Дирӯз (27.04.2016) дар Алма-ато, дар идораи намояндагии Internews Network тренинги бошиддати «Тасвири иттилоот» оғоз гардид. Тренер — Михаил Кишкарёв (Русия, Маскав).
Михаил Кишкарёв (www.kishkarev.ru), арт-директор, ороишгари студияи Amlinsky Creative Strategies, хатмкардаи Мактаби Олии Дизайни Британия аз рӯи барномаи «Коммуникатсияи визуалӣ» мебошад.
«Мо бо Шумо дар бораи моҳият, пешниҳоди самараноки иттилооти равшан ва ба осонӣ фаҳмидашаванда сӯҳбат хоҳем кард», — мегӯяд Михаил ба иштирокчиёни тренинг.
Дар муддати се рӯз 12 нафар ороишгарони медиа аз шаҳрҳои мухталифи Қазоқистон тарзи кор бо форматҳои тасвиркунандаро меомӯзанд. Намунаҳои лоиҳаҳои воқеӣ, «сухангӯянда» ва дурахшонро месозанд.
«Биёед дида бароем ва танқид намоем. Бисёр чизҳоро танқид мекунем – набояд аз шарҳи он тарсем», — ҳар як вазифаро иштирокчиёни дар назди ҳамкасбони хеш муаррифӣ хоҳанд кард.
Кашидани автопортрет, вале бо истифодаи танҳо се профили геометрӣ. Эҷоди тасвири рамзии хеш.
«Аз одати муқаррарӣ дур равед. Таваҷҷӯҳи асосиро ба хусусиятҳои бештар назаррас ва муҳим равона намоед. Ба мо зебоӣ зарур нест, ба мо маълумоти равшан зарур аст.
Дар кори ороишгар аз ҳама муҳим — ба миён овардани ҳиссиёти истеъмолкунанда аст. Агар кори Шумо ҳиссиётро ба миён наоварад, ин маънои онро дорад, ки Шумо хомӯш будед, чизе нагуфтед.»
Ҷамъоварии аломатҳо аломати навро намедиҳад. Бояд аз садои барзиёдӣ канорагирӣ намуд. Агар пайвандии аломатҳо симои навро созад, он якбора хонда мешавад», — шарҳ медиҳад Михаил.
Ба иштирокчиён барои кори пуршиддат боз ду рӯзи дигар пешниҳод мегардад, тренинг аз 27-ум то 29-уми апрел гузаронида мешавад. 28-уми апрел бошад, тамоми хоҳишмандон метавонанд ба тренинг тавассути вебинари ройгони Михаил Кишкарёв «Агар дар идора ороишгар (дизайнер) набошад» ҳамроҳ шаванд.
Михаил дар бораи он, ки ороишгари воқеӣ чи гуна бояд бошад, чунин мегӯяд:
[youtube youtubeurl=»RWjMPjw0vjI» ][/youtube]
«Вазифаи асосии ороишгар дар он ифода меёбад, ки ба таври дақиқ бо истифодабарандагон муошират намояд. Ороишгар – ин ҳамон журналисте мебошад, ки бо муштариён муошират мекунад, вале танҳо бо забони тасвирҳо».