Маркази тадқиқотии Pew гузориши навбатиро оид ба рушди интернет дар ҷаҳон нашр намуд.
Ба он нигоҳ накарда, ки шумораи умумии истифодабарандагон дар нақшаи ҷаҳонӣ меафзояд, тафовут байни сатҳи дастрасӣ ба шабакаҳо дар кишварҳои пешрафта ва кишварҳои бузурги бештар камбизоат вуҷуд дорад.
Дар бисёр кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ рушдкарда интернети “дар ҳамаҷобуда” худазхуд машҳур ҳисобида мешавад. Он тиҷорат, ҳамкории иҷтимоӣ, сиёсат, фарҳанг ва ҳаёти рӯзмарраро ҷаббида мегирад. Аммо дар боқимонда кишварҳои ҷаҳон ин тавр нест. Ҳарчанд дастрасӣ ба интернет дар кишварҳои бештар камбизоат зиёд мешавад, ба ҳар ҳол роҳи бузургеро бояд тай намуд, то лаҳзае, ки ҷаҳон бо он пурра фаро гирифта шавад.
Дар байни 40 кишвари мухталиф, ки дар соли 2015-ум тадқиқот гузаронида шуд, ба ҳисоби миёна 67 фоизи аҳолӣ арз намуданд, ки онҳо интернетро дар баъзе маврид истифода мебаранд, ё аз смартфон истифода менамоянд (чунин посухдиҳандагон ба таври автоматӣ ба гурӯҳи интернет-истифодабарандагон дохил мешаванд). Баландтарин нишондиҳандаи дастрасӣ – ин Кореяи Ҷанубӣ (94 фоиз), Австралия (93 фоиз) ва Канада (90 фоиз), вале сатҳи аз 80 фоиз боло низ мавҷуданд: ИМА, Британияи Кабир, Испания ва Олмон.
Дар бисёр кишварҳои бузурги рушдкунанда 60 фоизи аҳолӣ аз интернет истифода менамоянд, аз он ҷумла, дар Русия ва Туркия 72 фоиз, дар Малайзия 68 фоиз, дар Хитой 65 фоиз ва Бразилия 60 фоиз.
Умуман, нишондиҳандаҳои дастрасӣ ба интернет дар кишварҳои камбизоат пастанд, ки асосан дар Африқо, дуртар аз он Сахара ва дар баъзе аз қисматҳои Осиё, аз ҷумла дар Нигерия 39 фоиз, Индонезия 30 фоиз ва Ҳиндустон 22 фоиз.
Нишондиҳандаҳои пасттарин ба баъзе кишварҳои хеле камбизоат дахл доранд, ки дар тадқиқот иштирок карданд, ба монанди Буркина-Фасо (18 фоиз), Покистон (11 фоиз) ва Эфиопия (8 фоиз).
Аз рӯи минтақа, дар қиёс бо қисматҳои дигари ҷаҳон, шумораи бештари одамон дар Амрикои Шимолӣ ва Аврупо ба интернет дастрасӣ доранд. Аз ҳамаи 40 кишвари ҷаҳон, ки дар тадқиқот иштирок карданд, мардуми бештар ҷавон (синни 18-34 сола) аз интернет бисёр истифода мекунанд ё смартфон доранд.
Тамоюли монанд ва инчунин қариб маъмул барои тафовут дар сатҳи истифодабарии интернет байни мардуми бештар бомаърифат ва камтар маълумотдошта нигоҳ дошта мешавад. Дар ҳамаи 37 кишвар, ки андозаи кофӣ барои таҳлил интихоб карда шуданд, мардуми бештар бомаърифат эҳтимолияти ба интернет дастрасии зиёд доранд, нисбат ба одамони каммаълумот.
Дар ҳамаи кишварҳое, ки дар тадқиқот иштирок карданд,бо андозаи кофӣ барои таҳлил, шахсони бештар бо даромаднокии баланд бо эҳтимолияти зиёд дар баъзе маврид (вақтҳо) аз интернет истифода мебаранд ё смартфон доранд.
Насли сифр, одамони калонсол ва онҳое, ки даромади зиёд доранд эҳтимол аст, ки аз интернет зуд-зуд истифода намоянд, шояд як маротиба дар як рӯз. Бо ибораи дигар, синнусол, маълумот ва даромад на танҳо умуман барои дастрасӣ ба интернет, балки дар давомнокии вақт, ки дар шабакаҳо гузаронида мешавад, нақши муҳим мебозанд.
Имрӯз мутобиқ ба рақамҳои “зинда”-и омори интернетӣ, дар нуфузи ҷаҳонӣ аз рӯи шумораи истифодабарандагони Интернет Қирғизистон ҷойи 106-ум, Тоҷикистон ҷойи 114-ум, аммо Қазоқистон ҷойи 43-юмро дар ҷаҳон ишғол менамоянд.
Умуман омори афзоиши онлайн-истифодабарандагон чунин намудор мешавад:
Ин — ҷадвали афзоиши шумораи сомонаҳо дар ҷаҳон.
Маълумоти бештарро дар реҷаи вақти воқеӣ Шумо аз ин ҷо пайдо карда метавонед.