ДомойМедиалента"Қаҳрамонон дар назди мо" - нашри ҳаштум

«Қаҳрамонон дар назди мо» — нашри ҳаштум

Нашри ҳаштуми барномаи «Қаҳрамонон дар назди мо»-ро пешниҳод менамоем. Сужетҳо аз Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи онҳое, ки нисбат ба мушкилоти дигарон бепарво нестанд, дар бораи одамоне, ки кори нек мекунанд, дар бораи қаҳрамононе, ки дар байни моянд.

 

Ба Ҳаҷҷ бо дучарха (ш.Ош, Қирғизистон)

[youtube youtubeurl=»ljYSBx_swxo» ][/youtube]

Ду пири солхӯрдаи мӯътабари Қирғизистон қарори ҳаҷ ба Маккаро намуданд. Хоҳиши комилан муқаррарӣ ба сафари қариб афсонавӣ табдил ёфт — ҳарду қозиҳои оянда барои зиёрат бо дучарха тавассути ҳафт кишвар сафар карданд. Аммо, ҳамааш ҳамин нест — синни ҳар ду ҳоҷиён аз 70 сола боло аст.

 

Муҳофиз барои сайга (ш.Қoстанай, Қазоқистон)

  [youtube youtubeurl=»6jUUKGdTRMQ» ][/youtube] 

Мерган ё худ роҳбалади шикор — касби хаёлпарастона аст, вале бонуфуз нест. Илова бар ин, хеле серташвиш ва баъзан ҳатто хатарнок мебошад. Аз як ҷониб табиати ваҳшӣ, озод ва фарох аст.

Аз ҷониби дигар — офатҳои табиӣ, вабо ва қӯруқшикани мусаллаҳ. Дар вилояти Қостанай минтақаи мамнӯъгоҳи Алтин дала ҳаст, ки дар он ҷо одамони воқеан дилгарм кор мекунанд. Онҳо ҳар рӯз табиатро муҳофизат менамоянд.

 

Иқтисодиёти носабз (ш.Teмиртау, Қазоқистон)

[youtube youtubeurl=»v5Gps6_CEpw» ][/youtube]

 

 

 

 

 

Дар Қарағанда аллакай чанд сол инҷониб осорхонаи нодири мушкилоти экологӣ фаъолият менамояд. Вақте ки Андрей Kaлмиков ва дӯстони ӯ қарор карданд, ки онро кушоянд, онҳо ҳатто фикр намекарданд, ки лоиҳаи беназир месозанд, ки дар ҷаҳон ҳамто надорад. Экспозитсияҳои осорхона ба воқеият наздиканд, ин ҷо ҳама чизро расидан ва омӯхтан мумкин аст, метавон намунаҳоро аз пойгоҳи мушакии Сари-Шаган дид, дар бораи таърихи санҷишҳо дар машқгоҳи Семипалатинск метавон фаҳмид.

 

Сайёраи хуб (ш.Петропавловск, Қазоқистон)

  [youtube youtubeurl=»vfru7ohtAu4″ ][/youtube] 

Бунёди хайриявии Петропавловск бо номи «Сайёраи хуб» амалишавии лоиҳаи «Роҳ ба сӯи хона»-ро оғоз намуд. Фаъолони лоиҳа дар бораи бачагон аз оилаҳои серфарзанд, ки дар хонаи бачагон қарор доранд, нақл менамоянд. Мақсади лоиҳаи мазкур — расонидани кӯмак ба кӯдакон барои пайдо кардани оила, дарёфти волидоне, ки метавонанд бародару хоҳарро аз ҳам ҷудо накарда, ба фарзандӣ қабул намоянд.

 

Хонаи оилавӣ (ш.Қoстанай, Қазоқистон)

[youtube youtubeurl=»I47MPZZyOrw» ][/youtube]

Дар вилояти Қостанай оилаи беназир зиндагӣ мекунад: Нурлан ва Гулҷауҳар Тулегеновҳо писари худро тарбия менамуданд ва қарор доданд боз ҳашт бачаи дигарро ба фарзандӣ қабул намоянд. Ин корро бас накарда — Tулегеновҳо хонаи ҳақиқии оилавӣ сохтанд. Тафовути хонаи оилавӣ аз муқаррарӣ — дар ҳузури падару модар аст. Аслию ҳақиқӣ, на ин ки ба кор оянда.

Нашрҳои гузаштаро аз ин ҷо метавон ёфт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ