ДомойМедиалентаДастурамал оид ба омӯзиши дата-рӯзнамонигорӣ

Дастурамал оид ба омӯзиши дата-рӯзнамонигорӣ

Маркази минтақавии БРСММ дар Аврупо ва давлатҳои ИДМ маълумотномаеро бо забонҳои тоҷики ва русӣ ба табъ расонид (дар пойгаҳи ODECA). Барои онҳое, ки бо рӯзноманигории маълумотҳо сару кор доранд пешбини шудааст.

Муаллиф: Ева Константарас (Eva Constantaras), мумайиз оид ба рӯзноманигории маълумотҳо, Internews.

Маълумотҳои кушод дар Аврупо ва Осиёи Миёна (ODECA) – ин пойгаҳест, ки барои намояндагони давлатӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дастгирипешниҳод менамояд. Шабака 18 давлатро дар бар гирифта, мақсади он вориднамудин тарҳҳои инноватсионӣ, паҳнкунии маълумотҳо ва дастурамалҳо барои истифодаарандагони маълумотҳои кушодаи минтақа ва ҷаҳон мебошад.

Мақсад – истифодаи нерӯи маълумотҳои кушода баҳри пешбурди ҷомеа бо додани имкониятҳо барои шаҳрвандон бо дастгирии мақомити давлатӣ барои ноил гардидан ба Мақсадҳои рушди СММ.

Дастурамал аз 6 қисм иборат мебошад. Дар ҳар яки он – мисолҳо, маслиҳат ва машқҳо.

Модули 1: Аз маводи асли ба гузориш

Ин қисм бо маҳфуми «маълумот» ва чихел он аз тарафи рӯзноманигорон баҳри ҷомеа чихел истифода мешавад, шинос менамояд.

Бо хатми ин модул шумо чунин маълумот мегиред:

  • Муайян ва тавсифи оне, ки «маълумот» чист
  • Дар марҳилаҳои омода шудани гузориш дар асоси маълумотҳо, манфиатҳои ҷамиятро таъкид кардан
  • Муайян сохтани роҳҳои интихоби маълумот барои гузоришҳо
  • Муайян сохтани роҳҳо банду басти қисмҳои маълумотҳои гузориш дар сиёсати пешгирифта

Модули 2: Аз маълумот ба гузориш

Ин модул оид ба пайванди намудҳои маълумот, дарёфти мавод бо роҳандозии минбаъдаи гузориш. Оғоз аз намудҳои маълумот то дарёфти маълумот аз Google.

  • Бо хатми ин модул шумо чунин маълумот мегиред:
  • Муайян намудани намудаҳои маълумоти асосӣ
  • Дарёфти ҳар гуна маълумотҳо
  • Дарйёфти маълуамотро автоматики кунед
  • Маводҳоро ба гузоришҳои содда гардонед
  • Фикрҳо ва саволҳои дурустро пешниҳод намоед
  • Оид ба фиркрронӣ дар асоси гузоришҳои дигар, машқ кунед

Модули 3: Чихел маълумотҳоро фаҳмем

Фаҳмиши асоси барои ҷобаҷогузори ва таҳлили маълумотҳо, инчунин масъалаҳое, ки ба барои базодиҳии манбаи маълумотҳо, кӯмак мерасонанд.

Бо хатми ин модул шумо чунин маълумот мегиред:

  • Ҷойбаҷойгузории бастаи маълумотҳо барои таҳлил
  • Муайян намоед, ки ба манбаҳои маълумот бовар кардан мумкин ё не
  • Содда намудани маълумот барои фаҳмиши аудитория
  • Фаҳмонидани принсипҳои асосии маълумотҳои омори
  • Баҳодиҳии маълумотҳое, ки мавриди дигаргуни қарор доштанд
  • Фаҳмонидани мушкилоте, ки ба махфияти маълумотҳо нисбат дорад

Модули 4: Тасвири маълумот

Аз ин модул Шумо бо асосҳои истифодаи тасвири маълумотҳо шинос мешавед.

  • Бо хатми ин модул шумо чунин маълумот мегиред:
  • Маънии тасвири маълумотро баҳо медиҳед
  • Таҳияи стратегияи тарҳи графикии маълумот
  • Ҳамбастагии маълумот бо намуди ҷадвал
  • Тарҳи дурусти сиёсии истифодаи тарҳи тасвир
  • Пешниҳоди гузориш бо ёрии ҷадвал

Модули 5: Дата-гузоришҳо

Дар ин модул шумо бо хабарҳои ҷаҳонӣ, ки аз тарафи рӯзноманигорон таҳлил ва ҷамовардашуда тариқи  маълумотҳо пешкаш гардида, ба фикри ҷамъият таъсир расонидаанд, шинос мешавед. Бо маводи ҷамъ намудаи худ, шумо ҷобаҷокунии мавълумотроҳо меомӯзед, саволу дархости худро ба гузориш тартиб дода, тарзи пешниҳоди диққатҷалбкунандаи онро меомӯзед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ