Ба сабаби пандемия рушди радио дар Қазоқистон суст шуд, дар ҳоле ки дар Тоҷикистон ин формати расона ҳоло ренессанси воқеиро аз сар мегузаронад. Сабабҳои чунин тамоюлҳо чист ва радиоро дар ин кишварҳо чӣ ояндае интизор аст – перомуни ин баъд аз ҷашни Рӯзи ҷаҳонии радио, «Новый репортер» нақл мекунад.
Қазоқистон
“Дар ҳоли ҳозир дар Қазоқистон 16 истгоҳи радиоии шабакавӣ ва дар шаҳрҳои калон шумораи муайяни истгоҳҳои радиоии маҳаллӣ кор мекунанд. Дар тӯли 3-4 соли охир бозигарони нав пайдо шуданд: дар гирифтани фриконс (частота) сабукиҳо мушоҳида карда мешаванд. Дар соли 2018, “Радио ДАЧА” ва “Бизнес FM”, дар соли 2019 – истгоҳи радиоии “LUX FM” (франшизаи украинӣ) ба эфир баромаданд. Соли гузашта истгоҳи радиоии бузурги шабакавии “Тенгри FM” аз барномаҳои мусиқии худ даст кашид ва франшизаи “РетроFM”-ро ба даст овард, ки радиохолдинги мо қаблан бо сабаби паст будани қобилияти харидории мухотабон (аудитория) аз он даст кашида буд, нақл мекунад Александр Кобзар, мудир доир ба пешбурди истгоҳҳои радиоии “Русское радио Азия” ва “Монте-Карло”.
Мутобиқи суханони коршинос, ки таҷрибаи кории ӯ дар бизнеси радио бештар аз 25 сол аст, аз соли 2018 мухотабони радио дар Қазоқистон ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Коҳиши асосӣ дар солҳои 2019-2020 рух дод. Ба таври мисол, нишондиҳандаҳои солҳои 2020-2021 дар муқоиса бо солҳои 2018-2019 бештар аз 30% пасттар мебошанд. Ин натиҷаи мустақими локдаунҳо ва кор аз фосилаи дур (хона) мебошад, зеро дарсади гӯш кардани радио берун аз хона ҳамеша хеле баланд буд. Одамон ба таври анъанавӣ ба радио дар мошинҳо ва дар ҷои кор гӯш мекунанд.
“Агар мо дар бораи таркиби иттилоотӣ ва хабарии муҳтавои (контенти) истгоҳҳои радиоӣ сухан ронем, пас ин асосан бознигарии (рерайтинг) порталҳои хабарӣ мебошад. Гузашта аз ин, на ҳамаи истгоҳҳои радиоӣ метавонанд ҳатто дар ҷадвали пахши худ чунин хабарҳоро пурра таъмин намоянд, зеро барои ин бояд ҳайати рӯзноманигорони қазоқзабон ва русзабони эфирро дошта бошанд. Дар ин замина мисоли «Бизнес FM» ҷолиб аст – ин яке аз форматҳои мураккабтарин ва гаронарзиштарин барои истеҳсол аст ва ҳамкорон тавонистаанд онро бо муҳтавои иттилоотию хабарии маҳаллӣ пур кунанд. Аксарияти истгоҳҳои радиоӣ дар Қазоқистон дар вақтҳои охир аз нигоҳи тиҷоратӣ муваффақ намебошанд. Ин ба сабаби пандемия ё мушкилоти соҳибкории хурду миёна – рекламадиҳандаи асосӣ дар радио намебошад. Гап дар афзоиши шумораи истгоҳҳои радиоӣ низ ҳаст, идома медиҳад Александр Кобзар.
Вай мегӯяд, ки афзоиши шумори бозигарон дар бозор боиси коҳиш ёфтани сифат ва кам шудани миқдори муҳтавои шахсии истеҳсолшаванда ва дар натиҷа истифодаи пахшҳо аз рӯи франшиза шудааст. Франшиза арзонтар аст. Радио бидуни барандаҳо, студияи сабти овоз ва хадамоти хабарии худ дар истеҳсолот содатараст.
«Аз ин рӯ, баъзе истгоҳҳои радиоие, ки дар аввал ҳамчун радиои маҳаллӣ ва бо муҳтавои маҳаллӣ ба нақша гирифта шуда буданд, ҳамчунин бо мурури замон ба франшиза табдил ёфтанд. Ба таври мисол, радиои «Тамаша» ба формати русии «Радио Дача» гузашт, мегӯяд коршинос мисоли маъмулиро тавсиф карда.
Мутобиқи маълумоти Ассотсиатсияи Осиёи Марказии реклама ҳаҷми реклама дар радио ва воситаҳои паҳнсозии он дар соли 2018 тақрибан 4 миллиард тенге (тақрибан 9,5 миллион доллар)-ро ташкил дод. Аммо ин, ин маълумот мутобиқи мониторинги реклама аз рӯи нархномаҳои тасдиқшудаи иштироккунандагони бозор аст. Яъне, дар шароити рақобати шадид ва баъзан ҳатто демпинги мустақим дар бораи дарсади тахфифҳо метавон танҳо тахмин кард. Бисёриҳо вақти рекламаро барои чанд танга медиҳанд ва ин миқдор пули бозор барои фаъолияти босифати ҳамаи бозигарони он ҳамчун расонаҳои комил кифоят намекунад.
Коршинос чунин мешуморад, ки дурнамоҳои радио дар заминаи табдили (рақамизсозии) он аст, вале дар айни замон чизи асосӣ муҳтаво (контент) аст ва хоҳад буд.
“Ин муҳтаво дар кадом шакл ва тавассути кадом каналҳои алоқа ба истеъмолкунанда мерасад, ин аллакай масъалаи технологияҳои зудтағйирёбанда аст. Ман розӣ нестам, ки радио ҳамчун ВАО мемирад. Вақте ки дар мошини шумо радио садо медиҳад ва баранда бо шумо суҳбат мекунад, шумо танҳо нестед. Ва ин дар замони мо бисёр муҳим аст. Инро ягон подкаст ва ягон плейлист иваз намекунад.
Барандаи телевизион ва радио, диктор, брэнд-войси Шабакаи аввали Евразия, тарҷумон, муҳаррири мусиқӣ ва директори барномаҳои истгоҳи радиоии “Люкс ФМ Казахстан” Калдибек Жайсанбай дар бораи вазъияти истгоҳҳои радиоии қазоқзабон нақл кард.
“Дар Қазоқистон сегменти радиои қазоқзабон сол то сол афзоиш меёбад. Ҳама дар ёд доранд, ки дар ибтидои солҳои 2000 барандагони қазоқ дар истгоҳҳои радиоии тиҷоратӣ танҳо шабона кор мекарданд. Ҳоло аллакай намоишҳои субҳона ба забони қазоқӣ ва ҳатто истгоҳҳои радиоии комили тиҷоратӣ вуҷуд доранд, ки барномаҳои худро танҳо ба забони қазоқӣ пахш мекунанд. Дар Қазоқистон 4 истгоҳи радиоӣ дар саросари ҷумҳурӣ 100% ба забони давлатӣ ва боқимонда 50/50 пахш мекунанд. Мутобиқи маълумоти TNS Central Asia, маҳз радиоҳои қазоқӣ – “Казахское радио”, “Той Думан” ва “Жұлдыз FM” дар ҷои аввал қарор доранд, мегӯяд ӯ.
“Андешае вуҷуд дорад, ки бо пайдоиши интернет FM ва ҳамчунин бо пайдоиши YouTube телевизион мемирад. Аммо тасаввур кунед, ки чӣ қадар одамон бо вуҷуди доштани CD, флешка, смартфон ва ҳатто телевизори хурд дар мошинашон радио гӯш мекунанд. Ҳамаи чизҳои дар боло зикршуда хотири шахсро парешон мекунанд – шумо бояд пайваст шавед, ҷустуҷӯ кунед ва ғайра, аммо радио ин тавр нест! Ва ин қувваи он аст, ки дар ҳама ҷо ворид шуда, барои ба кори худ машғул шудан халал намерасонад. Ҳамин тавр, радио ҳанӯз ҳам дастрастарин манбаъи иттилоот (дар хона, ҷои кор, дар мошин) ба ҳисоб меравад ва онро гӯш мекунанд. Ҳамчунин дар Қазоқистон. Мошин яке аз платформаҳои асосии коммуникатсия боқӣ мемонад. Мутобиқи маълумоти охирин, тақрибан 38% шунавандагон дар роҳ мусиқӣ гӯш мекунанд”, илова мекунад Калдибек Жайсанбай.
Тоҷикистон
Радиои дар Тоҷикистон ҳоло дар авҷи тавоноии худ қарор дорад: ҳар сол истгоҳҳои нав пайдо мешаванд, шумораи мухотабон меафзояд ва рекламадиҳандагон тарҷиҳ медиҳанд, ки муҳтавои худро дар ин платформа ҷойгир кунанд. Бо вуҷуди ин, сабабҳои чунин рушд бисёр ғамгинкунанда мебошанд: арзиши Интернет дар ҷумҳурӣ баланд аст, суръати он паст ва ноҳияҳои Тоҷикистон (ки дар он 75% аҳолии тамоми кишвар зиндагӣ мекунанд) дар давраи тирамоҳу зимистон бо маҳдудияти таъмини барқ рӯ ба рӯ мешаванд. Ин шароит тақозои аҳолиро, ки ба Интернет ва баъзан ҳатто ба телевизион дастрасӣ надоранд, ба радио шакл дод. Аз паси мухотабон рекламадиҳандагон низ ба радио омаданд.
— Дар Тоҷикистон солҳои охир афзоиши сармоягузориҳо маҳз ба бахши радио мушоҳида мешавад, аммо соли гузашта он каме коҳиш ёфт. Сабаби асосии коҳишёбӣ он буд, ки рекламадиҳандагон ба радиоҳои буҷетӣ нисбат ба радиоҳои гаронарзиш афзалият доданд. Дар маҷмӯъ, шумораи рекламадиҳандагон на кам мешавад ва на зиёд ”, шарҳ медиҳад Ҷамшед Исматиллоев, директори генералии ширкати “Евромедиаком”, ки ба таҳқиқи истеъмоли расонаӣ (медиапотребление) дар Тоҷикистон машғул аст.
Барои муқоиса: ҳаҷми бозори реклама дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна дар як сол 10 миллион долларро ташкил медиҳад. Қисми зиёди он барои рекламаи берунӣ сарф мешавад. Мутобиқи суханони Ҷамшед, истгоҳҳои радиоии мустақил нисбат ба радиоҳои давлатӣ се маротиба бештар маҳбубият доранд. Онҳо муҳтавои гуногунро таҳия мекунанд ва ба аудиторияи мухталиф нигаронида шудаанд. Мутобиқи таҳқиқотҳои “Евромедиаком”, тақрибан 50% аҳолии Тоҷикистон ҳар рӯз радио гӯш мекунанд.
Дар гурӯҳи расонаии “Азия-Плюс”, ки радиои маъруфи ҳамномро дар бар мегирад, ҳамчунин дар бораи суръати хуби рушди радиоҳо сухан меронанд.
— Радиои “Азия-Плюс” имсол 20-солагии худро таҷлил мекунад ва истгоҳи радиоии мо локомотиви тамоми гурӯҳи расонаӣ аст. Ҳарчанд рекламадиҳандагон пас аз пандемия буҷети худро кам карданд, ҳанӯз ҳам нисбат ба рӯзнома ё сайт радиоро интихоб мекунанд. Сарфи назар аз он ки дар бозори меҳнати Тоҷикистон мутахассисон (махсусан мутахассисони тоҷикзабон) кам мебошанд, радио тавонист мутахассисони беҳтаринро ҷамъ оварад, ки ба туфайли ин сатҳи фарогирии радио афзоиш меёбад, мегӯяд директори истгоҳи радиоии “Азия-Плюс” Манижа Аҳмадова.
— Ба таври мисол, аз соли гузашта инҷониб мо бо барандаи маъруф Орзу Исоев кор мекунем, ки ба шарофати ӯ прайм-тайми мо иваз шуд: ӯ аз соати 10 субҳ то 14 рӯз барномаҳои худро пахш мекунад ва дар ин замон шумораи шунавандагон хеле зиёд шудааст. Ғайр аз ин, ҳоло моро дар он минтақаҳое гӯш мекунанд, ки қаблан гӯш намекарданд. Гузашта аз ин, барандагони радиои имрӯза на танҳо дар студия дар назди микрофон кор мекунанд, балки ҳамчунин метавонанд муҳтаворо (контент) дар форматҳои дигар таҳия намоянд: подкастҳо сабт мекунанд, наворбардорӣ мекунанд, матнҳо менависанд, онҳо универсалӣ ҳастанд, илова мекунад Манижа.
Дар солҳои охир, радиои “Азия-Плюс” ҳамчунин ба соҳаи ивент-индустрия баргашт. Дар соли 2021, кормандони радиои “Азия-Плюс” консерти калони «Tarona Music Award» баргузор намуда, фестивалҳо ва чорабиниҳои гуногуни тиҷоратӣ ташкил карданд. Дар мавриди муҳтаво, бар хилофи аксарияти радиоҳои Тоҷикистон, ки сирф хусусияти тафреҳӣ доранд, рӯзноманигорони “Азия-Плюс” дар эфир блокҳои иттилоотӣ пахш мекунанд, инчунин мусоҳибаҳои муаллифӣ ва барномаҳое омода мекунанд, ки дар онҳо мавзуъҳои иҷтимоиро низ матраҳ мекунанд.
— Мо ба эфир меҳмононро даъват менамоем ва проблемаҳои муҳими ҷамъиятро муҳокима мекунем. Мо мефаҳмем, ки радио барои бештари ҳамватанони мо баъзан манбаъи асосии иттилоот аст ва мо кӯшиш мекунем, ки на танҳо муҳтавои фароғатӣ, балки миқдори ҳадди аксари муҳтавои маърифатиро низ пешниҳод намоем, — гуфт Манижа.
Ин мавод дар чорчӯби барномаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews по дастгирии USAID амалӣ мешавад, таҳия шудааст.