ДомойСаводи РасонаӣБарои пок кардани маълумоти бе иҷозати Шумо нашргардида чӣ кор бояд кард?

Барои пок кардани маълумоти бе иҷозати Шумо нашргардида чӣ кор бояд кард?

Jom.tj силсиламатолиби ҷолиберо дар мавзӯи саводи расонаӣ омода кардааст. “Хабарнигори муосир” ин силсиламатолибро тарҷума ва адаптатсия намуд, бо нияти он, ки муфидтарини онро бо шумо мубодила намоем ва шуморо аз фиреби қаллобон эмин дорем. Ин мавод яке аз ин силсиламатолиб аст. Давраи комилро бо ин линк дидан мумкин аст.

Чеҳра, бадан, либоси шумо, ки шахсияти шуморо муайян мекунад, маълумоти шахсии шумост! Ҳар касе, ки шуморо акс ё видео мегирад, ҳар куҷое нашр мекунад, шумо ҳақ доред, ки онро пок кунед.

Ҳуқуқ ба ҳазф ё пок кардани чунин маълумот як масъаллаи дахлнопазирист. Дар аксар кишварҳо шаҳрвандон метавонанд аз ҳама гуна манбаъ (вебсайт, шабакаи иҷтимоӣ, мессенҷер ва ғайра) талаб кунанд, ки маълумоти шахсии ӯро нест намоянд.

Оё медонед, ки дар Тоҷикистони мо чӣ гуна аст? Акнун чунин меъёр дар кодекси нави мадании Тоҷикистон ҷой гардид, вале тариқи судӣ. Ин Кодекс аз 1 июли соли 2023 мавриди амал қарор мегирад:

Агар дар шабакаи интернет, рӯзнома, китоб, барномаи телевизионӣ маълумоте ҷойгир шавад, ки ҳуқуқҳои шахсии Шуморо вайрон мекунанд суд метавонад паҳн намудани иттилооти дахлдорро манъ намояд. 

Дар ҳолате, ки агар иттилооти мазкур баъди паҳншавӣ дар шабакаи интернет дастрас гардида бошад, шахси гунаҳгор бояд онро бо тарзе, ки дастрасии раддияро ба истифодабарандагони интернет таъмин мекунад, рад намояд. (мазмун аз Моддаи 230-и Кодеки мадани ҶТ)

Чанд ҳолати бе иҷозат нашри аксу наворҳои шаҳрвандон бо мақсади беобрӯ кардани онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД муаян ва шахсоне, ки ин амалро содир карданд, дастгир шуданд. Ду ноболиғ, ки яке 16 ва дигаре 15 сола мебошанд дар шабакаи иҷтимоии инстаграм бо номҳои “hodisa tv” ва “hodisa rezerv” саҳифаи кушода аксу наворҳои духтаронро бе иҷозат нашр мекардаанд. Ба ин монанд шаҳрвандон Бобозода Ноёб ва Исроилзода Муҳаммадҳусейн низ аксу наворҳои шаҳрвандонро бе иҷозат дар интернет нашр мекардаанд, ки нисбаташон чораандешӣ шудааст…

 

Ҳодиса TV –саҳифае дар шабакаи инстаграм  аст, ки  ҳама гуна наворро нашр мекард. Бархе истифодабарандагони интернет низ наворҳои гуногунро бо шиори “Ҳодиса TV бқапш” мефиристоданд. Бо тақлид ба ин саҳифа садҳо саҳифаи монанд низ боз гардид, ки мушаххас кардани соҳибони онҳо мушкил аст.

Ин саҳифаҳо бештар робитаи маҳрамонаи мардумро дар кӯчаҳо ва марказҳои дилхӯшӣ ба навор гирифта дар интернет нашр мекунанд. То имрӯз садҳо навор нашр шудаанд.  Бештар духтарон ҳадафи ин саҳифаҳо қарор мегарданд.

Онҳое ки аксу наворашон ба ин саҳифа меафтад, бар ивази маблағ, бо зораву тавалло ё дигар роҳ аз соҳибони саҳифа хоҳиш мекунанд, ки маълумоти онҳоро пок созанд. Баъзе наворҳо ҳафз мешаванду баъзеашон боқӣ мемонанд. Дақиқ нест, ки ҳадафи онҳо ислоҳ кардани вазъият ё беобрӯ кардани мардум?

Саодатро нафаре ношиносе дар нақлиёти ҷамъиятӣ бе иҷоза акс гирифта, дар Тик Ток гузошт. Ин ҷавондухтар ҳуқуқшинос аст ва барои ҳимояи ҳуқуқи хеш хеле талош кард.

Ӯ дар ин бора ба мо нақл кард, ки чӣ корҳоро анҷом дод ва натиҷа чӣ буд?

 

Редакция
Редакция
Редакционный аккаунт сайта "Новый репортер".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ