Рузи Ҷаҳонии озодии матбуоти имсоларо, ки 3 май ҷашн гирифта мешавад, Тоҷикистон бо нишондиҳандаҳои бадтарин дар Осиёи Миёна пешвоз мегирад. Ташкилоти ҷамъиятии « Гузоришгарон бидуни марз» ба наздики гузориш нашр кард, ки аз руи «Индекси озодии матбуот» Тоҷикистон дар миёни 180 кишвар ҷои 161-умро ишоғл кардааст. Аз Тоҷикистон дида вазъи озодии сухан фақат дар Туркманистон бадтар аст. Дар омади гап,Туркманистон дар зинаҳои поёни рейтинг соли аввал нест, аммо Тоҷикистон фақат дар давоми як соли охир 12 мавқеъ поён рафтааст ва ками дигар мондааст, ки дар шумори аутсайдерони доимии рейтинг қарор гирад
Дар Тоҷикистон вазъи озодии суханро «Гузоришгарони бидуни марз» «мушкил» арзёбӣ мекунад, чунки кишвар алакай бо ранг сурх «ишора» шудааст. Агар рейтинги Тоҷикистон боз як зина поён равад, пас кишварро бо ранги сиёх ҷудо мекунанд. Ранги сиёҳ маънои онро дорад, ки вазъи озодии сухан дар ин кишвар « бисёр бад» аст.
Агар Туркманистонро ба ҳисоб нагирем, инҳо бадтарин нишондиҳанда оид ба озодии сухан дар Осиёи Марказӣ ҳастанд; Қирғизистон аз соли гузашта то кунун 18 зина боло рафта ҷойи 83-юмро ишғол кард. Узбекистон панҷ зина боло рафта ҷойи 160-умро ишғол кард. Қазоқистон як зина поён рафта, дар ҷойи 158-ум қарор гирифт.
Сабаби ба чунин ҳолат гирифтор шудани Тоҷикистонро муҳаққиқони «Гузоришгарони бидуни марз» дар масдуд кардани сомонаҳои иттилоотӣ ва қатъ кардани фаъолияти нашрияҳои «Озодагон» ва «Пайк» медонанд.
Ба ҳар ҳол, дар набудани озодии сухан дар Точикистон дигар сабабҳои амиқ ҳам таъсир доранд.
Муҳаққиқон куҷо нопадид шуданд?
Дар бораи он ки вазъият дар Тоҷикисон бад аст, «Гузоришгарони бидуни марз» аз миёнаҳои моҳи апрели соли гузашта хабар дода буд. Тақрибан яку ним моҳ пештар аз ин дар нашрияи хусусии «Фараж» таҳқиқоти журналистӣ дар бораи қудои президент Бег Сабур нашр шуд, ки номбурда роҳбари Хадамоти алоқа ҳам мебошад, . Мавод бо номи «Хонаҳое, ки Бег сохтааст» чоп гардида, дар он муаллиф дар бораи он нақл мекунад, ки чи тавр шахси дорои мансаби баланди давлатӣ ва қудои президент аз утоқи корӣ набаромада ба фуруши хонаҳо дар биноҳои нави шаҳри Душанбе машғул аст. Ширкати сохтмоние, ки амволи ғайриманқулро дар ихтиёр дорад аз писараш буда, ба хариду фуруши манзил баъзе аз ашхоси тобеи роҳбари Хадамот низ ҷалб карда шудаанд.
Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ
Барои омода кардани ин мавод ба рузноманигор зарур наомад, ки бойгониро кобад , ҳуҷҷатҳоро бардорад ва ё ки даҳҳо одамонро пурсупос кунад; чизе ки муаллиф навишт хабари ба ҳама маълум буд, ӯ танҳо гирифту ин хабарро расонаӣ кард. Мақола бо забони тоҷикӣ чоп шуда, дар муддати кутоҳ бо забони русӣ гардонда шуд. Бо муаллиф ва на бо нашрияи «Фараж» ягон ҳодисаи ғайриоддӣ рух надод. Роҳбари Хадамоти алоқа низ ба ягон мушкилӣ гирифтор нашуд. Ба ҳар ҳол, то ҳозир ҳама чиз дар ҷойи худаш аст.
— Аз мақомотҳои салоҳиятдор вокуниш набуд, гӯё ки ягон гап нашуда бошад,- мегуяд муаллифи мақола Ёқуб Ҳалимов. Гарчанде мо интизори вокуниш аз ҷониби онҳо будем. Барои хонанда ин мақола мисли раъду барқ дар рузи офтобӣ буд; ин қадар шарҳҳо, бознашрҳо, муҳокимаҳоро дар панҷ соли охир ман надида будам.
Ёқуб мегуяд, ки баъд аз навиштани мақола ӯ чанд вақт дар ҷустуҷуи майдон барои нашр кардани мақолааш буд, вале ногаҳон рӯзномаи «Фараж» розӣ шуда, мақоларо гирифт.
— Намекуштагистанд! Метавонанд ба суд диҳанд, албатта, ман мефаҳмам, вале ба ҳар ҳол чоп мекунам, – мегӯяд сардабири «Фараж» Хуршед Атоулло. – Боз чӣ кор карда метавонанд? Метавонанд аз мақомотҳои гунонгун, аз андоз сар карда то ниҳоди зидди сухтор омада санҷишҳо гузаронанд. Албатта, мо чанд бор вохуриҳои ғайрирасмӣ доштем ва ба ман фаҳмонданд, ки бояд қойдаҳоро риоя карда хати сурхро убур накунам. Алҳол,чунин менамояд, ки мо онро убур накардаем.
Барои «Фараж» ин таҳқиқоти аввалин нест , барои Ёқуб низ. Хуршед аз таҳқиқотҳое ёдрас шуд, ки дар бораи дуздӣ дар «Тоҷпромбонк», дар бораи ширкати истихроҷи тиллои «Зарафшон» ва комбинати истихроҷи маъдани «Анзоб» карда буданд. Ин мавод бисёр муҳокимаи шадид мешуданд, вале дар система ягон дигаргунӣ нашуд.
Хуршеди Атовулло, CABAR.asia
Ёқуб мегуяд, ки танҳо як маротиба баъд аз чоп шудани мавод «қаҳрамон»-и мақола наздаш омад.
— Омад ва хост, ки дар мақолаи дигар ӯро сафед кунам, ман рад кардам, ӯ ба таҳдид кардан шуруъ кард, аммо дар ниҳоят чизе нашуд. Вале фикр мекунам хатар вуҷуд дорад. Коршиносони хориҷӣ Тоҷикистонро ҳамчун биҳишт барои таҳқиқоти журналистӣ медонанд, мавзӯъҳо зиёданд, вале шахсони шуҷоъ кам ҳастанд,-мегуяд Ёқуб.
Чи гуна журналистон бо мақомот кор мекунанд
Ёқуб мегуяд, ки танҳо худаш ҳудуди 15 нашрияи маҳаллӣ ва хориҷиро медонад, ки мақоларо дар бораи Бег Сабур бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ чоп карданд. Аммо баъзеҳо аз бознашр кардан даст кашиданд. Масъалан, дар сомонаи нашрияи машҳури «Азия Плюс» ин матн вуҷуд надорад. Аз нашрия чунин посух доданд; таҳқиқотро ба он сабаб нашр накардем, ки кушишҳоямон барои гирифтани шарҳ аз ҷониби роҳбари Хадамоти алоқа бе натиҷа монда, вақти зиёдро аз даст додем ва баъдан аз нашраш худдорӣ намудем
Бо вуҷуди ин,таҳқиқотҳои журналистии дигар ҳам дар саҳифаҳои ин нашрия мушоҳида намешаванд, ҳарчанд маҳз «Азия Плюс» чанд сол қабл яке аз аввалинҳо шуда бо ин жанр кор карданро шуруъ карда буд ва мақолаҳои хеле ҷиддӣ нашр мекард.
Аз он давраҳо бисёр чиз иваз шудааст. Аммо новобаста аз муҳтавои оромаш , сомонаи «Азия Плюс» аз соли гузашта то ҳол баста аст. Дар баъзе мавридҳо мақомот ин басташавиро ба ҳолатхои техникӣ рабт дода, дар мавридҳои дигар умуман шарҳ намедиҳанд. Вақте нашрия кушиш кард, то аз ин ҳолати мушкил барояд(ва баромад) ва ба ҷои сомона, майдони «Яндекс.Дзен»-ро истифода кард , дар Тоҷикистони ин манбаъро низ бидуни тавзеҳ бастанд.
Asia-Plus
Аз соли 2012 нашрияи «Азия Плюс» тадриҷан баста мешуд. Бори охир сомонаро 29 ноябри соли 2018 бастанд, ки то кунун идома дорад. Баъзе ташкилотҳо ба ҷониби Тоҷикистон барои контрол кардани шабакаҳои интернетӣ муроҷиат карда буданд. Масъалан, охирин бор чунин муроҷиат аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятии «Гузоришгарони бидуни марз» ва « Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон» шуда буд , вале ин муроҷиатҳо бе ҷавоб мемонанд.
Яке аз сабаҳои басташавии сомонаи «Азия Плюс»-ро сардабири нашрия Умед Бобохонов дар далели рад кардани чопи маводе мебинад, ки «баъзе аз мақомоти давлатӣ» барои нашр пешниҳод карда буданд.
Воқеан ҳам, дар Тоҷикистон таҷрибаи ҳамкории журналистон бо мақомотҳои давлатӣ вуҷуд дорад. На танҳо миёни нашрияҳои хусусӣ, балки дар нашрияҳои хориҷие низ, ки дар ҷумҳури намояндагӣ доранд, мушоҳида мешавад. Дар моҳи марти соли 2019 нашрияи Eurasianet таҳқиқоти хурдеро оид ба фаъолияти «Радиои Озодӣ» ( намояндагии «Радиои Озодӣ» аз ҷониби конгреси ИМА маблағгузорӣ мешавад,бо буҷаи солонаи 1,6млн) тайёр намуд, ки тибқи он раҳбарияти намояндагӣ бо мақамотҳои давлатӣ ҳамкории зич дошта, ходимони давлатӣ дар раванди қабули қарорҳои дохилии нашрия дахолат мекардаанд. Масъалан, дар таҳқиқот гуфта мешавад; ҳар пагоҳи рузноманигорони «Радиои Озодӣ» мавзӯъҳои худро ба роҳбари намояндагӣ- Соҷидаи Мирзо пешниҳод мекарданд ва агар мавзӯъе хусусияти танқидӣ медошт «гузарондан»-и он хело мушкил мешуд.
Каме дертар, бо ин итттиҳом, Дейзи Синдлер – иҷрокунандаи вазифаи президенти «Радиои Озодӣ» (RFE/RL) қисман, рози шуд. У дар изҳороти худ гуфт, ки дафтари марказӣ фаъолияти намояндагиро санҷида ба хулоса омаданд, ки фаъолияти намояндагӣ дар Тоҷикистон ба стандартҳои қабулшудаи ташкилот мувофиқат намекардааст.
Аз ин пештар «Радиои Озодӣ»-ро ҳомиёни ҳуқуқи башари тоҷик, ки дар берун аз кишвар умр ба сар мебаранд, бо ғаразнокӣ айбдор карда буданд, баъдан иттиҳомҳои ба он монанд аз ҷониби олимони ғарб низ садо доданд.
Якуми апрели соли ҷорӣ директори бахши тоҷикии«Радиои Озодӣ»- Соҷида Мирзоро аз вазифааш озод карданд. .
Сензура ва худсензура
Сардабири гуруҳи расонаҳои «Азия Плюс» -Олга Тутубулина яке аз шуҷоътарин журналистон дониста мешавад. Масъалан , соли 2011 ба ӯ рузномаи «Миллат» унвони «Шуҷоътарин шахсияти сол» -ро дода буд. Аммо соли 2014 Олгаро суд ба маблағӣ қариб 6,4 хазор доллар(бо қурби соли 2014) ҷарима кард; изҳороти Ленинро, ки дар вақташ нисбати зиёиён гуфта буд(зиёиён мағзи миллат набуда, ахлоти миллатанд) , ӯ гирифта дар калонкаи худ ҷой ва нисбат ба зиёиёни давраи худ рабт дод. Ин муҳимтарин кори журналистии Тутубулина набуд; дар фаъолияти ӯ таҳқиқотҳои ҷиддӣ ва мусоҳибаҳои танқидӣ зиёданд, аммо ба суд ӯро маҳз барои гуфтани фикри шахсияш доданд.
Олга Тутубулина, шабакаи иҷтимоӣ
Акнун Олга қариб ки дигар наменависад.
— Пеш аз ҳама вақт барои навиштан надорам. Аммо ҳолатҳои худсезура ҳам ҳастанд. Бисёр мушкил аст, ягон мавзуъро бардоштан, вақте медонӣ,ки туро метавонанд барои ин ба суд кашанд. Ҳатто барои фикри шихсият –мегуяд Олга.
Аз он, ки на танҳо ӯ, балки қисми зиёди журналистони тоҷик аз худсензура пайгирӣ мекунанд , шубҳа надорад.
-Мо, алакай чанд сол мешавад, ки бо хоҳиши худ сензор шудем- сардабирон, рузноманигорон, моликони расонаҳо. Мо медонем, ки дар кадом мавзуъ навиштан мумкин аст, дар кадом не. Ин воқеъияти замони мо ҳаст. Гап дар сари на танҳо масъалаҳои сиёсӣ меравад, балки дар масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳам- мегӯяд Олга.
Ба ғайр аз журналистон, коршиносони мустақил ҳам акнун дастнорасанд –аниқтараш дигар вуҷуд надоранд, танҳо респондентҳои оддӣ, мақомдорони давлатӣ ва хадамоти матбуотиашон мондаанд. Дар ояндаи наздик бо ин боқимондаҳо низ кор кардан мушкил мешавад, чунки ҳафтаи гузашто хабари боздошт шудани сардори маркази матбуоти қушунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон подполковник Муҳаммад Улуғхоҷаев маълум гардид. Ӯ бо гумони ифшо кардани сирри давлатӣ таввасути мессенҷер, боздошт гардид. Баъд аз боздошт, вазири КДАМ Саймумин Ятимов ба вазорату идораҳои давлатӣ мактуб равон карда, огоҳ кард, ки «котибони матбуотӣ, бе ризояти роҳбаронашон,дигар ҳақ надоранд, ки иттилоотро ошкор намоянд ва ё бидуни иҷоза бо журналистон мубодила кунанд».
Ҳамин тариқ, журналистон дар Тоҷикистон бо вазоифи худ танҳо ба танҳо мемонанд. Ҳар як маводи ҷиддии журналистӣ, ин натанҳо натиҷаи кори як шахс аст, ғайр аз муаллиф ва нашрия нақши манбаъҳои иттилоот ва хонандае, ки мавод барои ӯ пешбинӣ шудааст, зиёд аст. Имрузҳо ҳатто матнҳои пурсарусадо аз ҳудуди шабакаҳои иҷтимоӣ ва шарҳи дохилии он берун намераванд. Ҳам манбаъҳо ва ҳам журналистон инро хуб медоданд. Оқилтарини онҳо беҳуда худро дар хатар гузоштан намехоҳад. «Ҳеҷ чиз тағйир намеёбад», -ин ягона узерест, ки дар Тоҷикистон имруз ҳама пеш меоранд.