Дар саросари ҷаҳон занҳои рӯзноманигор ҳам дар ҳаёти воқеӣ ва ҳам дар интернет пайваста мавриди таҳдиду таҳқир қарор мегиранд. Аксари вақтҳо хушунати онлайн ба воқеият табдил ёфта, ба хешовандони наздики рӯзноманигорон ва ҳатто фарзандони онҳо мегузарад. Оё ин хатарҳо занони дар расонаҳои Осиёи Марказӣ кор мекардагиро маҷбур мекунад, ки хомӯширо ихтёр кунанд ва ҷомеа ба таҳдидҳо алайҳи кормандони зан дар ВАО чӣ гуна нигоҳ мекунад? Коршиносон ва ҷабрдидагони чунин таҳқир рӯзи 16 феврал дар панҷумин маҳфили духтарони расонаии Internews ин масъалаҳоро баррасӣ карданд. Модераторони суҳбат кормандони Internews дар Қазоқистон ва Тоҷикистон Марина Михтаева ва Лилия Гайсина буданд.
Марина Михтаева ба ширкаткунандагони маҳфили духтарони расонаӣ таҳқиқоти ЮНЕСКО ва Маркази байналмилалии рӯзноманигоронро дар бораи мушкилоти зӯроварии онлайнӣ нисбат ба занони рӯзноманигор пешниҳод намуд. Таҳқиқот соли 2020 дар байни 900 нафар аз 125 кишвари ҷаҳон гузаронида шудааст. Натиҷаҳо андешаи 714 пурсидашудаеро, ки худро зан муаррифӣ кардаанд, инъикос мекунад. Дар муқаддима муаллифон ду хулосаи асосӣ мебароранд: дар бораи таҷрибаи номутаносиби рӯзноманигорони зан, ки зӯроварии онлайниро аз сар гузаронидаанд ва робитаи ин падида бо мавзуъҳое, ки онҳо пӯшиш медиҳанд. Теъдоди ҳамлаҳои интернетӣ ба занон афзоиш меёбад, чунки аксари рӯзноманигорон дар ин бора хабар намедиҳанд, ба таври оммавӣ ошкор намекунанд ва роҳбарияти онҳо аксари вақтҳо чунин ҳодисаҳоро ҷиддӣ қабул намекунанд.
Таҳқиқот нишон дод, ки 73%-и занони пурсидашуда бо сабаби кори худ зӯроварии онлайниро аз сар гузаронидаанд, 25% таҳдиди зӯроварии ҷисмонӣ, 18% таҳдиди зӯроварии ҷинсӣ, 13% таҳдидҳо нисбат ба хешовандон, кӯдакон, хоҳарон ва ғайраро дидаанд, 20%-и занони посухдода мавриди ҳамлаи ҷисмонӣ ва таҳқири воқеӣ қарор гирифтаанд, ки пеш аз он хушунати онлайнӣ сурат гирифтааст. 47%-и занон мушоҳида кардаанд, ки ҳангоми дар мавзӯи гендерӣ навиштани онҳо мавриди ҳамла қарор мегиранд, 44% — ба далели навиштани мақолаҳо дар мавзӯи сиёсат, 31% — барои матолиб дар бораи ҳуқуқи инсон. 41%-и занҳо бар ин боваранд, ки қурбонии маъракаҳои туҳматангези созмонёфта шудаанд, аммо танҳо 25%-и занони ин назарсанҷӣ ба корфармоёнашон хабар додаанд. Дар 10%-и ҳолатҳо онҳо ҳеҷ гуна ҷавоб нагирифтаанд, дар 9%-и ҳолатҳо роҳбарият ба онҳо маслиҳат доданд, ки «нозук нашавед, қавӣ бошед», дар 2%-и дигар роҳбарон аз онҳо пурсидаанд, ки чӣ кори онҳо боиси ин ҳамла шудааст.
Ин назарсанҷӣ намудҳои зерини хушунат (рафтори душманона)-ро муайян кардааст: озор бо истифода аз суханони нафратангез — 49%, паёмҳои шахсии номатлуб — 48%, таҳдид ба обрӯ — 42%, таҳдиди зӯроварии ҷисмонӣ — 25%, таҳдид ба мавқеи касбӣ — 23%, таҳдиди зӯроварии ҷинсӣ — 18%, назорат — 18%, паҳн кардани аксҳои шахсӣ -15%.
Дар 57%-и мавридҳо сарчашмаҳои таҷовуз афроди ба посухгӯяндагон номаълум, дар 15% манбаъҳои иттилоот, тамосҳои корӣ, ки мехоҳанд даҳони занонро бибанданд, дар 14% кормандон ва мансабдорони давлатӣ будаанд.
Хушунати онлайн ба чӣ оварда мерасонад?
Тибқи посухҳои занон, дар 30% -и ҳолатҳо онҳо ба сензураи худ оғоз мекунанд, аз муошират канора мегиранд ва аз пӯшиш додани мавзуъҳои муайян ё мавзӯъҳое, ки қаблан ба онҳо машғул буданд, худдорӣ мекунанд.
СММ ба давлатҳо чӣ тавсияе барои таъмини риояи қонун ва ҳуқуқи занон медиҳад?
Созмони Милали Муттаҳид даъват мекунад занонеро, ки мавриди зӯроварӣ қарор гирифтаанд, ба иғвогарӣ муттаҳам накунанд, занонро дар ошкор сохтани далелҳои зӯроварӣ дастгирӣ кунанд. Нашрияҳо ташвиқ карда мешаванд, ки тартиботи ҳассос ба гендерро муқаррар кунанд, то ҷабрдида тавонад дар бораи чунин ҳолатҳо хабар диҳад, зеро медонад, ки ба онҳо ёрӣ дода мешавад. Мақомот бояд ҳамлаҳои интернетиро таҳқиқ кунанд ва дархосткунандагону иҷрокунандагонро ба ҷавобгарӣ кашанд.
— Мушкилоти зӯроварии интернетӣ нисбат ба занон сохта нест. Таҳқиқот тасдиқ мекунад, ки ин ҳамлаҳо дар ҳақиқат тобиши гендерӣ доранд. Фазои маъоф будан аз ҷазо чунин ҳамлаҳоро ташвиқ мекунад, занони рӯзноманигорро рӯҳафтода карда, дар ниҳоят ба озодии баён ва умуман вазъи рӯзноманигорӣ таъсир мерасонад – тазаккур мекунад Михтаева.
Рӯзноманигори қазоқ Динара Егеубаева саркӯбии эътирозҳои моҳи январ ва ҷанги Украинаро фаъолона инъикос мекард. Моҳи ноябри соли гузашта пеш аз интихоботи президентӣ чархи мошини ӯро сӯрох карда, ба қулфҳои он ширеш рехта, шишапоккуни мошинро бо ширеш часпонида буданд. Рӯзи 13 январ мошини Егеубаеваро оташ заданд. Дере нагузашта рӯзноманигор дар бораи ҳамла ба писараш бо истифода аз таппонча хабар дод. Пеш аз ҳамлаҳои ҷисмонӣ ба оилаи Динара Егеубаева ҳамлаҳои ботҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, зангҳо ва паёмҳо аз рақамҳои номаълум сурат гирифтанд.
— Бале, ин ҳама хеле нохушоянд аст, бале, ин ҳама хеле даҳшатнок аст. Аммо дар ҳақиқат, ман ба саволи асосии худ ҷавоб додам: то куҷо омодаам биравам. Ва агар то оташ задани мошин ҷавоби ин саволро намедонистам, пас аз сӯхтор ҷавобро пайдо кардам. Ба худам гуфтам: «Ман омодаам, ки то охир биравам». Ман мефаҳмам, ки мақомоти мо метавонанд иқдомоти шадид анҷом диҳанд. Ман ба ҳама чиз омодаам ва ақибнишинӣ карданӣ нестам. Бо нишон додани тарс ба ҳар шакле, мо фақат ба онҳо кумак мекунем. Агар мо таваққуф кунем, ин онҳоро бознамедорад. Пуштибони мо на танҳо ошкорбаёнӣ, балки шуҷоат ҳам шуда метавонад. Онҳоро ҷасорати ман гиҷ мекунад, зеро онҳо бо марде сарукор надоранд, ки бояд ин гуна рафтор кунад, балки бо зан сарукор доранд. Он чизе, ки ман шудаам, низ натиҷаи фишор аст. Ҳар қадар ба ман таҳдид мекарданд, ҳамон қадар фаъолтар мешудам.
Зебо Тоҷибоева, асосгузори нашрияи тоҷикии Your.tj ҳангоми анҷоми корҳои хайрия ба хушунати онлайн ва ҳамлаҳои густурдаи нафрат (хейтерӣ) рӯбарӯ шуд.
— Хейтерҳо ба мо таълим медиҳанд. Телефони ман дар таблиғи хидматрасонии маҳс (массаж) истифода мешуд. Ман ҳама шумораҳои телефон, ҳама маълумот ва нишониҳоямро аз шабакаҳои иҷтимоӣ хориҷ кардам. Ман вокуниш ба таҳқир дар шабакаҳои иҷтимоиро қатъ кардам, ҷавоб намедиҳам, блок мекунам. Ягона чизе, ки маро метарсонад ва ҳамеша метавонад тарсонад, ин аст, ки ду духтари ноболиғ дорам. Вақте ки ба шумо номи онҳо, рӯзҳои таваллудашон, дар куҷо таҳсил карданашонро мегӯянд, шумо аллакай шикаста мешавед, шумо наметавонед дигар ин қадар ҷасур ва қотеъ бошед.
Мади Мамбетов, рӯзноманигор, профеминист:
— Дар ҷомеаи мо дар ҳама ҷо ва ҳама тараф табъиз, табъизи ҷинсӣ ва занситезӣ вуҷуд дорад. Дар рӯзноманигории мо соҳаҳое ҳастанд, ки дар онҳо занон метавонанд кор кунанд, ин аз нигоҳи ҷомеа қобили қабул аст. Ва инҳо танҳо соҳаҳои иҷтимоӣ ҳастанд: ҳикояҳо дар бораи нафақахӯрон, масъалаҳои гендерӣ. Мардон бо сиёсат, иқтисод, варзиш машғул мешаванд. Гумон меравад, ки мардон бештар худдор ва мантиқӣ ҳастанд. Ман ҳам зери дасти мардон ва ҳам занон кор кардаам. Таҷрибаи ман ин аст, ки занон ҳамеша роҳбарони оқилтаре буданд.
Занон бештар аз мардон мавриди зӯргӯии сайберӣ қарор мегиранд. Чунин эътиқод аст, ки мард далер аст, ҷанг мекунад, ба сӯи сангарҳо мешитобад, аз мардон метарсанд. Чунин рафтор аз занон ғайричашмдошт буда, он маҳкум мешавад. Сабки онҳое, ки ба рӯзноманигорон дар Қазоқистон ҳамла мекунанд, қобили мушоҳида аст — ин таҳдид ба хонавода ва наздикони онҳост. Воқеият ин аст, ки занон нисбат ба мардон бештар ба фарзандони худ ғамхорӣ мекунанд. Кӯшишҳои тарсонидан ба одамони мушаххас равона нашудаанд, ин паём барои тамоми соҳаи касбӣ аст. Ҳар касе, ки дар расонаҳо кор мекунад, ин расидани кордро ба зери манаҳи худ эҳсос мекунад.
Ҳам мардон ва ҳам заноне, ки дар ВАО кор мекунанд, бояд ба номутаносибии дохилии қудрат таваҷҷуҳ кунанд, бубинанд, ки чӣ гуна маошҳоро афзоиш медиҳанд, синну соли фарзандоварии зан чӣ гуна боиси сустии рушди касбии ӯ мешавад, дар фарқияти музди кор, мо «gender wage gap»-и хеле ҷиддӣ дорем. Ман худам дар 24-солагӣ сармуҳаррир шудам ва номзадҳои занро шикаст додам: фикр мекунам, ба ин хотир, ки мард ҳастам.
Самал Ибраева, сармуҳаррири нашрияи қазоқии Ulysmedia. Рӯзи 18 январ хакерҳо сайти ин нашрияро шикаста, маводҳоро нобуд ва иттилооти шахсии тамоми аъзои хонаводаи Ибраеваҳо, аз ҷумла аксҳои ҳуҷҷатҳои фарзандон ва ҳамчунин аксҳои оилавиро нашр карданд. Рӯзи 8 феврал курйер ба рӯзноманигор як қуттиро бо узвҳои дарунии як ҳайвон ва аксҳои фарзандонаш оварда дод.
— Ҳамлаҳои интернетӣ ба ман моҳи майи соли гузашта аз каналҳои номаълуми Telegram оғоз ёфтанд, вале ман кӯшиш мекардам, ки ба онҳо аҳамият надиҳам, зеро фикр мекардам, ки ин ҳазинаҳои касбӣ аст. Ду ҳодисаи охир касро ба ташвиш меорад, вале ман одами вафодор ба принсипҳо ҳастам ва ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда, воқеаҳои дар Қазоқистон руйдодаро инъикос хоҳам кард. Сиёсати нашриявии Ulysmedia тағйир намеёбад.
Лилия Гайсина афзуд, ки дар соли 2022 дар Тоҷикистон боздошти блогерҳо ва рӯзноманигороне, ки мавзуъҳои ҷиддиро матраҳ мекарданд, зиёд ба қайд гирифта шуд. Аммо, ғайр аз ин, милитсия ба духтароне таваҷҷуҳ кард, ки дар аккаунтҳои Instagram-и худ видеоҳои суруду рақсро нашр мекунанд.
— Ин муҳтавои оддӣ аст, аммо аз чӣ сабаб бошад, ки муаллифони духтар ба таҳти назари милитсия афтодаанд. Ба як блогердухтари 18-сола 10 рӯзи ҳабси маъмурӣ дода шуд, Вазорати корҳои дохилӣ аксҳои ӯро нашр кард. Вақте ки хабар дар бораи ӯ дар ВАО пайдо шуд, мухотабони онҳо ба таҳқири духтар ҳамроҳ шуданд.
Ниссо Расулова, коршиноси гендерӣ ва мунаққиди расонаҳо дар бораи ин қазия ба таври муфассал гуфт:
— Вазорати корҳои дохилӣ дар як пахши матбуотӣ (пресс-релиз) навишт, ки блогер ба паҳн кардани «видеои дорои хусусияти шаҳвонӣ бо истифодаи калимаҳои таҳқиромез» машғул будааст. Шореҳон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки чӣ гуна мехостаанд ӯро дар тӯли 10 рӯз дар боздоштгоҳ таҷовуз кунанд, аммо касе аз ин шарҳҳо шикоят накард ва ба онҳо аҳамият надод — баръакс, фаъолона лайк гузоштанд. Рӯзноманигорон чеҳраи духтари ҷавонро хира накарданд ва ҳатто никнейми ӯро дар Instagram нишон доданд. Дар байни хейтерҳои духтар одамони номдори Тоҷикистон низ буданд.
Расулова мегӯяд, ин ягона ҳодисаи таҳқири блогерони зан дар кишвар нест.
— Пас аз боздоштҳо духтарон бо гуфтани суханҳои: «Ман он тавре ки духтари тоҷик бояд рафтор кунад, рафтор хоҳам кард» навор сабт карданд. Аммо касе намегӯяд, ки духтари тоҷик бояд чӣ гуна рафтор кунад, ҳамааш пинҳон аст, бояд худатон ба таври интуитивӣ тахмин кунед. Ман як блогерзани машҳур дар ТикТок будам, фаъолиятамро қатъ кардам. Ба ман иҷозат надоданд, ки идома диҳам. Ман дар он ҷо дар бораи гендер ва феминизм нагуфтам, дар бораи фарҳангу анъана, забон, либосҳо ва Тоҷикистон ҳарф задам. Ва он гоҳ ман мавриди таҳқир қарор гирифтам.
Маргарита Бочарова, рӯзноманигори қазоқ ва мунаққиди расонаӣ, таҳлили инро омода кардааст, ки мухотабон ба хушунати онлайнӣ алайҳи рӯзноманигори зан чӣ вокуниш нишон медиҳад.
— Шабакаҳои иҷтимоӣ ба манбаи асосии нафрат (hate) табдил меёбанд. Тамоюлҳои зеринро метавон қайд кард:
— одамоне, ки ба хабари ҳамлаҳо шарҳ менависанд, бар ин боваранд, ки агар ҳамлаи воқеӣ ба рӯзноманигор ва моликияти ӯ сурат нагирифта бошад, пас ӯ “хатро убур накардааст” ва дар бехатарии шартӣ аст;
-шарҳнависон рӯзноманигоронро ҳамчун фаъолони ҷанги иттилоотӣ мебинанд ва онҳоро анҷомдиҳандаи фармонҳои дигарон меҳисобанд. Аксари вақтҳо аз мухотабон чунин саволҳо шунида мешаванд: «Оё шумо аз коре, ки анҷом медиҳед, огоҳӣ доред?» Мухотабон рӯзноманигоронро муттаҳам мекунанд, ки онҳо ба худнамоӣ машғуланд ва «спектакл» бозӣ мекунанд;
-баъзе шарҳҳо тамоми вазъиятро беарзиш месозанд, одамон дар бораи маринад дар зери пост дар бораи баста (посылка) бо гӯшт ва аксҳои кӯдакон шӯхӣ мекунанд. Гӯё онҳо воқеияти он чиро, ки иттифоқ афтодааст, намебинанд, балки дар бораи сифати гӯшт баҳс мекунанд ва ё гумон мекунанд, ки ин корро ҳаводорони ранҷидаи рӯзноманигор анҷом додаанд.
Марина Михтаева дар ҷамъбасти суҳбат ба афзоиши мавридҳои ҳамла ба рӯзноманигорон ва блогерони зан дар Қазоқистон ва Тоҷикистон ишора кард. Механизмҳо дар ҳама ҳолатҳо яксонанд: ин нашри маълумоти шахсӣ, шумораҳои телефон, навиштаҳои бадномкунанда, кӯшиши фишор ба хешовандон ва фарзандон аст.
— Набояд чунин вонамуд кард, ки ҳеҷ чиз рӯй надодааст. Мо бояд лоақал дар ин бора суҳбат кунем, ҳамдигарро дастгирӣ намоем, аз полис тафтиши ҳамаҷонибаро талаб кунем.
Маҳфили духтарони расонаӣ бо кумаки мардуми Амрико тавассути Агентии ИМА доир ба рушди байналмилалӣ (USAID) имконпазир гардид ва дар доираи барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ карда мешавад. Internews барои муҳтавои он масъул аст, ки он на ҳатман нуқтаи назари USAID ё ҳукумати ИМА-ро баён мекунад.