ДомойБез рубрикиInternews Network дар Осиёи Марказӣ озмуни грантҳои хурдро барои ВАО эълон менамояд

Internews Network дар Осиёи Марказӣ озмуни грантҳои хурдро барои ВАО эълон менамояд

Намояндагии Internews Network дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии Агентии ба рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USAID) озмуни грантҳои хурдро барои ВАО эълон менамояд.

Ҳадафҳои грантҳои хурд — ҳавасмандгардонии истеҳсоли муштараки барномаҳо дар мавзӯҳои иҷтимоии дахлдор байни ВАО-и мустақили Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ва мубодилаи чунин барномасозӣ мебошад.

Internews Network истеҳсоли сикли репортажҳои махсусро дар мавзӯи фаъолнокии шаҳрвандӣ (ТВ – давомнокӣ аз 15 то 20 дақиқа), бо имконияти тағйир додани онҳо ба нашрияҳои онлайн (интернетӣ) дастгирӣ менамояд.

Internews Network дархостҳои грантиро барои истеҳсоли репортажҳои махсус аз рӯи самтҳои зерин дастгирӣ менамояд:

  • фаъолнокии шаҳрвандӣ барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, ҳалли муаммоҳои ҷомеа
  • Мавзӯъҳои таҳаммулпазирӣ
  • Ҷамъият бар зидди коррупсия
  • Барномаҳои иҷтимоӣ (барои минтақаи Осиёи Марказӣ ва тамоми кишварҳо рӯзмарра)
  • Ташаббусҳои ҷавонон
  • Ҳуқуқ
  • Гендер
  • Иқтисод
  • Муҳити зист – экология (тағйирёбии ҷаҳонии иқлим)

Шартҳои асосӣ барои гирандагони грант чунинанд:

  • Ҳамкорӣ бо ВАО-и кишварҳои дар боло зикршуда барои пешниҳоди дархостҳои муштарак. Internews дар ҳолатҳои зарурӣ мумкин аст, дар ҷустуҷӯи шарикони имконпазир мусоидат намояд.
  • Мавҷуд будани шарикони техникӣ ва иқтидорҳои инсонӣ барои иҷрои босифати лоиҳаи муштарак.
  • Лоиҳа бояд ба муддати на камтар аз 6 моҳ пешбинӣ гардад.

Грантгирандагони боиқтидорро ҳайати ҳакамон бо баробари дастрасии дархост муайян хоҳад кард. Намояндагони дар натиҷаи озмун интихобшуда аз тренинги ҳафтрӯза доир ба таҳияи репортажҳои махсус мегузаранд, ки барояшон Internews Network ташкил менамояд. Internews Network барои паҳн кардани маводе, ки дар натиҷаи лоиҳаҳои грантӣ таҳия карда мешаванд, дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ: Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳуқуқ пайдо мекунад.

Дархостҳои грантӣ бо меъёрҳои зерин баҳогузорӣ карда мешаванд:

  • Мавод ба меъёрҳои ҳуқуқии кишварҳо мухолифат намекунанд
  • Мавод нуқтаҳои назари гуногунро дар бар мегирад
  • Мавод манфиатҳои ягон ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, динӣ ва шахсони дигарро дар пай надорад
  • Мавзӯъ ва жанрҳои мавод ба талаботи Интернюс ҷавобгӯянд
  • Истифода кардани муносибати эҷодкорона
  • имконияти татбиқи лоиҳа бо якчанд забон.

Дархости грантӣ (шакл замима мешавад) бояд тавсиф, мақсад, натиҷаҳои тахминии лоиҳа (чаро ва чӣ гуна лоиҳа шавқи ҷомеаро ба миён меоварад), нақшаи кор, буҷет (шакл замима мешавад), мактубҳои кафолатии шарикон. Бояд иқтидор ё нерӯи шунавандагон ва қаламраве, ки лоиҳа фаро мегирад, муайян кард.

Дархост дар шакли электронӣ бо забони русӣ қабул карда мешавад ва бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

  • Номи лоиҳа (бояд ба номи барнома мувофиқат намояд);
  • жанре, ки дар он лоиҳа татбиқ карда мешавад;
  • забонҳо, ки бо онҳо барномаҳо пахш карда мешаванд;
  • ном ва шарҳи шарикони эҳтимолӣ аз кишварҳои (Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон) барои дар ҳамкорӣ таҳия намудани барномаҳо;
  • тавсифи лоиҳа (муҳимияти муаммоҳо, рӯйхати мавзӯъ ва қаҳрамонҳо, тавсифи равандҳои бизнес ва технологияҳои татбиқи лоиҳа, кадом масъалаҳо бардошта мешаванд);
  • тавсифи эҷодӣ (нақшаи марҳила ё тавсифи муфассали формати барнома);
  • буҷети лоиҳа;
  • Шарҳи он, ки баъди ба охир расидани гранти хурди Internews лоиҳа чӣ гуна дастгирӣ хоҳад шуд.

Баъд қабули қарори ҳайати ҳакамон, Internews Network дар давоми 10 рӯз танҳо ғолибони озмунро хабардор менамояд.

Дархостҳоро то 23-юми феврали соли 2016 ба ҳамоҳангсозони лоиҳа дар суроғаҳои дар поён зикршуда фиристонед:

дар Қазоқистон: Оксана Осадчук — oossadchuk@INTERNEWS.ORG

дар Қирғизистон: Валентина Галич — vgalich@INTERNEWS.ORG

дар Тоҷикистон: Ҷамшед Шоев — jshoev@INTERNEWS.ORG

 

— See more at: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ