ДомойМедиалентаИқдом доир ба дастгирӣ ва пешбурди хизматрасониҳои иҷтимоӣ бахшида ба ҳимояи ҳуқуқи...

Иқдом доир ба дастгирӣ ва пешбурди хизматрасониҳои иҷтимоӣ бахшида ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар ОМ

Соли 2018 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар 80‑солагиашро ӣаҷлил мекунад. Лоиҳаи Internews дар Осиёи Марказӣ “Открытая Азия” иқдомро барои дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандӣ, ки ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар минтақа равона гаштаанд, эълон мекунад.

Лоиҳаи “Открытая Азия онлайн” омода аст, ки дар сомонаи худ ва сомонаҳои шарикон дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баннерҳои тарғиботӣ ва нашрияҳоро дар бораи хизматрасониҳои ҷамъиятӣ бо нишон додани рақамҳои хатҳои доғ барои гурӯҳҳои осебпазир, телефонҳои боварӣ барои ҳимояи ҳуқуқҳо ва хатҳои машваратӣ ҷой диҳад.

Лоиҳаи “Открытая Азия” баннерҳои тарғиботиро бо нишон додани номи хизматрасонии ҷамъиятӣ, сомона ва рақами телефон сохта, ҷойгир мекунад. Инчунин баннерҳо бо линки фаъол ба суроғаи электронии хизматрасонии ҷамъиятӣ дар интернет таъмин мегарданд.

Иқдом оид ба пешбурди хизматрасониҳои ҷамъиятӣ дар ВАО то моҳи марти соли 2018 давом хоҳад ёфт.

Дархостҳоро бо маълумоти мухтасар дар бораи ташкилоти худ, хизматрасонии ҷамъиятӣ ва маълумот барои тамос дар давоми моҳи декабри соли 2017 – феврали соли 2018 ба почтаи электронии роҳбари лоиҳаи “Открытая Азия” Евгений Дробязко YDROBYAZKO@INTERNEWS.ORG ирсол намоед.

Rustam Gulov
Rustam Gulov
Медиа-тренер ва мушовир, блоггер, асосгузор ва муаллифи сомонаҳои "ALIFBO.MEDIA" бахшида ба технологияҳои чандрасонаии нав ва Блогплатформаи "Blogiston.TJ".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ