Оксана Силантева – продюсери лоиҳаҳои мултимедиявӣ ва кросс-медиавӣ, мураббӣ — мушовир дар соҳаи маркетинг ва идоракунӣ, мутахассис оид ба пешбурди брендҳо дар фазои рақамӣ.
Магистри мултимедиа -рӯзноманигорӣ (дорандаи дипломи Bournemouth University, Британияи Кабир).
Мо кайҳост, ки бо Оксана бомуваффақият ҳамкорӣ мекунем.
Мақолаи хулосавии ӯро, ки « Имкониятҳои рекламавии сомонаи иттилоотӣ» унвон гирифтааст, барои курсҳои онлайнӣ пешкаш мекунем. Тавсия медиҳем, ки дар ин курс ҳамаи шарикон ва ҳамкасбони мо иштирок намоянд.
Вақтҳои охир, ман бисёр вақт вебинар ва семинарҳо дар сари таҳрирӣ ва рекламаи сиёсӣ доир менамоям , зеро журналистон ва муҳаррирон гӯё ки бо ояндаи мултимедиявии худ мутеъ шуданд. Инак навбати рекламачиён фаро расидаасту онҳо бо ҳамон саволҳое, ки муҳаррирон ва ноширонро тақрибан 8 сол қабл ба ташвиш гузошта буд, муроҷиат мекунанд.
Масалан, саволе, ки соли 2015 як роҳбари шӯъбаи рекламавӣ дода буд, маро ба ҳолати ногувор гузошт. Ӯ пурсид: «Боз чиро ғайр аз баннерҳо, дар Интернет метавон ба фурӯш гузошт?».
Ин савол дар куҷо қарор гирифтани аксарияти менеҷерони мо оид ба реклама ва бархе аз роҳбарони хизматрасонии рекламавиро, ки дар ҳузури онҳо ногаҳон чандин сол қабл интернет- сомонаҳо пайдо шуданд, хеле равшан нишон медиҳад. Равшан аст, ки онҳо медонанд, ки чӣ тавр бо рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, телевизион, радио корбарӣ намоянд, зеро ин муҳит ба онҳо шинос аст. Онҳо бо далелҳо исбот кардани ин интихобро дар назди рекламадиҳандагон омӯхтаанд.
Интернет барои онҳо бегона, даркнашаванда, беманфиат ва дилгиркунанда менамояд. Аз ин рӯ, мо бо ҳамон роҳе, ки замоне бо ноширон ва муҳаррирон қадам мезадем, хоҳем рафт: мо доираи масъалаҳои рекламавиро васеъ намуда, нишон медиҳем, ки дар ҳақиқат сарчашмаи даромад дар Интернет, аз сарчашмаи даромади ВАО-и анъанавӣ тафовуте надорад.
Ҳамаи рӯзномаҳо медонанд, ки «лоиҳаҳои махсус», замимаҳои мавзӯии рекламавӣ чигунаанд. Ба ин монанд, ба мардум продакт-плейсмент низ шинос аст, вақте ки логотипи сарпараст дар баъзе муҳит ҷорӣ карда мешавад, ки он дар экран намоиш дода хохад шуд.
Чорабинии муҳим чист ва конфронс бо маблағи сарпарастон, ки дар он ташкилкунандагон даромад ба даст меоваранд, чӣ тавр гузаронида мешавад, мо хуб дарк мекунем. Хулоса , дар ин маъно интернет аз усулҳои анъанавии ба даст овардани даромад, ҳеҷ фарқияте надорад.
Бале, ҳар як доранда хислати ба худ хосро дорад ва интернет чорабинӣ аз муқаррарӣ, ки ба он одамон дар формати дохилӣ меоянд фарқият дорад; интернет -лоиҳаи махсус аз ҷадвалбандии оддӣ дар рӯзномае, ки мо онро бо маҷмӯи эълонҳои рекламавӣ месохтем, тафовут дорад. Бо ҳисоби бузург, самтҳои асосӣ, ки метавон дар интернет даромад ба даст овард, идомаи мантиқие мебошад, ки мардум аллакай дар ВАО-и анъанавии худ анҷом додаанд.
Ягона саволе ба миён меояд, менеҷерони реклама дар баъзе нуқта боварии комил доранд, интернете, ки онҳо маҷбуранд аз он истифода баранд, бад нест. Интернет — ин имконияти хуб аст, хусусан дар давраи бӯҳрон ва зиёд намудани ҷараёни даромади медиаширкатҳо.
Мудири реклама бояд донад, ки рафтори инсон дар интернет хеле зуд тағйир меёбад. То он даме, ки ба мо фурӯши лоиҳаҳои махсуси мавзӯӣ дар интернет даромад меорад ё на исбот мекунанд, ҷои моро дигарон ишғол намуда, даромад ба даст меоранд.
Ин асосан ба лоиҳаҳои махсуси мавзӯӣ рост меояд. Масалан, агар шумо лоиҳаи махсусеро дар бораи тӯй таҳия карданӣ бошед , ин маънои онро дорад, ки ҳамаи одамон аз рӯи ибораи калидии «тӯй» лоиҳаи мазкурро метавонанд пайдо кунанд. Дар ин ҷо ҳудудҳои ҷуғрофӣ мавҷуд нестанд.
Чӣ қадаре шумо мунтазири далел гардед, эҳтимоли зиёд аст, ки ин ҷараёни маблағро, ки дар медиаширкати худ метавонистед сарф кунед, аз даст диҳед.
Ноширон ва соҳибон бояд донанд, ки танҳо додани сарбории арифметикӣ ва ё нақша ба менеҷерони реклама бо калимаҳои » интернетро низ ба фурӯш гузоред» кофӣ нест. Инсон наметавонад, чизеро, ки онро истифода набурдааст, дар борааш маълумоте надорад, дӯст намедорад, ба фурӯш гузорад. Бинобар ин, бе маводҳои таълимӣ-маърифатӣ рекламадиҳандагони шумо ногаҳон бомуваффақият интернетро фурӯхта нахоҳанд тавонист.
Ин мисли он аст, ки масалан агар шумо рӯзнома ва радио дошта бошед. Вақте ки шумо ба рекламачиён фурӯши радиоро меомӯзед , шумо бешубҳа бо онҳо семинарҳои шиносоӣ гузаронида, бо ҳар гуна маводи иловагӣ таъмин мекунед. То ки ба онҳо барои ёфтани роҳи худ дар муҳити нав ва фарқ кардани садои рекламавӣ аз бахшҳои иттилоотии рӯзномавӣ кӯмак расонад.
Тахминан ҳамин гуна вазъият дар интернет хоҳад буд: рекламачиён бояд кӯшиш кунанд, ки таҷриба ва намунаҳои омӯзишӣ ба даст оваранд, то ки чӣ тавр реклама дар интернет кор мекунад ва онро бо кадом роҳ ба фурӯш гузошт бифаҳманд.
Дар асл, чунин густариши-ҳамфикрӣ, курс оид ба «Имкониятҳои рекламавӣ дар сомонаи иттилоотӣ» маҳсуб меёбад. Ин — курси асосӣ мебошад, ки мавҷудияти имконоти гуногунро нишон медиҳад. Сипас дар доираи ҳар яке аз ин самтҳо: чорабинӣ, лоиҳаҳои махсус, базаи маълумот, мақолаҳои мултимедиавӣ, пакет ва чорабиниҳои онлайнӣ — Шумо метавонед инкишоф ёфта, дониши худро мукаммал созед.
Матни аслӣ: http://newreporter.org