ДомойМедиалентаЛоиҳаи "Қаҳрамонон дар назди мо": нашри ҳафтум

Лоиҳаи «Қаҳрамонон дар назди мо»: нашри ҳафтум

Internews дар Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи «Қаҳрамонон дар назди мо» нашри ҳафтуми гузоришҳои махсусеро омода намуданд, ки дар бораи шаҳрвандони фаъоли Осиёи Марказӣ нақл мекунад. Ин — таърихи одамоне, ки бо рафтору амал, ҳаракатҳои худ кӯшиши тағйир додани оламро мекунанд, онро беҳтар мегардонанд.

28 ҳалқа (Қазоқистон, Қостанай)

28 ҳалқа — маҳз ҳамин қадар ҳалқа барои бофтани ҷуроб (пайпоқ) ба кӯдаки бармаҳал таваллудшуда зарур аст. Дар Қостанай аллакай соли панҷум аст клуби «28 ҳалқа» амал мекунад, ки ҳадафи он расонидани кӯмак ба кӯдакони бармаҳал таваллудшуда мебошад.

Ҳунармандони моҳир онро аз пашми табиӣ мебофанд. Зеро пашм — маводи гипоаллергиявӣ аст. Маҷмӯъро, ки кӯдак аз устодон дастрас менамояд, модар ҳангоми ҷавобшавӣ мегирад.

[youtube youtubeurl=»jGlfKPFfyyc» ][/youtube]

Мо — ҳастем (Қазоқистон, Петропавловск)

Фонди «Мо ҳастем!» дар Петропавловск ба хотири расонидани кӯмак ба оилаҳое, ки дар онҳо бачагони махсус ба воя мерасанд, таъсис шуда буд.

Вазифаи асосии он — расонидани кӯмак ба кӯдакони гирифтори бемориҳои системаи марказии асаб (СМА) ва саратон дар масъалаи гирифтани табобати зарурӣ мебошад. Вале на ҳамеша он осон аст. Ташкилоти ҷавон ба мушкилиҳо дучор мешавад.

[youtube youtubeurl=»RaQmnCm81F8″ ][/youtube]

Модари сол (Қазоқистон, Teмиртау)

Иди ниқобпӯшӣ барои кўдакон, тӯйи арӯсӣ ва озмуни миқёси калон дар саҳнаи шаҳр — ҳамаи инро ӯ мегузаронад — дар Teмиртау ҳама медонанд, ки ҳамаи инро кӣ ташкил мекунад ва аз ҳама беҳтар мегузаронад.

Ӯ — Ирина Будрис — ташкилкунандаи агентии идона ва муаллифи озмуни «Модари сол» мебошад, ки ду сол инҷониб ба таври мунтазам гузаронида мешавад ва шумораи зиёди иштирокчиён ва тамошобинонро ҷамъ овардааст.

[youtube youtubeurl=»https://youtu.be/52AvbM-Vhy0″ ][/youtube]

Болҳо барои шоир (Қазоқистон, Қостанай)

Дар ҳама давру замон ба шоири ҷавон душвор аст — хусусан дар замони мо, мегӯянд нависандагони шимоли Қазоқистон. Ба истеъдодҳои ҷавони Қостанай бахт хандид — онҳо доранд ҷое, ки барои гирифтани маслиҳат ва эътироф раванд.

Чанд сол пеш дар базаи Иттиҳодияи адабии «Ковчег» ҳаракати ҷавонони «Крыля» таъсис дода шуд.

[youtube youtubeurl=»rDe7wgaqkLo» ][/youtube]

Ҳоҷӣ-Тоҳир — омӯзгор ва наворбардор (Қирғизистон)

Наворбардор ҳамеша дар қафои кадр мемонад. Чунин аст тақдири касбии ӯ. Аммо маҳз бо чашмони вай мо ин оламро мебинем.

Тоҳир Tурсуналиев — наворбардоре, ки ба ҷаҳониён таърихи Қирғизистони муосир — замони Шӯравӣ, замони тағйирёбӣ, сарнагун кардани президент, «кулчаи ҷаҳон», ҳаҷ ба Маккаро нишон дод.

Тоҳир ҳамин тавр мактаби маҳорати наворбардории шахсии худро кушода натавонист. Дӯстон ва шогирдонаш орзуи ӯро дар ҳаёт татбиқ намуданд.

[youtube youtubeurl=»CIYo-umLkcs» ][/youtube]

Нашрҳои гузаштаро аз ин ҷо метавон ёфт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ