ДомойНақди РасонаӣЧигуна вебнависони Тоҷикистон “давлати мардона” – и худро ташкил карданд

Чигуна вебнависони Тоҷикистон “давлати мардона” – и худро ташкил карданд

Якчанд гурӯҳҳои маъруфи Тоҷикистон, дар расонаҳои иҷтимоӣ муҳтавоеро нашр мекунанд, ки онро ба осонӣ метавон ҳамчун экстремизми гендерӣ баррасӣ кард. Ҳадафи асосии таъқиб — заноне мебошанд, ки ҳаёти шахсии онҳоро муаллифони саҳифаҳои оммавӣ кушоду равшан ба намоиш мегузоранд, ки то ҳама бинанду, муҳокима кунанд ва қурбониҳоро ба сӯйи ноумедӣ баранд. Ниссо Расулова, мунаққиди расонаии «Новый репортер» дар ин бора қисса мекунад.

«Новый репортер» аллакай дар бораи вебнависони маъруфи тоҷик, ки аз ҷиҳати гендерӣ чандон ҳассос нестанду муҳтавои онҳо ба занону мавзуъҳои марбут ба онҳо бахшида шудаанд ва одатан ғайриинсонӣ ва таҳқиромезанд, навишта буд.  Он вақт мо дар бораи вебнависоне, ки чигуна занҳоро масхара мекарданду мегуфтанд, ки хислати баъзе занҳо аз рӯйи ақидаи муаллифон, куллан ба зан монанд нестанд, қисса карда будем. Бо вуҷуди ин, аз он вақт то инҷониб баъзе тағйиротҳо ба миён омаданд: Чанде пеш, вебнависони тоҷик муҳтавои номуносибе эҷод мекарданд, ки занони тоҷикро таҳқир мекарданд. Аммо қаҳрамонҳои он муҳтаво тахайюлӣ буданд. Ҳоло бошад, вебнависон тасмим гирифтанд, ки ба аудиторияи худ дар бораи занҳои воқеӣ ва рафтори онҳо қисса карда, якҷоя муҳокима кунанд.

Вебнависони тоҷик, ки барои ахлоқи занон мубориза мебаранд, дар Instagram, Tik-Tok ва YouTube саҳифаҳо доранд. Дар он ҷо ба тамоми ҷаҳон нишон медиҳанд, ки занони тоҷик набояд ин гуна бошанд. Ҳамзамон онҳоро ҳазорон обуначӣ доранд.

Ҳодиса

Саҳифаҳои «Ҳодиса»-ро дар Instagram ва YouTube пайдо кардан мумкин аст. Ин муҳофизони шарафи занони тоҷик, саҳифаҳои овозхонони поп, духтароне, ки аудиторияи зиёд доранд, пайгирӣ карда, аксу наворҳои ба худи онҳо маъқул нашударо, дар саҳифаашон бо шарҳҳо гузошта, танқид мекунанд. Онҳо чизи дилхоҳи худро менависанд. Ҳатто бо тафсилоти маҳрамона.

Масалан, агар заноне, ки мувофиқи ақидаи сирф шахсии муаллифони саҳифа рафтор намекунанд, акс ё навори ӯро мегиранд, қаҳрамонро ёдрас мекунанд ва таъқиб оғоз мешавад: муроҷиат ба бародарон — «Бубинед, занони тоҷик чигуна шудаанд!». Аз ҳама бештар дар бораи духтарони расонаӣ  менависанд: овозхонҳо, ровиён ва ё вебнависон.

Чанде пеш дар ин саҳифа навори тӯйи яке аз вебнависони маъруфи Instagram пайдо шуд. Муаллифон дар матн ба арӯс лаънат хондаанд ва навиштаанд, ки чигуна домод бо ин гуна зан издивоҷ кард. Ҳамзамон обуначиёни дигар низ шарҳ додаанд, ки ин зан бешубҳа ҳаққи издивоҷро надорад.

Дар аввал чунин ба назар мерасад, ки онҳо бадхоҳони одӣ ҳастанду ба диққати зиёд арзанда нестанд. Одатан бо гуфтаҳои худ занони муваффақи дунёро ба ташвиш меоранд. Аммо дар Тоҷикистон чунин авбоширо рад кардан душвор аст. Зеро дар ҷумҳурӣ — афкори ҷамъиятӣ ба андозаи вазни тилло қадр карда мешавад. Масалан, пас аз хондани чизҳои нописанд дар бораи арӯси дар боло зикршуда, қариб буд, ки домод аз ӯ ҷудо шавад.

Инро терроризми гендерӣ ва ё ҷинсӣ меноманд. “Ҳодиса” дар бораи мардҳо чизе наменависад. Танҳо агар он мардон шавҳарони қаҳрамонҳо набошанд. “Ҳодиса” он мардонро «даюс» меномад. «Ҳодиса» фаъолияташро ҷанг бо занони тоҷике меномад, ки «худро таблиғ ва нишон медиҳанд». Ва муҳим нест, ки он зан “муаллим” ё “модел” аст.

Доимо Instagram ин саҳифаро мебандад.  Аммо фавран саҳифаи нави “Ҳодиса” сохта мешавад, ки тӯли ду рӯз 5K ва ё бештар аз он муштарӣ ба даст меорад. Муҳтавои ин саҳифаҳо низ такрори муҳтавои “Ҳодиса” мебошанд. Масалан, ҳоло дар Instagram беш аз 50 саҳифаи “Ҳодиса” ва дар YouTube 10 саҳифа бо ин ном мавҷуд аст.

Пас аз он, ки Instagram фаъолияти саҳифаи “Ҳодиса”-ро пайваста қатъ мекунад, ин лоиҳа ба TikTok гузашт. Ин лоиҳа дар ТикТок фавран 10K муштарӣ пайдо карда, аллакай аз аудитория хоҳиш мекунад, ки наворҳои занони тоҷике, ки дар клубҳои шабона хурсандӣ мекунанд ва ё дар барҳо нишастаанд, ба онҳо бар ивази мукофотпулӣ фиристанд. Баъдан ҳама якҷоя муҳокима мекунанд, ки оё занҳо барои ин корҳо ҳуқуқ доштанд ё не.

Ҳамзамон дар “Ҳодиса” дар баробари муҳокимаи аксу наворҳо, узрхоҳии оммавӣ низ маъмул аст. Роҳбарони “Ҳодиса”? Не! Касоне, ки дар бораи онҳо паёмҳо менависанд. Яъне, духтарон наворе мегиранд: дар он аз «Ҳодиса» бахшиш пурсида, илтимос мекунанд, ки постҳои дар бораи ӯ бударо, пок кунанд. Сипас «Ҳодиса» ин дархостро дар сомонаи худ ҷой дода, овоздиҳӣ ташкил мекунад: мебахшем ё не?

Корбарон пайваста аз ин саҳифа шикоят мекунанд. Мардум ба шуъбаҳои полис дар бораи ҷиноятҳои киберӣ ариза менависанд. Вале «Ҳодиса» мисли мори сесаре аст, ки фақат занҳоро медуздад, сарҳои зиёд дорад ва ба дахлнопазиру беҷазо будани худ эътимоди комил дорад.

«Нетипичный Канибадам»

Номи саҳифа ба шаҳри Конибодом, ки дар шимоли Тоҷикистон воқеъ аст, иртибот дорад. Дар он зиёда аз 50 ҳазор кас зиндагӣ мекунанд ва табиист, ки ҳама якдигарро хуб мешиносанд. «Таълимдиҳандагон» -и ҷасури «Нетипичный Канибадам» низ дар ҳама платформаҳо мавҷуданд: Telegram, Instagram, YouTube. Бо сабаби шикоятҳои мунтазам, саҳифаи Instagram-ашонро хусусӣ кардаанд.

Номи духтароне, ки дар вақти худ бо ягон мард муносибат доштанду аксҳои шаҳвонӣ фиристодаанд, дар ин саҳифа бо суроға, ҷойи таҳсил ё кор нашр мешаванд. Албатта, аксҳо бар ивази мукофот ба ин ҷо роҳ меёбанд. Террористони гендерӣ чунин рафтор мекунанд: якчанд бачаҳо, ба истилоҳ «фиребгарон» бо духтарон муносибат мекунанд. Ба эътимодашон даромада, аксу наворҳои шаҳвонии онҳоро мепурсанд. Пас аз ин, он наворҳоро ба саҳифаҳои «Нетипичный Канибадам» нашр мекунанд.

Сипас аксҳои маҳрамонаи бадастомада нашр карда, муаллифон нишон медиҳанд, ки қаҳрамон дар кадом кӯча, хона зиндагӣ мекунад, духтари кист, дар куҷо таҳсил ва кор мекунад. Инчунин маълумот дар бораи он, ки барои ирсоли акс аз мард чанд миқдор пул пурсидааст, нашр мегардад. Баъдан таъқиб оғоз меёбад.

Ҳамзамон дар ин гурӯҳ наворҳои духтарони Конибодом, ки дар клубҳои шабонаи Хуҷанд ё Душанбе вақтхушӣ мекунанд, барои тамошои оммавӣ ва «суди рафиқона» -и муштариён нашр карда шудааст.

Ҳоло дар саҳифаи асосии Instagram-и онҳо пайванд ба канали пулакии Telegram-ашон мавҷуд аст. Яъне, аввал шумо ба бот ворид мешавед, сабти ном мекунед, кишваратонро нишон медиҳед. Ҳаққи сабти ном кардан, тақрибан 300-рубли русӣ аст ва пас аз пардохт гурӯҳи оммавӣ боз мешавад.  Ин ҳама ба хотири он аст, ки аз сабаби шикоятҳо фаъолияти саҳифаро қатъ накунанд. Ман сабти ном карда натованистам. Чун бот фавран маро манъ кард. Аммо, намедонам, барои чӣ.

Инчунин дар YouTube низ аз ин саҳифа зиёданд, аммо шумораи муштариёнаш пинҳонанд. Дар он ҷо суҳбати аудиоии духтарони Конибодом нашр шудаанд. Инчунин «таълимдиҳандагон» бо ифтихор нишон медиҳанд, ки чигуна ба духтарон муроҷиат мекунанд. «Сучка» маъмултарин муроҷиати онҳо аст. Тӯли камтар аз як моҳ, навор 10K ва ё бештар тамошо мегирад. Бояд қайд кард, ки YouTube фавран аксу наворҳои шаҳвониро манъ мекунад. Аз ин рӯ, ҳеҷ роҳи дар ин расона муваффақ шудан вуҷуд надорад.

Пранкҳо

Занони озоди Шарқ ба пранккунандагони тоҷик низ оромӣ намедиҳанд. Ин канали Dale SHOW аст. Шумораи муштариён пинҳон карда шудаанд. Навори мазкур «Мажор» ном гирифтааст. Ҷавоне дар сари чанбараки BMW нишастааст ва дар бораи он қисса мекунад, ки духтареро ба воӯрӣ даъват кардааст. Табиист, ки ӯ бо аудиторияи худ бозӣ мекунад: аллакай дар телефон ба духтар дағалӣ мекунад ва мегӯяд, ки чӣ тавр ӯро масхара хоҳад кард. Дере нагузашта Нигора – он духтараки бадбахт — ба мошин мешинад. Баъдан «мажор» аз ӯ мепурсад, ки оё вай воқеан Нигора аст. Духтар сар ҷунбонида тасдиқ мекунад ва «мажор» мегӯяд, ки вай дар Instagram дигар хел буд.

Баъдан ҳама чиз тавре, ки қаҳрамони асосӣ мехост, сар мезанад. Вай Нигораро бо гуфтугӯҳои аблаҳона азият доданӣ мешавад, ҳангоми танаффус тақлид мекунад, ки гӯё гулӯгир мешавад ва ғайра. «Мажор» ба Нигора мегӯяд, ки онҳо бо автомобил дар сайр мекунанд ва ба тарабхона намераванд. Зеро аз рӯйи принсип ӯ духтаронро ба тарабхона даъват намекунад. Нигора бо сардӣ посух медиҳад, ки ӯ барои ба тарабхона рафтан, худаш маблағ дорад. Баъд он “мажор” аз Нигора хоҳиш мекунад, ки ӯро ба тарафхона даъват кунад.

Инчунин ӯ тез-тез мошинро таваққуф дода, духтарро тарс додан мегирад. Дар охири ин саҳна, телефон занг мезанад ва «Мажор» ҷавоб медиҳад. Пас ба гиря оғоз мекунад ва мегӯяд, ки гӯё сагаш мурдааст. Нигора ба ӯ ҳамдардӣ мекунад. Вале ӯ ногаҳон ба хандидан шуруъ мекунад. Хушбахтона, бо ин саҳна ҳама нақшофарӣ ба зудӣ ба поён мерасад. Ба шумо таҳаммули зиёд лозим аст, ки ин навори тақрибан 14-дақиқаинаро то ба охир тамошо кунед.

“Мажор» наворҳои дигар низ дорад, ки комилан маъмул нестанд ва тамошои ба ин монандро ба даст намеоранд. Аудиторияи асосӣ мардҳоанд, ки шарҳҳо менависанд, хурсандӣ мекунанд ва наворҳои ба ин монандро талаб мекунанд.

Албатта, ҷамъиятҳои «таълимдиҳанда»-и ба ин монанд, натанҳо дар Тоҷикистон ҳастанд. Ин гуна ҷамъиятҳо дар дигар кишварҳо низ буданд. Масалан, феминистҳо дар Русия ва Украина гурӯҳҳои бузурги ҷамъиятиро дар платформаҳо эҷод мекунанд ва дар он ҷо бар зидди террористони гендерӣ мубориза мебаранд.

Барои мисол, дар Русия чунин як гурӯҳ таҳти унвони «Мужское государство» вуҷуд дошт. Вале ҳоло он гурӯҳро бастанд. «Ташкилкунандагон» — и он ба муҳлатҳои воқеии ҷиноӣ маҳкум карда шуда, асосгузор дар ҷустуҷӯйи федералӣ қарор дорад. Ин ҷамъият низ кӯшиш кард, ки алайҳи занон ҷанг эълон кунад. Миллионҳо муштариён ва пайравони худро дошт. Вале ҷомеаи феминистӣ бо роҳҳои қонунӣ адолатро меҷуст ва ба мақсади худ расид.

Мутаассифона, дар Тоҷикистон то ҳол ягон иттиҳодияи феминистӣ вуҷуд надорад ва касе нест, ки бо терроризми гендерӣ мубориза барад. Духтарони осебдида, бештар пул пардохт мекунанд ва дар назди мардум узр мепурсанд. Ба ҷои он, ки бо ин кор мубориза баранд. Бо донистани ин ва беҷазо мондани онҳо «Мужское государство» дар Тоҷикистон афзоиш ёфта, нафрати ҷинсиро бармеангезанд. Аудиторияи хашмгинро ба вуҷуд меоранд, ки фардо ҳадафи дигареро барои таъқиб интихоб мекунаду тамоми ғазаби ноқисашро ба он равона мекунад.

Редакция
Редакция
Редакционный аккаунт сайта "Новый репортер".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ