Шуруъ аз тобистони соли равон дар YouTube — канали тоҷикии ZamonaviMedia ҳар ҳафта як қисми силсилафилми «Ишқ, пул, #Душанбе» нашр мегардад. Онро коргардони ҷавон Набиҷон Пирматов ба навор гирифтааст, ки дар силсилафилм ӯ ҳам сенариянавис, продюсер ва ҳунарпешаи асосӣ мебошад. Сарфи назар аз он, ки ҳар як қисми филм 20 дақиқагӣ тӯл мекашад, сужа сода ва аксари нақшҳоро вебнависон, сарояндагону дигар ҳунармандони ғайриҳирфаӣ бозидаанд. «Ишқ, пул, #Душанбе» аз тарафи мардум хуб пазируфта шуда, иқтибосҳо ба даҳони мардум рафтаанд. Манижа Қурбонова, мунаққиди “Новый репортер”низ чанд қисми силсилафилмро тамошо карда, мавод омода кард.
Мардҳо дар бораи чӣ орзу мекунанд?
Сужаи силсилафилм ин гуна аст: як гурӯҳ мардони муҷаррад ба ҳам омадаанд. Қаҳрамони асосии филм – Шоҳрух (Набиҷон Пирматов) бо бародари бузурги худ Қурбон (Шуҷоат Ҷалолиддинов) ва падараш (Ғаниҷон Олимов) дар як хонаи хоксорона дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад. Мушкилоти асосӣ ин норасоии пул аст ва кулли сужаи силсилафилм дар атрофи ба даст овардани маблағ ҷараён мегирад.
Шоҳрух як бачаи одӣ аст, ки мехоҳад дӯстдухтаре пайдо карда, ба монанди Стив Ҷобс ва ё ҳадди ақал Саидмурод Давлатов сарватманд шавад. Аксҳои ин ду кас дар болои кати Шоҳрух овезон аст. Бародари 32-солаи ӯ бошад, акси классикони назми тоҷикро ба девори худ овехтааст. Ӯ ҳамзамон дар мактаб дарс медиҳад, бештар илм меомӯзад, соатҳо дар китобхона менишинад ва орзуҳои бузург карда, муҳаббати беандозаро орзу мекунад. Вале дар муносибат бо занон хеле шармгин аст.
Умуман, пас аз ҳафт қисми аввали тамошо, мо метавонем ба хулосае биёем, ки ҳалли мушкилиҳо зуд ба анҷом намерасад. Зеро интизор меравад, ки қаҳрамони асосӣ ба Рияна (Амина Ҳафизова), ки ӯро ғорат карда буд, ошиқ шавад. Дар ҳоле, ки мо дур нарафтаем, мехоҳам илова кунам, ки ҳарчанд Пирматов як ҳунарманди ҳирфаӣ ҳам нест, нақши асосии филмҳояшро («Арӯси замонавӣ», «Домоди замонавӣ») танҳо худаш иҷро мекунад. Ва дар маҷмуъ, нақшҳои зиёдеро (ман ҳис мекунам, ки шумораи онҳо дар серия зиёд хоҳад буд) ҳунармандони ғайриҳирфаӣ иҷро мекунанд.
Дар ҷараёни филм шумо дӯсти Шоҳрух Ҷомӣ-Ҷонӣ (вебнавис Рафаэл Гулов), зани соҳибкор Карашма (вебнависи инстаграм Сабринаи Назрӣ), мухлиси ӯ Беҳрӯз (барандаи телевизион ва радио Беҳрӯз Насриддинов), бародари Карашма — соҳибкор Сардор (шоумен Беҳрӯз Зеваров), як ҳамсинфаш (сароянда Чоршанбе Аловатов) -ро мебинед , ки бо навбат дар силсилафилм ҳозир мешаванд. Ба мисли як шабнишинии воқеие, ки дар Душанбе ҷамъ меоянд. Мубориз Усмонов — ровии маъруфи радио, ҳунарманд, ки ҳамзамон директори «Love radio» аст, дар силсилафилм нақши худашро мебозад. Ҳамзамон дар силсилафилм Мубориз як мухлисе дорад, ки хеле ғайриодӣ аст.
Дар назари аввал филм сода метобад: нахуст чунин намудор мешуд, ки ҳунармандон нақшҳои худро бо як сахтгирӣ, вонамудии сохтакоронаву ороиши арзон, кӯшиши бо забони адабии тоҷикӣ ҳарф задан мебозиданд. Дар қисматҳои баъдӣ бошад, онҳо оромтар гардида, нақшбозиашон ранги дигар гирифт. Масалан, онҳо бо лаҳҷаи ҷанубӣ суҳбат карданро оғоз карданд, ки аксарияти ҷумҳурӣ истифода мебаранд ва онро дар телевизиону кино шунидан ғайриимкон аст.
Ҳамзамон қаҳрамонон ба ҳазлу шӯхӣ сар карданд, ки он шӯхиҳо ба мушкилоти доғи рӯз рабт дошт. Масалан, қаҳрамони асосӣ Шоҳрух дар як лавҳаи филм мегӯяд, ки бачаҳои тоҷик барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ се усулро истифода мебаранд — онҳо барвақт издивоҷ мекунанд, ба донишгоҳҳо дохил мешаванд ва ё аз кишвар барои кор кардан, мераванд. Ин дар ҳақиқат чунин аст. Саҳнаи норасоии пул ба қаҳрамонҳо ва гаштугузори онҳо дар гаравхонаҳо барои аксари тоҷикон ошно аст.
Дар мавриди ҳунармандони касбӣ Моҳпайкар Ёрова (модари Мадина), Абдулмӯъмин Шарифзода (падари Рияна), Исфандиёр Ғуломов (фурӯшандаи моли дуздӣ) ба ин касти силсилафилм шомиланд. Аммо ин ҳама нақшҳои ёрирасон мебошанд.
Чеҳраи шинохта барои бисёре аз тамошобинон — ҳунарманди касбӣ Шуҷоат Ҷалолиддинов дар нақши Қурбони айнакпӯш гардид, ки дар ин силсилафилм лақаби Гарри Поттерро гирифтааст. Дар шарҳҳои YouTube бошад, тамошобинон ӯро Ҷаноб Бини тоҷикӣ ном гузоштанд. Ҳарчанд ки ҳунарманд 12- соли таҷрибаи корӣ дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дорад ва дар 17- филм нақш офаридааст (!), ба тамошобинон маҳз дар симои ботаник — Қурбон шинохта шуд. Ӯ ба тамошобинон чунон писанд омад, ки акнун онҳо пас аз ҳар як қисм суханони ҷолибтарини ӯро дар шарҳҳо иқтибос меоранд. Масалан, пас аз кӯшиши номуваффақи хостгории Мадина, ӯ хушдомани ояндаи худро ба бародараш чунин тавсиф мекунад: “Ҳами занак мара шушт, тарм кад, қоқм кад, офтобм кад, ҷавобм дод”. Ҳоло ин ибораро ҷавонони Душанбе дар суҳбат миёни ҳамдигар истифода мебаранд.
Агар дар бораи меъёрҳои забони тоҷикӣ дар филм ҳарф занем, пас бояд қайд кард, ки меъёри забони адабии тоҷикӣ дар он ҷо умуман риоя карда намешавад. Ва ин ба тамошобинони филм писанд аст. Онҳо дар шарҳҳои филм менависанд — Худоро шукр, ки дар филм забони адабии мураккаб истифода бурда намешаваду содда ва фаҳмо аст ва бозигарон ба таври сунъӣ ҳарф намезананд. Ҳамзамон як корбар дар шарҳҳо навиштааст, ки дар сарзамини бегона ба шарофати ин филм ҳадди ақал забони модарии худро ба ёд меорад.
Синамо аз таҳти дил
Нуқтаи асосии пурқуввати силсилафилми «Ишқ, пул, #Душанбе» — интерактивии он мебошад. Аз рӯйи шарҳҳо, ки бинандагон «кино от души омадагияй» навиштаанд, натанҳо интизори ҳар як қисм мебошанд, инчунин дар бораи қисматҳои мусбат ва манфии он мегӯянд, балки кӯмаки худро ба эҷодкорон пешниҳод мекунанд. Истифодабарандагон ба муаллифони силсилафилм муроҷиат мекунанд: «Шумо метавонед рақами кортро партоед, ман як қисми онро маблағгузорӣ мекунам!». Ё: «Маро ба ҳайси ронандаи таксӣ гиред, ман шуморо ройгон ба ҷои заруриатон мебарам.» Ва он чизе, ки бисёр хуш аст – маркази продюсерӣ, ки муаллифони канали Zamonavimedia мебошанд, фавран ба ҳамаи саволҳои корбарон посух медиҳанд ва бо онҳо силсилафилмро баррасӣ мекунанд. Бояд гуфт, ки канали Zamonavimedia тақрибан 30 ҳазор муштарӣ дорад ва ҳар як қисми филм зери 200 ҳазор тамошо мегирад, ки ин барои сегменти тоҷикии YouTube нишондиҳандаҳои хеле хуб аст.
Шояд аз сабаби ошкорбаёнии муаллифон шарҳҳои корбарон бештар мусбатанд. Мардум ба эҷодкорон барои корашон самимона ташаккур мегӯянд. Бояд қайд кард, ки аудиторияи асосии Ютуби сегменти тоҷикӣ — муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки берун аз кишвар ҳастанд ва ба интернети арзон дастрасӣ доранд. Ҳамчунин бояд гуфт, ки як бахши назарраси тамошобинони силсилафилми «Ишқ, пул, #Душанбе» муҳоҷирон мебошанд. Ба онҳо қисса аз ҳаёти бачаҳои одии Душанбе хеле писанд омадааст.
Дар шарҳҳои яке аз қисмҳо корбар навиштааст, ки силсилафилмро аз СИЗО-и Маскав тамошо мекунад. Дигаре менависад, ки ӯ аз номи 50 тоҷике, ки дар яке аз сохтмонҳои Санкт-Петербург кор мекунанд, интизори идомаи филм буданашонро менависанд. Дар ҳар як қисмат, ба ҳамватаноне, ки ватани худро пазмон шудаанд, имконият дода мешавад, ки филми Душанберо аз нуқтаи назари парранда дар фосилаҳои дур — ҳам дар рӯз ва ҳам дар шаб бубинанд. Шаҳре, ки мардуми одӣ медонанд ва бо забони фаҳмо ҳарф мезананд.
Яке аз шарҳнависандагон ба таври умум иқрор мешавад, ки аз атласу чакан ҳамчун рамзи миллӣ хаста шудаасту мехоҳад чизи наздикро дар бораи ҳаёти воқеӣ бубинад.
Бе гуфтани камбудӣ
Ҳамзамон дар силсилафилм шумораи зиёди таблиғот ба назар мерасад. Пеш аз ҳар як қисмат, муаллифон сарпарастони худро номбар мекунанд. Филм пур аз ҳамгироии таблиғотӣ аст: қаҳрамонҳо нохост дар бораи мавзуъе суҳбат ороста, ягон брендро таблиғ мекунанд. Барои мисол, вақте сухан дар бораи он меравад, ки аз куҷо қарз гирифтан мумкин аст ё арақи тамғаи муайян ҳамеша дар яхдон ҷойгир аст. Воқеан, чунин муҳтавои таблиғотӣ дар мундариҷаи тоҷикӣ тақрибан вуҷуд надорад ва истеҳсолкунандагони он, чун қоида, аз набудани лоиҳаҳои тиҷоратӣ шикоят мекунанд. Дар силсилафилми «Ишқ, пул, #Душанбе» ҳамкории тиҷоратӣ пурра аст — шояд барои ҳамин ба худи рекламадиҳандагон ҷолиб аст, ки минбаъд чӣ мешавад.
Аммо, муаллифон дар як мусоҳиба бо рӯзноманигорон эътироф карданд, ки ба наворгирии як филм кори арзон нест ва ҳатто чунин миқдори зиёди таблиғот ҳанӯз ба эҷодкорон имкон намедиҳад, ки чизе ба даст оранд: ҳама чиз ба кор равона карда шудааст.
Қисмҳои 20-дақиқаӣ, ки тамошобинон аз он шикоят мекунанд ва барои дароз кардани қисмҳо хоҳиш мекунанд, дарк кардан мумкин аст: наворгирӣ дар давоми як ҳафта сурат мегирад, вақте ки ҳунармандони ҳаваскор (дар ҳоли ҳозир — ройгон) дар байни кори асосии худ вақт ёфта, ба сӯйи наворгирӣ медаванд. Муаллифон қисмати навбатиро танзим мекунанду ба тамошобинон пешниҳод карда, сипас барои сужаҳои минбаъда омодагӣ мебинанд. Чун муаллифон 100 — қисм барои тамошобинон ваъда додаанд!
Дар маҷмуъ, ин як силсилафилме гашт, ки ба тамошобинони одии тоҷик писанд омад. Зеро қаҳрамонҳои силсилафилм ҳамон бачаҳо аз ҳавлии ҳамсоя мебошанд, ки ҳар рӯз онҳоро дар кӯчаҳои Душанбе дидан мумкин аст. Ва иҷрокунандагонро низ. Тамоми муваффақияти силсилафилми нави тоҷикӣ дар соддагии он аст. Ҳоло фақат ҳамин.