ДомойСаводи РасонаӣПаст задани шаъну шараф чӣ гуна ҷавобгарӣ дорад?

Паст задани шаъну шараф чӣ гуна ҷавобгарӣ дорад?

Jom.tj силсиламатолиби ҷолиберо дар мавзӯи саводи расонаӣ омода кардааст. “Хабарнигори муосир” ин силсиламатолибро тарҷума ва адаптатсия намуд, бо нияти он, ки муфидтарини онро бо шумо мубодила намоем ва шуморо аз фиреби қаллобон эмин дорем. Ин мавод яке аз ин силсиламатолиб аст. Давраи комилро бо ин линк дидан мумкин аст.

Ба ҷуз рейдҳои мақомот, муроҷиатҳо низ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мушоҳида мешавад, ки ин ё он нафар онҳоро таҳқир ва шаъну шарафашонро поймол сохт.

Барои пешгирӣ аз ҷунин ҳолатҳо Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти № 61 аз 4 феврали соли 2020 “Дар бораи ташкили гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, одоби шаҳрнишинӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ ва терроризму ифротгароӣ миёни сокинони пойтахт» қабул шуд.

Натиҷаи як амалиёт аз ҷониби мақомоти милитсия барои иҷрои ин қарор,  шарҳ дода шудааст, ки танҳо давоми як рӯзи баргузории амалиёти шартӣ бо номи «Тартибот» аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе 25-ҳолати вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва беэҳтиромӣ зоҳир намудан нисбати дигар шаҳрвандон дар маконҳои ҷамъиятӣ ошкор шуд.

«Махсусан, ҳодисаи нангин он аст, ки баъзе аз ҷавонон нисбати модарону хоҳарон ҳақорату дашном ва суханони носазо гуфта, шаъну шарафи онҳоро дар назди дигар атрофиён паст мезананд.»,-омадааст дар иттилоияи мақомот пас аз амалиёт.

Нафарони боздоштшуда аз ҷониби мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе пас аз амалиёти шартии «Тартибот». Акс аз vkd.tj

Аммо паст задани шаъну шарафро гурӯҳе аз одамон як амали оддӣ меҳисобанд ва ба назари онҳо ин амал ба инсон ягон зарар намеорад.
Ҳол онки паст задани шаъну шараф ҳам рӯҳияи инсонро мешиканаду ҳам ғурури ӯро.
Танҳо бо таҳқир кардан шаъну шараф паст зада намешавад.
Паҳн намудани маълумоти бардурӯғ, туҳмату таҳқир воситаҳои асосии пастзанандаи шаъну шараф ба ҳисоб мераванд.
Туҳмат – дидаю дониста паҳн кардани маълумоти бардурӯғ оид ба шахс
Таҳқир – беадобона, бо гапҳои қабеҳ паст задани шаъну шарафи шахси дигар дониста мешавад.

Бояд донист, ки ҳифзи шаъну шарафи шаҳрванд пас аз вафоти шахс низ импконпазир аст. Яъне, хешовандон ё ворисонаш метавонанд ин корро анҷом диҳанд.
Манфиати ноболиғон ё нафароне, ки бо сабаби вазъи саломатӣ наметавонанд шаъну шарафи худро мустақилона ҳифз намоянд, падару модар ё намояндагони дигари қонунӣ ҳуқуқҳои онҳоро амалӣ месозанд.
Дар ҳолати ба вуҷуд омадани чунин баҳсҳо, қонун якчанд механизми ҳимояи ҳуқуқӣ вуҷуд дорад. Агар ту чунин мешуморӣ, ки маълумоти паҳнкардашуда шаъну шарафатро паст зада ба ҳақиқат мувофиқат намекунад, метавонӣ ба суд муроҷиат кунӣ.
Ҳатто нафаре, ки ному насабаш бароят номаълум асту маълумоти пастзанандаи шаъну шарафатро паҳн мекунад, метавонӣ барои мушаххас карданаш ба мақомот муроҷиат намоӣ.

Ҳуқуқшинос Иноят Иноятов мегӯяд, агар дар бораи шумо тариқи интернет ё  шабакаҳои иҷтимоӣ маълумоти бардурӯғ ё маълумоти пастзанандаи шаъну шараф паҳн гардида бошад, дар чунин маврид шумо ҳуқуқ доред, ки ба суд дар бораи бардурӯғ эътироф намудани маълумоти паҳнгардида муроҷиат намоед.

«Агар дар мурофиа судӣ муқаррар гардад, ки маълумоти паҳнгардида шаъну шараф ё эътибори кории шуморо паст мезанад, дар ин ҳолат суд ҳалномаи судӣ қабул намуда, маълумоти дар интернет паҳнгардидаро бардурӯғ эътироф менамояд ва аз ҳисоби муллифи мақола ва воситаи ахбори омма ба манфиати даъвогар маблағи ҷуброни зарари маънавӣ руёнида мешавад.»

 

Маълумоти бештар дар ин навори ташреҳӣ.

 

Редакция
Редакция
Редакционный аккаунт сайта "Новый репортер".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ