Он камтар вақтро мегирад. Аз рӯйи натиҷаи он иштирокчиён мефаҳманд, ки дар кадом сатрҳо кадом корҳоро анҷом диҳанд. Дар таҳририя аврал ва номураттабии кор эҳсос намешавад. Дар таҳририя воситае ҳаст, ки кори ҳар як иштирокчии раванди офаридашавии рӯзномаро (радио ва телеэфир, сомона, истинод ва ғайра) назорат мекунад. Вазифаи дар назди таҳририяи мултимедиявӣ истода чуни наст: Дар ҳолати вақти ниҳоят кам доштан рӯзи иттилоотиро аз рӯйи мундариҷа, афзалиятҳо дар амиқ баён намудани воқеаву ҳодиса ва инчунин гуногунрангии форматҳои мултимедиявӣ ба нақша гирифтан зарур аст. Матритсаи пешниҳодшаванда чун омили ёрирасон барои ташкил намудани нақшаи самараноки таҳририяи мултимедиявӣ хизмат мекунад, ки дар он як дастаи корӣ барои якчанд намуди нашриёт маводҳо тайёр мекунанд.
Банақшагирии рӯзи иттилоотӣ ин корест, ки то анҷом додани нақшаи саҳарӣ амалӣ карда мешавад. Дар рафтӣ банақшагирӣ танҳо бо муайян намудани афзалиятҳо ва идеяҳои даставӣ оид ба коркард намудани мундариҷа ва формати пешниҳодшаванда бамувофиқаоӣ ҷараён мегирад.
Қадами — 1
Ҳар як иштирокчии нақша шиносномаи мавзӯҳои пешниҳодии худро пур мекунад. Бисёрии маводҳои рӯзноманигорӣ ба ҳодиса воқеаҳои пешгӯишаванда ва мавзӯҳо асоснок карда мешаванд. Дар шиносномаи мавзӯҳо рӯзноманигор моҳияти проблемаҳоро қайд мекунад, ки барои дарк кардани онҳо пешнҳод карда истодааст. Мушкилотҳои асосиро номбар мекунад, инчунин дар шакли ҳатмӣ гурӯҳҳои мақсаднокро ташкил медиҳад, ки ин титтилоъ барояш муфид ва шавқовар аст. Макони баргузории нақшакашӣ дар таҳририяи «The Guardian» Бритонёи Кабир мебошад.
Қадами 2
Банақшагирии мавзӯҳо зуд ба мувофиқа оварда мешавад ё нисбати онҳо эътироз баён карда мешавад ва пас аз он қарори гурӯҳӣ бароварда мешавад, ки ҳар як мавзӯъ дар кадом сатҳ қарор дорад ва онро таҳрир кардан мумкин аст ва он бояд таҳрир карда шавад. Мавзӯи асосӣ бо теъдоди максималии дастрасии ҷонибҳое, ки ба манбаи дастрасии истифодабарии фаъолона ҷалб карда шудаанд, яъне бо ташкилоти иштироки истифодабарӣ коркард карда мешавад. Банақшагирӣ дар таҳририяи «The Charlotte Observer» дар ИМА баргузор мегардад.
Қадами 3
Мавзӯҳо дар рӯйи тахта, дар мувофиқат бо мавзӯҳои чуқур коркардшаванда навишта мешаванд.
Қадами 4
Дар натиҷаи муҳокима мавзӯҳо бояд ба тартиб дароварда шуда, афзалиятҳои онҳо пеш гузошта шаванд. Ҳангоми зарурат мавзӯҳо аз як блок ба блоки дигар гузаронида мешаванд. Дар ин зина бояд барои ҳар як мавзӯи аниқ коркарди масъулиятнок таин карда шавад.
Қадами 5
Барои ҳар як мавзӯъ аз рӯйхати форматҳои имкондошта формати нисбатан оптималиро интихоб менамоем.
Қадами 6
Қабули қарор бо нишон додани форматҳо ва мӯҳлатҳо ба шахсони масъул супорида мешавад. Мавзӯҳое, ки барои коркардшавӣ қабул намешаванд, дар «захира» нигоҳ дошта мешаванд ва давра ба давра аз ҷониби муҳаррирон ва ташаббускорони мавзӯҳо дида баромада мешаванд.
Ин маводро ба шиносони муҳаррири худ тақсим кунед.