ДомойНақди РасонаӣИфтитоҳи иншоотҳои нав ва ғамхорӣ ба ятимон. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои...

Ифтитоҳи иншоотҳои нав ва ғамхорӣ ба ятимон. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз 21 то 28 март

Ҳафтаи сипаришуда дар ҳар се барномаҳои ҷамъбастии ҳафта — «Тоҷикистон» (ТВ «Тоҷикистон»), «Ҷамъбасти ҳафта» (ТВ «Сафина») ва «Ҳафт рӯз» (ТВ «Ҷаҳоннамо») гузориши муфассал аз сафари серӯзаи президенти кишвар ба вилояти Хатлон пешниҳод гардид. Кӯшиш кардем, шарҳи мухтасари онро ба шумо пешниҳод намоем.

Скелет, ифтитоҳи дубора ва дучархасаворон

Чун қоида, гузориш аз ҷониби хадамоти матбуотии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, дар оғози барнома бо забони расмӣ хабар дода шуд, ки 24 марти соли 2021 (дар барномаи итилоотӣ номбар намудани сол ба назар аҷиб метобад) Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ ба ҷараёни омодагиҳо ба истиқболи пуршукӯҳи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ ба вилояти Хатлон ташриф овард.

Ҳамзамон навори дар фурудгоҳи вилоят аз ҷониби шахсони расмӣ истиқбол гирифтани Пешвои миллатро, ки тариқи чархбол ба Бохтар сафар намуд, намоиш доданд.  Пеши пойи меҳмони гиромиқадр чун нишонаи эҳтиром қолинпуш буд.

Сипас матни гузоришҳо бо овозҳои чанд корманди хадамоти матбуоти президент аз ҷумла, занона  паси кадр садо медиҳад.

Президент сафари кории худро ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон нахуст аз ифтитоҳи расмии бинои коллеҷи тиббӣ-инноватсионии шаҳри Бохтар оғоз намуд.

Аз матни баранда маълум гардид, ки ин коллеҷ  дар бинои навсозишудаи собиқ хонаи маишии “Саодат”, ки давраи шуравӣ хеле машҳур буд, бо саҳми оилаи Соҳибовҳо сохта шудааст. Овози пасикадрӣ бо оҳанги тантанавӣ эълом дошт, ки онро «фарзандони бонангу номуси Соҳибовҳо сохта, ба истифода доданд», аммо ягон ишорае нашуд, ки худи соҳибкорон кистанд ва аз ҳама асосӣ — савол бе ҷавоб монд, ки ин  муассисаи таълимӣ хусусӣ аст ё давлатӣ?

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар наворҳо, инчунин, духтаракони донишҷӯро дар назди скелетҳо нишон доданд. Аз чӣ бошад, яке аз муляжҳо селофанпеч буду сифати навори зеборо як навъе коҳиш дод. Умуман, дар гузоришҳои телевизионӣ ба қолабҳову шаблонизм рӯ овардани наворбардорон бисёр возеҳ аён мегардад. Агар сухан аз соҳаи тиб, махсусан, омӯзишҳои тиббӣ равад, аз чӣ бошад, навор бояд албатта бо скелетҳо «оро» ёбад.  Дар матни пасикадрӣ дар бораи «шароити хуб барои омода кардани мутахассисони ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосиртарин фазои илмомӯзӣ, озмоишгоҳҳои амалӣ, синфхонаи анатомия, маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ» гуфта шуду дар наворҳо ғайри тахтаи электронӣ ва компютерҳо дигар ягон намуди технологияҳо, илова бар ин, инноватсияҳо дида нашуд. Умуман, аз гузориш маълум нашуд, ки коллеҷи нав аз дигар муассисаҳои омӯзишии тиббии мамлакат ба ғайр аз номаш боз бо чӣ фарқ мекунад.  Саволест ба муаллифони гузориш.

Як масъалаи дигар – ба ҳисоботи видеоӣ табдил додани гузоришҳост. Чунин ба назар мерасад, ки муаллифони барнома барои аудит гузориш омода карда бошанд. Масалан, дар гузориш аз ифтитоҳи коллеҷ, дар матни пасикадрӣ дар бобати наздики 100 адад дарахтони нодири ороишӣ, парвариши беш аз 15 ҳазор гулҳои рангоранг ва шабона чароғон будани бино гуфта шуд, ободонии  гирду атрофи ҳар иншоот худ як амали муқараррист ва номбар кардани ин ҷузъиёти дуввумдараҷа барои гузориш, алалхусус, расмӣ, ягон зарурат надорад, илова бар ин, айб аст.  Мебоист муаллифон бештар гузоришҳои омоданамудаи хадамоти матбуотии роҳбарони  ҳамсоякишварҳоро нигаранд, то ки дар асри 21 ба чунин майдакориҳо роҳ надиҳанд.

Худи он рӯз, президенти кишвар корхонаи истеҳсоли шифери ҶДММ «Бохтар шифер» ва корхонаи истеҳсоли ҷӯроби ҶДММ “Сомони Расул”-ро ифтитоҳ намуда, бо фаъолияти сехи истеҳсоли дучарха шинос шуд. Бино бар навиштаи Радиои Озодӣ.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

«ин ҳамон корхонаест, ки расо як сол пеш, зимни сафари нахуствазир Қоҳир Расулзода ба Хатлон ифтитоҳ шуда буд ва «рӯшан нест, чаро президенти Тоҷикистон корхонаеро ифтитоҳ кард, ки як сол ба ин сӯ фаъолият дорад» — хабар медиҳад Озодӣ.

Новобаста аз ин қазия, гузориш аз чанд ҷиҳат шавқовар буд. Нахуст, дар наворҳои барномаи телевизионӣ тамошобинон дучархасавории Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва роҳбари маркази матбуотии президент Абдуфаттоҳ Шарифзодаро диданд. Як зане ҳам аз ҷумлаи мақомдорон савори дучарха шуд, аммо аз сабаби ниқоб доштанаш кӣ буданаш ноаён монд.

Як чиҳати ҷолиби дигар, хабари 10 нафар сокини маҳаллиро, ки аз он ба гуфтаи наттоқи пасикадрӣ «аксараш занону бонувон аст» (мантиқан, бону ва зан магар синоними якдигар нестанд?), бо ҷои кор таъмин намудан мебошад. Аз гузориш маълум гардид, ки дар 20 дастгоҳи бофандагӣ 10 нафар дар як моҳ 100 ҳазор ҷуфт ҷӯробро истеҳсол мекунанд. Аз ин мебарояд, ки ба ҳар коргар дутоӣ дастгоҳ рост меояд?

Аз наворҳои гузориши  пешниҳодшуда ба назар чунин мерасад, ки дар корхонаи мазкур дучархаҳо на истеҳсол, балки аз қисмҳои тайёр насб карда мешаванд.

Чунки истеҳсоли дучархаҳо дар ҷаҳон тариқи таҷҳизоти мураккаби техникӣ, на дастӣ сурат мегирад. Дар корхонаи мазкур, аз рӯи ишораи муаллифони гузориш, он дастӣ истеҳсол мешавад.

Инчунин, иттилоъ дода шуд, ки «айни замон дар корхона истеҳсоли беш аз 10 намуд дучарха бо шаклу андозаҳои гуногун ба роҳ монда шудааст», аммо дар наворҳо танҳо як намуди онро нишон доданд.

Тӯҳфа ба ятимон  

Зимни сафари кории худ, ки ба рӯзҳои ҷашни наврузӣ рост омад, президенти кишвар дар тарабхонаи «Малика»-и ш. Бохтар бо 200 нафар ятимони кулли навоҳии Бохтар, Левакант, Норак, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Хуросон, Кӯшониён ва Вахш вохӯрӣ карда, ба онҳо тӯҳфаҳои наврӯзӣ -сару либос, ширинӣ ва панҷ намуд китоб тақдим намуд. Рӯзи дигар дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар тарабхонаи миллии «Шамсулло»  боз 150 нафар ятими кулл аз шаҳру ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Дӯстӣ, Шаҳритус, Ёвон ва Носири Хусрав низ аз тӯҳфаҳои наврӯзии президенти ҷумҳурӣ баҳравар гаштанд, ки хеле таъсирбахш буд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар наворҳо аз ҳар ду чорабинӣ президент дар назди деворҳои бо гул орододашуда истода, кӯдаконро табрик кард. Умуман, ятимонро шоҳoна зиёфат карданд. Дар дастархони кӯдакон он рӯз анвои барояшон ғайримуқаррарии ширинӣ, аз қабили шоколадҳои “Сникерс”, “Баунти” ва меваҳои мисли банану ананас гузошта шуда буданд.

Шиносоӣ бо гармхонаву боғҳои интенсивӣ

Дар рафти сафари корӣ президент, инчунин, бо вазъи гармхонаҳову боғҳои нав шинос шуд. Масалан,  24 март дар ноҳияи Кӯшониён аз боғи навбунёди суперинтенсивии хоҷагии деҳқонии «Умари Қурбонализода» дидан кард. Худи ибораи “боғи суперинтенсивӣ” чанд маротиба дар матни пасикадрӣ садо дода, каме дилхарош ба гӯш мерасид. Беҳтар мебуд, тарҷума ё калимаи ҳамшабеҳи онро ёфта, истифода мебурданд.

Президент, инчунин, аз гармхонаҳои қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрванд Фурқат Қосимов (Бохтар) ва хоҷагии тиҷоратии ба номи “Сафар Ҷумъаев” (Ҷалолиддини Балхӣ), боғи намунавии дарахтони нодир ва намоиши ниҳоли ороишии хоҷагии деҳқонии «Саидон” (Бохтар), кооперативи тиҷоратии “Имоми Аъзам” ва хоҷагии тухмипарварии «Ҳосилот» (Кӯшониён) дидан кард. Ҳамчунин, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва техникаю таҷҳизоти кории кишоварзони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дидан намуда, дар Кӯшониён дар намоиши таомҳои миллӣ иштирок намуд. Дар наворҳо кадбонувон бо либосҳои идона дар гирди дегҳои калон дар саҳрои кушод истода, хӯрок омода менамуданд ва ин саҳна сохта ба назар мерарасид.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Ба ҳар ҳол, онҳо тавонистанд сарвари кишварро бо пухтани 1 тонна оши палав дар ҳайрат гузоранд. Дар анҷом намоишгоҳи чорводорон ва паррандапарварони ноҳияи Кӯшониён сурат гирифта, аз рӯи таҷрибаи суғдиҳо, даҳҳо парранда аз ҷониби меҳмони олиқадр аз қафас озод гашта, ба ҳаво париданд. Ҳамчунин, Пешвои миллат дар хоҷагии «Ҳосилот» ба замин пунбадона кошта, бо ин амали худ ба кишти баҳорӣ оғоз бахшид. Дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон, ки рӯзи дуввуми сафар ба вуқӯъ пайваст,  президент бори дигар дар бораи истифодаи самараноки замин, аз ҷумла гирифтани се-чор ҳосил ва захира намудани озуқавориро барои ҳар як оила таъкид намуд.

Ифтитоҳи як қатор корхонаҳо ва дигар иншоот

Дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат корхонаи сементбарории ҶДММ “Моҳир семент” (ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ) ва корхонаи истеҳсоли гаҷкартони “Моҳир” (ноҳияи Ёвон) аз ҷониби сарвари давлат ифтитоҳ гардиданд.

Инчунин, президенти мамлакат ба фаъолияти як қатор иншооти иҷтимоӣ-маишӣ, аз қабили маҷмааи тиҷоратии “Наврӯз” бо корхонаи дӯзандагӣ, маркази ташхисию табобатии “Исмоил”, корхонаи истеҳсоли докаҳои тиббӣ, майдончаи варзишии болопӯшида, маркази хизматрасонӣ бо тарабхонаи “Замира” ва меҳмонхона, кӯдакистони хусусии ”Санавбар”, чойхона ва тарабхонаи миллии “Шамсулло” (ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ),  маркази тандурустии “Ваҳдат” ва маркази савдо, мактаби миёна (ноҳияи  Кӯшониён), пули мошингузар, муассисаи таҳсилоти томактабии «Ориёно» ва бинои нави беморхонаи марказӣ (ноҳияи Ёвон) оғози расмӣ бахшид.

Дар рӯзи сеюми сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон президент якҷоя бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ маҷмааи чорводории ҶДММ “Мармарӣ”-ро ифтитоҳ намуданд.

Дар барнома гуфта шуд, ки дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна  зотҳои навъи аъло то 1,5 кило вазн мегиранд, ки ҳақиқат будани чунин иддао хеле шубҳаовар аст. Чизи дигари ҳайратангез ин дар маҷмааи чорводории “Мармарӣ” ба хотири таъмини бехатарӣ насб шудани 64 камераи назоратӣ аст, ки боиси ангушти ҳайрат газидани баъзе банкдорҳо шуда метавонад, зеро на ҳама бонкҳои ҷумҳурӣ ин миқдор камераҳои назоратӣ дар ихтиёр доранд.

Дар баробари ин, хабари дар атрофи ферма шинонидани беш аз 2200 бех ниҳоли сояафкану мевадиҳанда ва зиёда аз 10 ҳазор гулҳои садбаргу лола боиси тааҷҷуб аст.

Аёдати фарзанди падар

Яке аз гузоришҳои ғайриинтизор — дидорбинии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо хоҳарбузург  ва пайвандони ӯ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аст. Дар баробари вохӯрии самимӣ бо ин зан, ному насабаш номаълум монд ва танҳо кутоҳак “фарзанди падар” номгузорӣ гардиду халос.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар наворҳо нишон доданд, чӣ тавр фарзандону наберагони хонадон президентро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ҳамчун нишони эҳтиром барои бобои худ шеърҳо низ қироат карданд.

Аз ҷузъиёти нодаркор то деворҳои гулпӯши гароннарх

Ҳусни гузоришҳои расмиро тавре дар боло ишора кардем, номбар намудани ҷузъиёт вайрон мекунанд. Масалан, барои тамошобин хабар додани он, ки саҳни бинои меҳмонхона ва маркази саломатӣ дар масоҳати 700 метри мураббаъ ва ё ҳавлии муассисаи таълимӣ дар масоҳати 1,5 ҳазор метри мураббаъ сафолакпӯш карда шудаасту дар гирду атрофи иншоот чанд  ҳазор гулҳои мавсимӣ ва дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ мерӯянд, он қадар зарур нест. Он чӣ айён аст ҳоҷати байёнро надорад. Қувваи телевизион дар он аст, ки бинанда худ мебинад ва дарк мекунад.

“18 адад чароғаки равшанидиҳанда дар роҳравҳои асфалту сафолакпӯш дар кӯдакистони ноҳияи Ёвон” низ аз он ҷумлаанд.

Дар умум, дар гузориши беш аз якунимсоатаи сафари кории президенти кишвар ба вилояти Хатлон 26 навор пешниҳод гардида, аз онҳо 16-тоаш аз ифтитоҳи корхонаву муассисаҳои нав ва 10-тоаш ба рафти корҳои ободонӣ бахшида шуда буданд.

Дар рафти кушода шудани  корхонаҳои нав ҷамъулҷамъ 1020 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ ва 860 нафар соҳиби кори мавсимӣ гардиданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар гузоришҳои мазкур аз ҳама аҷиб деворҳои  гулпӯш бо шиорҳои “Хуш омадед, Пешвои миллат”, “Марҳабо, Пешвои миллат” ва бо истифодаи акси герби давлатӣ ба назар расиданд. Аз рӯи ҳисобҳои тахминӣ, барои омода намудани як девори гулпӯш бо истифода аз гули садбарг дар вохурӣ бо ятимон 4950 дона садбаргҳои сафеду сурх истифода шудаанд. Нархи як дона гули садбарг, ки аз хориҷи кишвар интиқол мешаванд, аз 15 то 20 сомонӣ аст. Пас, барои як девори гулпуш, ки барои пазироии президент омода шудааст, ба ҳисоби миёна аз 75 то 100 ҳазор сомонӣ сарф шудааст. Чунин деворнигораҳои зебо дар наворҳо 4-то буданд.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ