Вақтҳои охир дар Осиёи Марказӣ лоиҳаҳое пайдо мешаванд, ки метавон лоиҳаҳои занона номид. Ин як раванди душвор, вале хеле муҳим аст.
— Чаро тарҳҳои расонаӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ чунон муҳиманд? Зеро олам тағйир меёбад ва расонаҳо бояд дар ин бора нақл кунанд. Дирӯз азоби касе ҳамарӯза буд, имрӯз бошад ин ғайри қобили қабул аст. Аммо барои аз чизе даст кашидан, одамон бояд дар бораи он ҳар чӣ бештар омӯзанду бигӯянд.
Дар расонаҳои мо занон мавзуъҳоеро матраҳ мекунанд, ки танҳо барои онҳо маълум аст. Мавзуъи таъқиб ҳамеша буд. Занон хеле хуб медонанд, ки ин чӣ аст. Табиист, ки онҳо аввалин шуда дар ин бора ошкоро сӯҳбат карданд. Инчунин мегӯянд, ки набояд ин гуна бошад ва ба гӯш кардани онҳо шурӯъ карданд. Албатта, фавран не; ин раванд ҳанӯз идома дорад, аммо хишти аввал гузошта шудааст, — мегӯяд Марина Михтаева, намояндаи Интернюс дар Қазоқистон.
То чӣ андоза аудитория ба қабули «муҳтавои занона» омода аст, муаллифони тарҳҳо дар марҳилаҳои гуногуни татбиқи онҳо бо чӣ гуна мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд, дар куҷо қувва ва захираҳоро барои кор ҷустуҷӯ кардан лозим аст — ин ва дигар мавзуъҳоро иштирокчиёни шабнишинии занонаи расонаии «Қувва дар чист, хоҳар?» баррасӣ карданд. Ҷаласа тариқи бархат (онлайн) дар доираи ҷашнвораи Internews — MediaCAMPFest баргузор гардид.
Маҳпора Киромова, ровии лоиҳаи «Қувва дар чист, хоҳар?» (силсилаи мусоҳибаи видеоӣ).
— Пеш аз оғози лоиҳа, мо муҳтавои тарҳро дар нашрия муҳокима кардем: мардони нашрия мегуфтанд, ки муҳтаво бояд сабук бошад. Маҳсулоти хӯрока, интихоби мактаб ва ғайра. Аммо дар ниҳоят мо тасмим гирифтем: дар бораи мушкилоте сӯҳбат хоҳем кард, ки занон ва тамоми ҷомеаро ба ташвиш овардааст.
Ҳамагӣ 12 шумора нашр кардем. Мо дар бораи мавзуъҳои гуногун сӯҳбат кардем. Тарҳ бори дигар нишон дод, ки ифшогариҳо дар мавзуъҳои мубрам барои аудитория хеле муҳим аст. Бисёриҳо бо тарси фишор овардан, бо фаҳмиши нодуруст зиндагӣ мекунанд. Пас аз баромади мо, шуур тағйир меёбад. Ва ман боварӣ дорам, ки чунин маҳсулот бояд бештар бошад.
Хулосаи муҳими Маҳпора: бисёр чиз аз забон вобастагӣ дорад. Агар тарҳ бо забони тоҷикӣ мебуд, аудитория боз ҳам бештар мешуд.
Гульмира Кусаинова, Manshuq Media.
— Вақте мо лоиҳаро оғоз кардем, ба мо гуфтанд, ки мо аз ҳад ҷиддӣ ҳастем. Зӯроварӣ, мушкилоти хонагӣ — мо ин мавзуъҳоро аз дигар нашрияҳои занона шунидаем.
Мо бо тими корӣ тасмим гирифтем, ки бояд дар мавзуъҳои барои мо муҳим қисса кунем. Ва соли сеюм, маълум шуд, ки мавзуъҳои мо махсусан муҳиманд. Баъдан онҳое, ки қаблан тартиби дигаре мегуфтанд, инро дарк карданд.
Қувва дар он аст, ки мо ҳама чизро хуб ва дуруст иҷро мекунем. Дастгирӣ низ хеле муҳим аст — дастгирии занон барои якдигар. Қувва дар дохили мост! Мавзуъҳои марбут ба алоқаи ҷинсӣ ва тарбияи духтарон барои аудитория, махсусан дар шаҳрҳои хурд, хеле ҷиддӣ қабул карда мешавад. Аммо таваҷҷуҳ ба ин мавзуъҳо вуҷуд дорад. Ин маънои онро дорад, ки ин мавзуъ муҳиму зарур аст.
Анастасия Черепанова дар шаҳри Тошканд намоише таҳти унвони «Он вақт чӣ либос ба бар доштӣ?» баргузор кард. Экспонатҳои асосии намоиш либосҳое буданд, ки қурбониён ҳангоми хушунат дар тан доштанд. Ин намоиш соли 2013 — бори аввал дар Амрико доир шуд ва дар оғози соли 2020 ба Ӯзбекистон ҳам расид.
— Ман тарсидам, ки вокуниши манфӣ мешавад. Аммо моро васоити ахбори омма ва микроблогерҳои маҳаллӣ дастгирӣ карданд. Намоиш оромона гузашт. Мо ба намоиш гӯшаи «девори ашк» илова кардем. Меҳмонон метавонистанд, ки дар он ҷо қиссаҳои худро ба стикерҳо навишта, часпонанд. Ва он ҷо пур аз стикерҳо гардид. Занону мардон моро дастгирӣ карданд. Ин мавзуъҳо дар ҷомеаи мо кам мавриди баррасӣ қарор мегиранд, умедворем, ки намоиш вазъро тағйир медиҳад.
Алтын Капалова, ҳамоҳангсози намоишгоҳи феминналеи Бишкек:
Мо намоишро худамон ташкил кардем. Ба ин мавзуъ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир кардем. Мо аз 22 кишвар ва зиёда аз 50 мавод аз тамоми рӯйи олам ба намоиш гузоштем. Ин комёбии мо буд, ки ин қадар рассомон ба мо пайвастанд. Мо дар бораи якчанд мавзуъҳо — зӯроварӣ, нақшҳо, муносибатҳо, занон ва кор суҳбат кардем. Ва пас аз хуб гузаштани Фемминал — бисёр рассомон бар зидди зӯроварӣ мавод омода карданд.
Алиса Масалёва, тарҳи «Не проходите мимо». Лоиҳа ба мушкилоти хушунати хонаводагӣ дар Қазоқистони Ҷанубӣ бахшида шудааст.
— Ҳар тарҳе, ки ман дар бораи он шунидам, саривақтианд. Ва дар ҳамаи он ноумедиро эҳсос мекунам. Ҳамавақт кӯшиш мекунанд, ки мо «хомӯширо ихтиёр кунем”. Дар ҷануби Қазоқистон, дар бораи зӯроварӣ гуфтан осон нест. Вақте ман тарҳро оғоз кардам, ба таҳлил шурӯъ кардам: чаро ин ҳодиса рӯй медиҳад? Аз мақомоти маҳаллӣ талаб мекарданд, ки ҷараёни тарҳро қатъ кунам. Маълумоти ман бо маълумоти расмӣ мувофиқат намекард. Маълум шуд, ки дар минтақаи мо ягон созмони занон вуҷуд надорад, ки воқеан ба онҳо кӯмак кунанд.
Бадтарин чизе, ки ман дар вақти амалӣ кардани тарҳ дарк кардам, ин то чӣ андоза ҳуқуқи занони деҳа поймол карда мешавад. Бо камсаводии умумии онҳо – набудани саводи ҳуқуқиву рақамӣ. Ин хеле бад аст. Вале ман намедонам, ки мо ин пастиро бартараф карда метавонем ё не. Аммо якҷоя кӯшиш кунем, пас имконият ва умед ҳаст.
Гулнора Амиршоева аз Тоҷикистон, арт-тарҳи «Хонае, ки дар он дарди фаромӯшнашаванда зиндагӣ мекунад”.
— Дар кишварҳои мо мавзӯи хушунати хонаводагӣ мисли ҷаҳон қадимист. Баъзан мо фикр мекунем: то кай идома меёбад? Аммо боз ҳам идома меёбад ва мебояд, ки дар бораи ин мавзуъ такрор ба такрор сӯҳбат кунем. Лоиҳаи мо фавқулода рӯйи кор омад. Хонаи интерактивие, ки дар он ашёи қаҳрамонҳо ҷамъоварӣ шудааст. Ҳар як зан дар хона чизе дорад, ки барояш хеле азиз аст.
Аммо вақте мо ба хонаҳои қаҳрамонони тарҳ рафтем, дидем, ки он ҷо холист. Хонаи холӣ. Рӯҳи холӣ.
Инчунин мо дар лоиҳа дар бораи қонунҳо, машваратҳо, тавзеҳоти зиёд ҷамъоварӣ кардем. Ҳеҷ кас лоиҳаи моро маҳкум накард. Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам занону ҳам мардон дастгирӣ карданд.
Ирина Матвиенко, рӯзноманигор аз Ӯзбекистон, муассиси тарҳи #немолчиuz:
— Бадӣ қудрат надорад. Агар мо дар бораи мушкилот нагӯем, он ҳалли худро намеёбад. Ман тарҳро моҳи июли соли 2017 оғоз кардам. То он вақт кӯшиши ҳалли мушкилоти занон бенатиҷа монда буд.
Ин идеяро муддати дароз баррасӣ кардам ва баъдан дар Facebook саҳифае кушода, давоми шаш моҳи аввал онро махфӣ пеш бурдам. Дар Ӯзбекистон дар бораи хушунат кушоду равшан гуфтан ба оқибати хуб намеорад. Ҳолатҳое буданд, ки занон барои ба миён гузоштани ин мавзуъ аз кор ронда шуданд.
Мавзуъ дар тамоми Осиёи Марказӣ мамнуъ аст. Баъзан вақт, ман низ дилгир шуда, тағйироти фавриро мехоҳам. Хеле ғамгинам, ки дар сатҳи давлатӣ ҳама чиз ба афсона монанд асту хомӯш. Аммо ман фикр мекунам, ки мо метавонем якдигарро дастгирӣ кунем. Мо ва аудиторияи мо. Ман мехостам, ки чунин лоиҳаҳо ҳар чи бештар бошанд – овози якҷояи мо шунида мешавад.
Сайрам Нодиршоева, Роҳбари лоиҳаи Booms.tj:
— Идеяи тарҳи мо ин гуна буд: духтарон ва занон аз таҷрибаи худ дар соҳаҳои гуногун ба дигарон қисса мекунанд. Яке аз бахшҳо дар бораи таъқиб дар кӯча буд. Қаҳрамонони мо хеле фарқ мекунанд. Аммо ҳар кадоми онҳо дар кӯча як чизро ҳис мекунанд — ҳуштак, суханҳое, ки онҳоро паст мезананд. Ин ба зиндагӣ халал мерасонад — духтарон бо гӯшмонакҳо мегарданд, айнак мепӯшанд ва кӯшиш мекунанд, ки ҳар чӣ дуртар аз ин гапҳо бошанд. Ва аксуламал мусбат набуд — зан бояд дар хона бишинад. Ин айби худи занҳост.
Мо ба чӣ ноил шудем? Ба муҳокимаҳо. Тарҳҳои дигаре пайдо шуданд, ки дар бораи таъқиби кӯчагӣ сӯҳбат мекунанд. Ва ин аллакай хуб аст.
Ниссо Расулова, рӯзноманигор, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон. Аксарияти мавзӯъҳои маводҳои Нисо ба мушкилоти занон марбут буданд. Ҳикояҳои зиёде гирд омадаанд, ки ҳоло ӯ нақша дорад, китоберо ба чоп расонад.
Ниссо дар Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, худро феминист номид ва ба танқиди аудитория дучор шуд. Дастгирӣ буд. Вале на ҳамавақт он касоне, ки дастгирӣ мекарданд, мехостанд номашон ифшо шавад.
— Бисёр духтарон ба ман навишта, мегуфтанд, ки шумо ба касе нагӯед, лекин ман шуморо дастгирӣ мекунам. Ман тарафдорам, шумо кори дуруст карда истодаед. Ё онҳо илова мекарданд, ки — ман феминист нестам, аммо шуморо дарк мекунам.
— Мо дар бораи ин мавзуъҳо гуфтанро идома медиҳем. Чун ин хеле муҳим аст, — гуфт Ниссо.
Мавзуъҳои монанд. Сарнавишти монанди занон. Ва чизи асосие, ки иштирокчиёни шабнишинии занонаи расонаиро муттаҳид мекунад, ин хоҳиши тағйир додани мавқеи занҳо дар минтақа мебошад. Ҳама муаллифони лоиҳаҳое, ки мо дар бораи онҳо сӯҳбат кардем, мутмаинанд, ки маҳз бо чунин лоиҳаҳо тағйир додан мумкин аст.
Ҷашнвораи MediaCAMPFest аз ҷониби Интернюс дар доираи Барномаи MediaCAMP, ки аз тарафи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (#USAID) маблағгузорӣ мешавад, баргузор мегардад.