Jom.tj силсиламатолиби ҷолиберо дар мавзӯи саводи расонаӣ омода кардааст. “Хабарнигори муосир” ин силсиламатолибро тарҷума ва адаптатсия намуд, бо нияти он, ки муфидтарини онро бо шумо мубодила намоем ва шуморо аз фиреби қаллобон эмин дорем. Ин мавод яке аз ин силсиламатолиб аст. Давраи комилро бо ин линк дидан мумкин аст.
Калимаи Bull-барзагов ва bullying як истиораи рафтори хашмгини гов аст.
Буллинг сӯиистифода аз қудрат аст, ки қавитар заифтарро озор медиҳад. Таҳқир метавонад шифоҳӣ, ҷисмонӣ ё равонӣ бошад. Қавитарҳои мактаб аксар вақт кӯдаконеро, ки аз худ дифоъ карда наметавонанд, таҳқир мекунанд, дашном медиҳанд, таъқиб мекунанд, таҳдид мекунанд ва масхара менамояндд. Онҳо метавонанд қурбониёни худро ному тахаллусҳои ношоиста гузоранд, зоҳир ва рафтори онҳоро масхара кунанд, аз майдони бозӣ берун созанд, пул ва дигар ашёи онҳоро дуздида ё бо зӯрӣ бигиранд. Баъзан ҷабрдидагон низ мавриди ҳамлаи ҷисмонӣ қарор мегиранд, масалан, онҳоро латукуб мекунанд, тела медиҳанд.
Як намуди нозук ва ғайримустақими таҳқир, ки дар байни духтарон маъмул аст, бадном кардани дигарон дар муҳити мактаб аст. Бо паҳн кардани овозаҳо, дурӯғҳо, ғайбат кардан, ифшои асрори дигарон, паҳн кардани навиштаҳои зишт, рад кардан, беэътиноӣ кардан ва аз фаъолияти гурӯҳӣ хориҷ кардани ҳамсабақон дар атрофи худ паст задани одамони гирду атроф буда метавонад, ин гуна бозиҳои таҳқиромез бошад. Писарон бештар бо таҳдид ва зӯроварии ҷисмонӣ таҳқир мекунанд, аммо истифодаи таҷовузи лафзӣ ва равонӣ дар байни занҳои зӯровар бештар маъмул аст. Таҳқири шифоҳӣ ё равонӣ метавонад ба мисли таҳқири ҷисмонӣ зараровар бошад.
Тибқи як пажӯҳиш, 35 дарсади хонандагони мактаб дар ҷаҳон бо ин ё он шакл ба буллинг рӯ ба рӯ мешаванд. Мутаассифона, ин омор сол то сол меафзояд. Зеро, дар интернет падидаи нав – кибербуллинг зуҳур кардааст.
Кибербулинг-озору азият дар интернет аст. Ҳодисаи зери қатора мондани Раҳима Каримова тасодуфӣ набуд ва ин як навъ кибербулинг маҳсуб мешавад.
Чӣ гунае ки наздиконаш ба расонаҳо нақл кардаанд, ҷавоне пайваста аксҳои Раҳимаро бо истифода аз фотошоп тағйир дода, тариқи инстаграм нашр мекардааст ва Раҳима дигар тоб наоварда, худро зери чархи қатора мепартояд.
Маъмулан, кибербулинг дар шакли маводи матнӣ, зангҳо, почтаи электронӣ ё чатҳои онлайнӣ истифода мешавад. Аммо таҳқиру тарсондани одамон бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад.
Дар ин эксплейнер Jom.tj маҳфуми «буллинг» ва «кибербуллинг»-ро бо мисолҳо шарҳ додааст. Бубинед ва фикру назари хешро дар шарҳҳои маводи асосӣ нависед.