ДомойБез рубрикиСтипендия ва грантҳо барои рӯзноманигорон дар моҳи декабр

Стипендия ва грантҳо барои рӯзноманигорон дар моҳи декабр

Ijnet.org бастаи грант, стипендия ва озмунҳоро барои рӯзноманигорон дар моҳи декабри соли 2016 ҷамъ намуд.

Стипендияи Ҷон Найт дар донишгоҳи Стенфорд. Мӯҳлат 1 декабр.

Рӯзноманигорони ботаҷриба, маллифони фикрҳои инноватсиони, ки ба рӯзноманигори алоқа доранд, метавонанд дархостро ба гирифтани стипендияи ба номи Ҷон Найт барои омӯзиш дар донишгоҳи Стенфорди Калифорния.

Барнома 10 моҳ давом мекунад. Стипендиантон имкони муошират бо одамону ширкатҳои пешрафта ва фикрҳои инноватсиони доштаи тамоми ҷаҳон пайдо мекунанд. Ҳаҷми идрорпулӣ – 75 000 доллари ИМА. Барои гирифтани маълумоти муфассал инро пахш намоед.

Барномаи Bellagio Residency. Мӯҳлат 1 декабр.

Барномаи Bellagio Residency, ки аз тарафи Фонди Рокфеллер таъсис дода шудааст, ба иштирокчиён имкони васеъ намудани доираи шиносои ва ҷиҳати гузоштани ҳиссаи худ дар ҳалли масъалаҳои глобали, фароҳам меоварад. Лоиҳа ба иштирокчиён маблағӣ буду боши чор ҳафтаинаро дар Белладжио, Италия,  пардохт менамояд. Барои гирифтани маълумоти муфассал инро пахш намоед.

Озмуни аксҳои мобилии Mobile Photography Awards. Мӯҳлат 4 декабр.

Шумо тариқи телефони мобилии худ аксҳои назаррас мегиред? Дар озмуни Mobile Photography Awards – иштирок намоед ва метавонед то 3 000 доллар бурд кунед. Барои гирифтани маълумоти муфассал инро пахш намоед.

Тревел-грант барои аксбардорон аз ташкилоти World Nomads. Мӯҳлат 14 декабр.

Аксбардорони навқалам метавонанд барои иштирок дар сафар ба Япония, ки World Nomads ташкил намудааст дархост пешниҳод намоянд. Ғолиб таи 10 рӯз бо сардории аксбардори касбӣ Ричард Л`Энсон, мавзеҳои фарҳангии Японияро аксбардори намуда, омӯзиш мегузарад. Инчунин ғолиб аз ширкати Kathmandu дастгоҳи сайёриро ба маблағи 750 доллари ИМА бурд менамояд. Барои гирифтани маълумоти муфассал инро пахш намоед.

Барномаи стипендиявии донишгоҳи Ню-Йорки оид ба рӯзноманигории тиҷори. Мӯҳлат 15 декабр.

Маркази рӯзноманигории савдои McGraw, назди мактаби рӯзноманигории донишгоҳи Ню-Йорк барои рӯзноманигорон, ки масоили савдо ва иқтисодиёти шлобалиро дарҷ менамоянд, идрорпули пешниҳод менамояд. Идрорпули ба мӯҳлати аз як то се моҳ пешбини шуда, 5 000 доллари ИМА-ташкил медиҳад. Барои гирифтани маълумоти муфассал инро пахш намоед.

Омӯзиш дар донишгоҳи Knight-Wallace Journalism Fellowship-и Мичиган. Мӯҳлат 16 декабр.

Рӯзноманигорони ботаҷриба барои омӯзиш дар донишгоҳи Мичиган даъват карда мешаванд. Иштирокчиёни ИМА идрорпулиро ба маблағи 70 ҳазор доллари ИМА, инчунин маблағи зиндагониро соҳиб мешаванд. Ҳаҷми идрорпули барои бурунмарзиён ҳархела мебошад. Барои гирифтани маълумоти муфассал инро пахш намоед.

Earth Journalism Network барои инъикоси мавзӯҳои экологи дар ВАО грант пешниҳод менамояд. Мӯҳлат 23 декабр.

Earth Journalism Network (EJN) бо ҳамкории Arcadia Foundation пешниҳоди грантҳоро ба малағи умумии 30 000 доллар фаъол намуд. Мақсади грант – беҳтар гардонидани сифати инъикоси мавзӯҳои ҳифзи табиат ва раногорангии био дар ВАО.

Лоиҳаҳои пешниҳодшаванда бояд ба беҳтар гардонидани сифати инъикоси мавзӯҳои ҳифзи табиат ва раногорангии био дар ВАО, гузаронидани тренингҳо барои рӯзноманигорон ва ташкили гурӯҳи фаъол, ки ба ин мавзӯ бахшида шудааст, равона карда шаванд. Барои гирифтани маълумоти муфассал инро пахш намоед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ