ДомойБез рубрикиInternews директори ҷумҳуриявиро дар Тоҷикистон меҷӯяд

Internews директори ҷумҳуриявиро дар Тоҷикистон меҷӯяд

Макон: Душанбе, Тоҷикистон.

Тавсиф:

ВАЗИФАҲОИ  АСОСӢ:

Интернюс (Internews) барои дафтари худ дар Тоҷикистон директори ҷумҳуриявӣ меҷӯяд, ки ба вазифаи он роҳбарӣ ба маҷмӯъ (портфолио)-и барномаҳои рушди медиа дохил мешавад. Директори ҷумҳуриявӣ ба кори пурра ҷалб карда мешавад ва бояд дар Душанбе ҷойгир гардад. Директори ҷумҳуриявӣ бояд ба назорати татбиқи умумии маҷмӯъ (портфолио)-и барномаҳо ва роҳбарӣ ҷавоб диҳад.

ВАЗИФАҲОИ  МУҲИМ корҳои зеринро дар бар мегирад (мумкин аст илова шавад):

* Таъмини роҳбарӣ, идоракунӣ, назорати намояндагӣ ва корӣ аз болои барномаҳои Internews дар кишвар;

* Таъмини кӯмаки стратегӣ, амалӣ ва намояндагӣ барои кафолати иҷрои вазифаву ҳадафҳои гузошташуда;  додани тавсияҳо барои ворид намуданм тағйирот ба барномаҳо дар ҳолатҳои зарурӣ барои таъмини иҷрои лоиҳаҳо;

* Нигоҳ доштан ва таҳким бахшидан ба муносибатҳо бо ташкилотҳо-шарикони маҳаллӣ ва таъмини татбиқи барномаҳои ба талаботи баҳрабарандагон ва шарикон зарурӣ;

* Гузаронидани мониторинг ва ҳисоботдиҳии ҳармоҳа оид ба татбиқ намудани лоиҳа ва андешидани тадбирҳо мувофиқи нақшаи кор;

* Назорат аз болои мониторинг ва баҳои иҷрои барномаҳо барои таъмини самаранокии татбиқи онҳо ва барои муайянсозии таъсири чорабиниҳо;

* Ба роҳ мондани муносибату ҳамкорӣ ва фаъолияти наздики мутобиқсозӣ бо маблағгузорон;

* Омодасозии ҳисоботи ҳармоҳа барои роҳбар (супервайзер)-и худ оид ба тамоми лоиҳаҳои ҷории Internews;

* Нигоҳ доштани робитаи наздик бо менеҷерони дигари Интернюс дар минтақа;

* Ташкили стратегии самтҳои нав/усулҳо ва таҳияи барномаҳои нав барои Internews ҷиҳати кӯмак ба медиаҳои мустақил;

* Ҷамъкунӣ ва дастгирии дониши васеъ доир ба масъалаҳои рушди медиаҳои мустақил, ҳамзамон, муҳити сиёсӣ ва иқтисодӣ, ки онҳо дар он фаъолият менамоянд;

* Мунтазам ташриф овардан ба ширкатҳои медиавии миллӣ ва минатақавӣ барои омӯзиш ва нигоҳ доштани робита;

* Ҳавасмандкунии ширкатҳои медиавӣ барои зиёд кардани шумораву сифатнокии барномаҳо, татбиқи амалияи ахлоқи журналистӣ, баррасии усулҳои идоракунии техникӣ барои рушди тиҷорат;

* Нигоҳ доштани тамос бо намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ;

* Нигоҳ доштани тамос бо ташкилотҳои маҳаллӣ дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ;

* Таъмини бақайдгирии дуруст ва риояи қонунгузории маҳаллии андози дафтари намояндагии Internews;

* Дастгирии рушди тавонмандӣ ва пешрафти медиа-ТҒҲ-и мустақили маҳаллӣ;

* Таъмини риояи қоидаҳо ва муқаррароти ташкилотҳое, ки барояшон лоиҳаҳо пешниҳод карда мешаванд;

*  Идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии кормандони дафтари намояндагӣ дар асоси сиёсат ва қонунҳои дахлдори ташкилот;

* Ба масъулиятҳо дохил мешаванд: гузаронидани сўҳбатҳо барои ба кор қабул кардан ва тайёр намудани кормандон; банақшагирӣ, таъин ва роҳбарӣ ба корҳо; арзёбии иҷроиш; баррасии шикоят ва ҳалли масъала; омода намудани идеяҳои нави лоиҳа барои мушарраф шудан ба муносибатҳо бо маблағгузорон; навиштан ва нашри мақолаҳо.

* Фаҳмиш ва ӯҳдадориҳо барои дастгирии арзишҳои асосии Internews (https://internews.org/core-values)

ДАРАҶАИ  ИХТИСОС

* Зиёда аз чор сол таҷрибаи корӣ дар рушди байналмилалӣ, медиа ва ё ТҒҲ;

* Хислатҳои қавии роҳбарӣ, имкониятҳои идоракунии ҳайати корӣ (сохтори кадрӣ), бинои даставӣ (тим-билдинг), малакаи ташкилӣ;

* Таҷриба дар идоракунии лоиҳаҳо ва амалӣ намудани ҳисобот;

* Малакаҳои идоракунии буҷет ва молия;

* Малакаҳои хуби кор бо компютер;

* Малакаҳои барҷаста дар муошират ва ҳалли мушкилот (проблема);

* Дипломи мувофиқи донишгоҳ;

* Малакаҳои аъло дар навиштани мақолаҳо;

* Дониши хуби забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;

* Таҷрибаи корӣ дар медиа-қонунгузориҳо ё журналистика ва истеҳсоли мавод дилхоҳ аст;

* Таҷрибаи корӣ дар кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта, беҳтараш дар Осиёи Марказӣ;

* Таҷрибаи корӣ дар идоракунии лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Агентиҳои ИМА ва Иттиҳоди Аврупо ё ташкилотҳои байналмилалӣ маблағгузорӣ карда мешаванд;

* Ба аризаҳои пешниҳоднамудаи номзадҳо-шаҳрвандони Тоҷикистон афзалият дода мешавад.

Номзадҳо ба вазифа дархостро метавонанд аз рӯи ин истинод пур кунанд.

Матни аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ