорад, новобаста аз он ки вай зан ё аст ва ё мард. То он ҷо ки ман дар хотир дорам, боре ҳам чунин нашудааст, ки дар “Азия Плюс” ба мавзуе рӯзноманигорон аз рӯи ҷинс машғул шуда бошанд. Рамзия Мирзобековаро дар хотир дорам, ки бо мавзуъҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ машғул буд. Ва ё агар мавзуи иқтисодӣ бошад, мешавад, ки Зебо Тоҷибоеваро ёдрас кунем. Дигар занҳои рӯзноманигорро наметавонам ба ёд оварам, ки ба ин гуна мавзуъҳо мушғул шуда бошанд. Пайдо кардани коршинос дар ин самтҳо ниҳоят мушкил аст, куҷо расад ба пайдо кардани рӯзноманигорон бигӯем” – гуфт Амрита.

Бонувони рӯзноманигор, ки самтҳои иқтисод ва сиёсатро пӯшиш медоданд, куҷо рафтанд?

Заррина Эргашева аз замони фаъолияташ дар “Азия Плюс” (солҳои 2005-2011) ёд меорад. Эргашева аз занҳои рӯзноманигоре буд, ки мавзуҳои иқтисодиро пайгирӣ мекард. Вай гуфт, аз сабаби он ки бо рақаму додаҳо кор кардан барояш ҷолиб буд, ин самтро интихоб кард.

— Ман мавзуҳои иқтисодиро ба уҳда гирифта будам ва ба омӯхтану пӯшиш додани он оғоз кардам. Он замон дарк кардам, ки чаро занон ба ин самт намераванд. На аз он сабабе, ки тарзи кор ё иқтисодро намедонанд, балки дар бораи мураккаби ин самт бисёр ҳарф зада мешавад ва дигарон талқин мекунанд, ки ин самт душвор аст. Ба ҳамин хотир занон аз пӯшиш додани мавзуъҳои иқтисодӣ худдорӣ мекунанд. Дурӯғ намегӯям, барои ман ҳам душвор буд, ба ёд меорад Заррина.

Вай ҳамзамон ба ёд меорад, ки он барои як мусоҳибаи даҳ ва ё понздаҳдақиқаӣ рӯзҳову ҳафтаҳо омодагӣ медид. Зеро “ҳатто он касоне, ки мусоҳиба медоданд, ӯро ҷиддӣ қабул намекарданд ва ҳайрон мешуданд, ки чаро як зан ин мавзуъро пайгирӣ мекунад”.

Бо гузашти замон дар ниҳоят маро ҳамчун рӯзноманигори бахши иқтисод эътироф карданд. Аммо барои эътироф шудан тақрибан 6-7 сол харҷ шуд. Дар маҷмуъ, ман фикр мекунам, ки бар дӯш гирифтани соҳаҳои бузург ва мураккаб, мисли иқтисод, саноат, энержӣ, молия, бонкдорӣ ва дигар соҳаҳое, ки шумо бояд бо додаҳо сарукор дошта бошеду онро ба хонанда фаҳмонед, ҳам барои зан ва ҳам барои мард душвор аст. Ба илова, барои занон қолабҳои иҷтимоие мавҷуд ҳастанд. Ба ҳар сурат, агар шумо соҳаи интихобшударо хуб омӯзед, ба мақсад хоҳед расид, аммо роҳ тӯлонитар хоҳад буд, гуфт Заррина.

Эргашева аз занони рӯзноманигори дигар ёд овард, ки дар “Азия Плюс” мавзуъҳои иқтисодиро пайгирӣ мекарданд. Онҳо Екатерина Кожевникова ва Виктория Наумова буданд. Ҳамзамон Наргис Зокироваро ба ёд меорад, ки дар расонаи дигар кор мекард ва дар самти иқтисод менавишт. Зарина гуфт, ҳоло намедонад, ки дар расонаҳои Тоҷикистон оё рӯзноманигори зане соҳаи иқтисодро пӯшиш медиҳад ё не.

Чаро дар расонаҳо мавзуъҳоро ба “мардона” ва “занона” ҷудо мекунанд.

Зулайхо Усмонова, коршиноси гендерӣ мегӯяд, ин мавзуъ аҳамияти гендерӣ дорад.

Зулайхо Усмонова, акс аз саҳифаи фейсбукии ЗУ

— Чаро бонувони рӯзноманигор умдатан дар бахшҳои иҷтимоӣ – тандурустӣ, маориф, ҳифзи модару кӯдак ва ғайра кор мекунанд? Ин анъанаест, ки аз даврони шӯравӣ мерос мондааст, гуфт Зулайхо Усмонова.

Коршинос афзуд, таъсири қолабҳои гендерӣ аст, ки гӯё мардон дар масъалаҳои ҷиддитар маҳорати бештар доранд, иқтисод, сиёсат, тиҷорат, муносибатҳои байналмилалиро дурусттар дарк мекунанд. “Ба фикри ман ин қолабҳое ҳастанд, ки бояд шикаста шаванд”, – илова кард Усмонова.


Вай гуфт, бо роҳҳои зерин мешавад, қолабҳои мазкурро шикаст:


— занонро барои кор кардан дар самтҳои сиёсат, иқтисод омӯзиш дод;

— ба занони коргари мавҷуда бештар бовар карда, ба онҳо супориш дода шавад, ки дар мавзуъҳои ”ҷиддӣ” матлаб таҳия кунанд;
— ба рӯзноманигорон — ҳам занон ва ҳам мардон – омӯзонидани робитаи иқтисодиёт бо соҳаи иҷтимоӣ, омӯзонидани таҳлил ва мулоҳиза;

— ба хамаи рӯзноманигорон омӯзонидани тафаккури интиқодӣ ва мантиқӣ;

— ба журналистика ҷалб намудани духтарон, занони дорои маълумоти иқтисодӣ, фалсафа, сиёсӣ.

Чаро набояд нашрияҳо мавзуъҳоро ба мардона ва занона тақсим кунанд?

Таҷрибаи ба “мардона” ва “занона” ҷудо кардани мавзуъҳо танҳо хоси Тоҷикистон нест. Пажуҳишҳои гуногун нишон медиҳанд, ки ҳатто дар кишварҳои ғарбӣ занони рӯзноманигор ба истилоҳ ба омода кардани “Soft news машғуланд. Дар ҳоле, ки рӯзноманигорони мард бештар равандҳои сиёсӣ ва тиҷоратро инъикос мекунанд.

Лилия Гайсина, акс аз саҳифаи фейсбукии ЛГ

Ба гуфтаи Лилия Гайсина, мутахассиси баробарии гендерӣ ва фарогирии иҷтимоии Интернюс дар Тоҷикистон, сохтори расонаҳо аз сохтори дигар бахшҳо фарқе надорад.

Барои мисол, биёед ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон кадом вазорату идораҳоро занон раҳбарӣ мекунанд? Солҳои охир занҳоеро ба ёд меорам, ки дар вазифаҳои вазирии тандурустӣ, фарҳанг, вазири меҳнат ва муҳоҷират, раҳбарони Кумитаи сайёҳӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила кор мекарданд. Вазоратҳои иқтисод ё молияро одатан мардон ишғол мекунанд,— гуфт Лилия Гайсина.

Ба гуфтаи ӯ, ба “занона” ва “мардона” тақсим шудани мавзуъҳо боиси яктарафа инъикос шудани вазъ мегардад. Ба бовари Гайсина, тақсими баробари мавзуъҳо миёни муаллифони зану мард кафолати эҷоди муҳтавои босифат хоҳад буд.

Нурангез Рустамзода
Нурангез Рустамзода
Журналист. Наттоқ. Вебнавис. Мутахассиси SMM дар Интернюс дар Тоҷикистон.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ