ДомойМедиалентаРӯзномаи “ҷанҷолбарангезтарин» дар ҷануби Тоҷикистон чӣ менависад?

Рӯзномаи “ҷанҷолбарангезтарин» дар ҷануби Тоҷикистон чӣ менависад?

Сарфи назар аз он, ки рӯзномаи “Пайк” дар  ҷануби Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб нисбатан ҷавон буда, бо теъдоди се ҳазор нусха (ва сомонаи хел заиф) нашр мешавад,  чандин маротиба дар тамоми кишвар машҳур шудааст. Масалан, дар соли 2014 рузномаи “Пайк” бо қарори прокурори вилоятӣ баста шуд, дар соли 2015 —   ҷангиён аз Сурия   ба сузондани  тамоми кормандони рузнома таҳдид намуданд

«HP» бо муҳаррири «Пайк» Аҳмади Иброҳим  вохурда ва аз ӯ қиссаҳои гуногунеро шунид .

Кӯлоб шаҳри калон нест, дар ин ҷо каме бештар аз сад ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд, ки  тобистон аз сабаби гармӣ дар кӯчаҳо рузона қариб ба чашм намерасанд.  Танҳо дар атрофи бозорҳо  равуо ба назар мерасад. Як руз пеш, мо бо муҳаррири ҳафтанома- Аҳмади Иброҳим  мувофақа  мекунем, ки фардо соати 10 мулоқот мекунем, вале рӯзи дигар  соатҳои ҳашт ӯ занг мезанад, ки омодаи мулоқот аст

— Магар соати даҳ нагуфта будем?

— Чаро ин қадар дер ?

Баъдтар  дарк мекунем, ки ки кормандони нашрия (ва шояд тамоми шаҳр) соати шаш корро  оғоз мекунанд, то  соатҳои 9 заҳмат мекашанд ва табиист ки соатҳои 10 гуруснагиро эҳсос мекунанд. Аз ин рӯ, » соати даҳ» -и ман, дар ин ҷо, мисли мулоқот ҳангоми нисфирузӣ ба назар мерасад  ва мантиқаш он аст:  кӣ корро аз чошт шуруъ мекунад?

Дафтари  “Пайк”  дар як бинои фарсуда,  вале бо завқи меъморӣ бунёдшуда,  дар  бинои кинотеатри  куҳнаи  замони шуравӣ, ки дар болодевораш овезаи “Маркази ҷавонон” ба назар мерсад, ҷойгир шудааст. Дар атрофи «марказ» — сохтмони нотамомии майдони футбол ё парк идома дорад.

 

Дафтари рӯзномаи “Пайк” иборат аз  ду ҳуҷраи хурдакаки бо мизҳои чубин, курсиҳои гуногун ва як кати римии бо матои хокистарӣ пушондашуда аст  Дар  болои яке аз мизҳо, ба таври идона, шириниҳои гуногун,нушобаҳо  ва истаканҳои ашрофона  чун  дар хонаҳои тоҷикон, гузошта шудаанд.

Инҳо барои меҳмонон пешбинӣ шудаанд,зеро ба ин ҷо одамон аз  гушаву канорҳо –аз ноҳияҳо меоянд.

«Мо бо ҷомеа дар иртибот ҳастем, мо ҳамеша бо одамон ҳастем, — мегӯяд муҳаррири “ Пайк”-Аҳмади Иброҳим. — Ба наздикӣ  аз як ҷамоат омада, гуфтанд, ки замини сохтмонҳояшонро кашида мегиранд ва онҳо кумак мехоҳанд  Ва ман пурсидам: «Дар ҷамоататон чанд нафар ба рузномаи мо обуна шудаанд?». Ӯ гуфт, ки ду нафар. Баъд ман ба вай гуфтам: «Ва шумо акнун  мехоҳед, ки ман бо рақибонатон  мубориза барам? Шумо бояд дар бораи он, ки чӣ тавр ба рӯзномаи мо муроҷиат кунед, қаблан фикр мекардед. » Ҳамагӣ чанд руз пеш аз  Данғара 30 нафар ба  рузнома обуна шуданд. Мо ба мардум  мефаҳмонем, ки рӯзнома зарур аст, чунки ҳеҷ кас   чун мо  дарду алами шуморо ба болоҳо намерасонад.

Ба рӯзномаи ”Пайк” 2,5 ҳазор нафар  обуна буда, теъдоди нашраш 3 ​​ҳазор аст; 500 адад нусхаи дигар ба шаҳри Душанбе  фиристода мешавад, Бинобар ҳамин рӯзномаро дар шаҳри Кӯлоб ёфтан душвор аст. Аммо, Аҳмад Иброҳим мегӯяд, ки баъзан рӯзномаро дар фуруши чакана  дар Кӯлоб дидан мумкин аст, ҳарчанд редаксия онро ба фурӯшандаи маҳаллӣ пешниҳод намекунанд. Арзиши рӯзнома( ҳафтавор)  барои як нусха 1,5 сомонӣ (16 сент) ва обунаи солона 100 сомонӣ (10,6 доллари амрикоӣ) мебошад.

Чӣ гуна «Пайк» бо ИГИЛ мубориза бурд

Рӯзномаи «Пайк» дар Кӯлоб  соли 2013 пайдо шуда буд. Дар замоне, ки аксарияти васоити ахбори омма боварӣ доштанд, ки васоити чопӣ мурдаанд, маҷаллаҳои калон ба  онлайн  мегузаштанд, Аҳмад Иброҳим бо мақсади ба қайд гирифтани як рӯзномаи нав талош мекард.

«Ман дар давоми шаш моҳ давутоз  кардам, вале онҳо моро сабти ном намекарданд ва ҳам сабабшро намефаҳмонданд, — Дар охири онҳо,  ҷавоб доданд, ки сохтани нашрияи озод дар Кӯлоб ғайриимкон аст. Ва ман  пурсидам: «Шумо аз номи кӣ мегуед:  аз номи ҳукумат ё президент?» Ҳеҷ кас ба ман ҷавоб намедод. Ва ман ба Данғара — ба назди худо раҳматаш кунад, Нуриддин Раҳмонов рафтам ( Бародари президенти Тоҷикистон). Ва ман ба ӯ гуфтам, ки ба мо иҷозати сохтани рӯзнома намедиҳанд Ва ӯ гирифта … Хулоса, ӯ ба мо кӯмак кард ва онҳо ба мо сабти ном доданд.

Кӯмаки Нуриддин Раҳмонов  бо ҳамин хотима наёфтт. Гап сари он аст, ки  ВАО-и тоҷик дар бораи хешовандони Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат иттилоъ намедиҳад ва табиист ки ҳама гуна   ишорае  дар бораи онҳо боиси таваҷҷуҳ мегадад.  Нашри  аввалини рӯзномаи «Пайк” аз ин таваҷҷуҳи аудитория дастгирӣ намуда, мақолае дар бораи бародари президент  навишт.

Нуриддин Рахмонов, «Радио Озоди»

«Пас аз он ки Нуриддин Раҳмонов ба мо кӯмак кард, ман гуфтам, ки ҳоло мо бояд дар бораи ӯ нависем», — мегуяд  Аҳмади Иброҳим. – Вале  гуфтанд, ки ӯ ҳеҷ гоҳ  ва бо ҳеҷ кас мусоҳиба намедиҳад. Аммо ман гуфтам, ки мақолаи якум дар бораи ӯ хоҳад буд. Ду соат ман ӯро бовар кунондам ва охираш розӣ шуд. Ва ӯ мусоҳибаи якум ва охирашро дод ва ба ман тамоми хоҷагиашро   нишон дод. Ӯ хоҷагии пешқадам дорад — «Раҳмончон» — ки худаш онро идора мекард, ман бо чашмони худ дидам, ки чӣ тавр кор мекард. Ӯ марди хуб ва оддӣ буд,ман фикр мекунам, ки ӯ аз сиёсат дур буд. Т о ин дам  дар бораи ӯ дар инҷо  чи қиссаҳое ки намебофтанд….! Бинобар ин, ман мақолаи худро ин гуна сарлавҳа гузошта будам: «Оё дуруст аст, ки Нуриддин Рахмонов кординали сиё хаст?»  Ҳамаи  тираж ҳамзамон харида шуд.

Бо вуҷуди ин, шӯҳрати ҷумҳуриявии «Пайк» андаке дертар ба даст омад. Ин дар соли 2015 рӯй дод, вақте ба  муҳаррири рузнома аз Сурия занг зада , худро ҳамчун ҷангҷӯёни ДИИШ муаррифӣ карданд ва таҳдид карданд, ки дар наздиктарин рузҳо радексияро ба хокистар табдил медиҳанд. Ҳамаи ВАО-ҳои маҳаллӣ дар бораи ин ҳодиса навишта буданд.

Он вақт ҷангиёни беруна ба тарс додани одамон дар минтақа шуруъ карда буданд,-ба ёд меоварад Аҳмади Иброҳим.-Ҳама видеороликҳо  дар бораи қатлу  кушторҳои  ҳаросафканони ДИИШ-ро тамошо мекарданд, дар мо ҳам  байрақҳояшон пайдо шуданд, баъзеҳо  ба Сурия сафар карданд ва мавзуи суҳбат дар ҳама ҷо ҳамин буд. Мо  ба навишатни мақолаҳо дар бораи ҳақиқати ҳол шуруъ кардем.  Ҳамон вақт нафаре занг зада, худро Нусратулло Назаров муаррифӣ кард ва гуфт, ки бо лақаби Абу Холиди Кулобӣ дар Сурия меҷангад ва ба Кулоб барашта тамоми дафтари моро месузонад. Ман ба ӯ гуфтам, ки агар  ӯ ба Кулоб бармегардад ва пойи номуборакаш  ба ин  замин мерасад, маънои онро дорад, ки мо зинда нестем. Барои сухтан касеро пайдо намекунад. Баъдан ҳеҷ чизе рух надод.

Чӣ гуна «Пайк» бо прокурор мубориза бурд

Аммо ҳолати таҳдид аз Сурия  танҳо  ягона иттилооте набуд, ки ҳамкорони душанбегии Аҳмад Иброҳим мушоҳида карданд. Соли 2014 нашрия бо қарори прокуратураи вилоятӣ баста шуд.

-Зеро мо барои тамдид кардани сабти номи рузнома таъхир кардем Ман  фикр мекардам, ки мо ба муддати як сол ба қайд гирифта шудаем, вале моро  панҷ моҳ ба қайд гирифта будаанд. Аммо баъд ман фаҳмидем, ки прокуратураи моро барои он  хеле зуд бастааст,ки мо занеро танқид кардаем, ки бо прокурор алоқаманд буд. Вақте  мо аз нав ба қайд гирифта шудем,  мо дар бораи он ки чӣ тавр прокурор “Пайк”-ро ба хотири ҳамсояш баста буд,  мақола нашр кардем.

Илова бар мавзуъҳои   миқёси умумиҷумҳуриявӣ, дар атрофи нашрия ҳам баҳсҳои ҷудогона сурат мегиранд, ки  аксаран бо муроҷиати сокинони маҳаллӣ, ки адолат мехоҳанд, рабт доранд.

-Боре ҷавонзани лоғарандоме, ки гирифтори бемории сил  буд ва кудакони хурдсол дошт, ба  редаксия омад, — мегӯяд Аҳмад Иброҳим. — Вай гуфт, ки  дар кудакиаш ӯро пиру кампираки бегонае фарзандхонда карданд ва  то замони маргашон онҳоро парсторӣ кард ва пас аз марги онҳо фарзандонашон  омаданду ӯро аз хона пеш карданд. Кушиш кардааст, ки  ба милиса муроҷиат кунад, аммо уро бештар лату куб карданд. Дар ноҳияи Восеъ ҳодиса руй дода буд..Худатон бигуед, оё фурсати як ҳафта интизор шудан, яъне то нашри навбатии рузнома ҳаст? Ман фавран  раҳсипор шудам то бо  милитсионерон ва   он фарзандон масъаларо  ҳал кунам. Ва ҳаллу фасл кардам.

— Пас,  барои шумо ҳатто дар бора навиштан ҳам лозим наомад?

— Не.

— Аммо ҳолатҳое ҳам буданд, ки масъла баъди навиштан ҳал шуд?

— Беш аз  чандин маротиба… Ин яке аз ҳолатҳои охирон аст: як оила ба мо муроҷиат кард,ки  онҳо ҳама нобино  будаанд, дар як кулбаи хунуку тангу тор бидуни нафақа, дар ноҳияи Восеъ зиндагӣ мекарданд. Ман рафта ин манзаро дидам,ҳарчанд чандон эҳсосӣ нестам, вале  гиря кардам  Мо мақолае  навиштем, ки баъд аз он Ҳокимияти иҷроия барои онҳо хона сохт ва  нафақа ҷудо кард.

Чӣ гуна «Пайк» бо як майор мубориза бурд

Аҳмад Иброҳим мегӯяд, ки ҳамаи рӯзноманигорони ҷавонро ба далерӣ ва аз касе натарсидан таълим медиҳад.  Бо вуҷуди он, ки дар Тоҷикистон ва дар дигар кишварҳо ҳам касби журналист дар байни ҷавонон машҳур нест, идораи нашрияи ”Пайк пур аз ҷавонон аст . Аксарияти ҷавононписарон кор мекунанд ва “ Пайк” барои риояи тавозунӣ гендерӣ дар ҷустуҷуи бонувони  ҷавони  рузноманигор аст.

— Ман муаллифонро худам меёбам. Дар ин ҷо, масалан,  як ҷавон ҳаст, ки  ӯро дар кӯча ёфтам », — мегӯяд Аҳмад Иброҳим ба ”НР”. — Ман ӯро дар саҳни донишгоҳ медидам, ки  ҳамеша танҳо менишаст, бо касе сӯҳбат намекард, ман ба наздаш рафта ба идора даъват кардам. Маълум шуд, ки ӯ падар надорад, модараш  ва бародараш ҳам маъюбанду  танҳо амакаш ба онҳо кумак мекунад  Ман ӯро ба кор гирифтам ва дар оғоз гуфт, ки ӯ навиштан наметавонад ва метарсид, ки ҳеҷ гоҳ  хуб навиштан  наметавонад. Бо вуҷуди он ки бисёр азоб кашидам, навиштанро ёдаш додам. Шарт ҳамин буд: рузе  ду соат дар редаксия будан   Бисёриҳо дар Кӯлоб  рӯзноманигориро меомузанд , аммо ба дарде намехуранд. Ба назди меоянд ва “одам” мешаванд.

Маҷмуан дар редаксия 12 рузноманигор  кор мекунад, ва  сад нафари дигар аз ноҳияҳо бо мо ҳамкоррӣ доранд ва гоҳ гоҳ аз аз гушаҳои дурдаст  ба мо хабару мақолаҳо  мефиристанд. Воқеан, редаксияи рузномаи “Пайк” иштирокчии лоиҳаи Интернюс- “Журналистони шаҳрвандӣ” гардид ва акнун тасмим гирифтааст, ки корро бо шабакаи журналистони шаҳрвандӣ хуб ба  роҳ монад.

Мавзуи мақолаҳо гуногунанд-таҳсилот,тандурустӣ,иқтисод ва ҳамчунин аз рузгори одамони оддӣ.

Аз  Ахмади Иброҳима  хоҳиш мекунем, ки се матнеро ба ёд оварад, ки аз онҳо махсусан ифтихор дорад ва якеашон бевосита аз зиндаагии мардум бошад.

— Ман аз мақолаҳои зиёде ифтихор дорам, вале кушиш мекунам сеторо ба ёд орам. Масалан, мақолаи «Масеҳӣ шавед»,  дар бораи он, ки дар арафаи Рамазон тоҷирон нархро боло мебаранд, гуруҳҳои мофиозӣ ба ҳам маслиҳат мекунанд ва нархро мебардоранд. Ман дар мақола гуфтам” Аз мусулмонӣ канор равед ва масеҳӣ шавед, агар шумо чунин касонед”. Боз як  мақола буд бо номи «Маршировка ё ки дрессировка?» —  дар бораи он, ки донишҷуёнро ним сол бардоштани плакатҳо ва саф кашида роҳ рафтанро меомузонанд, охир дар ин муддат хирсро омузондан мумкин, онҳо одамонеро меомузонанд., ки бояд илм биомузанд.  Ва мақолаи сеюм бо номи “ Майори милитсия ҷиҳод барои курпачаро шуруъ кард”.

Боре ба наздамон нафаре бо рутбаи майор омад, ки корманди маҳбасе будааст ва хоҳиш кард, ки мақолае дар бораи ҳамсари писараш, ки ҷудо шудааст, ва молу ҷиҳозашро гирифтан мехоҳад бинависем ва майор онҳо бари он додан намехоҳад , ки дар вақташ қалин дода будааст. Ман ба ӯ гуфтам, ки руйхати ҳамон молу ҷиҳозро навишта биёрад. Худи ҳамон руз зане бо ҷавондухтараш назди мо омаду шикоят кард, ки қудо ва домодаш духтаракро латукуб карда, аз хона рондаанд ва чизҳояшро ҳам намедиҳанд. Дар зиндагӣ ин духтарак ба ғайр аз ҳамон курпачаву косаву табақаш чизи дигаре надорад. Рузи дигар майор руйхатро овард, ман уро шамсор карда  аз дар  берун кардам ва матне навиштам, ки чи тавр  майор барои курпачаҳо меҷангад. Уро аз кор гирифтанд. Дар чунин ҳолатҳо эҳсос мекунӣ ки беҳуда зиндагӣ намекунӣ.

Дар бораи он ки редаксияи “Пайк” беҳуда зиндагӣ намекунад, сокинони маҳаллӣ ҳам  муътақиданд. Онҳо то ҳол ба ҳокимияти чорум будани рузноманигорон бовар доранд –ба ҳокимияте, ки дастрастар аст ва ба он муроҷиат кардан мумкин аст, агар ба додатон касе намерасад. Баъзан корашон омад мекунад ва мушкилот ҳал мешавад, вале ғолибан на,-  дар он ҳол танҳо дарди дил кардан имконпазир аст ва шикоят кардан аз зиндагии вазнини минтақа, ки гармо дар тобистон то +50  мерасад ва рузи корӣ оғоз нашуда, амалан, ба анҷом мерасад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ