ДомойМедиалентаБӯҳрон дар ВАО: усулҳои мубориза бо он

Бӯҳрон дар ВАО: усулҳои мубориза бо он

Бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ, пастравӣ, паст намудани буҷетҳои реклама дар минтақаҳо — муҳокима оид ба мушкилоти молиявӣ, яке аз масъалаҳои муҳимтарин барои роҳбарони ВАО-и Осиёи Марказӣ дар конфронси «ВАО дар марҳилаи рақамӣ» буд. Вазъият дар бозори ВАО-и Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон аз ҳамдигар тафовут дорад ва аз бисёр ҷиҳат ба вазъи умумии бозор вобастагӣ дорад. Дар Тоҷикистон, қобилияти харидории аҳолӣ паст мегардад. Муҳоҷироне, ки қаблан дар Русия буданд, пас аз суқути рублӣ мебоист ба хона бармегаштанд, аммо дар зодгоҳ на ҳамаи онҳо кор пайдо хоҳанд кард.

Хуршед Улмасов, директори ШТРР «Тироз»: «Бӯҳрон ба мо мушкилоти мавҷударо дар соҳаи идоракунӣ нишон дод, мо ҳоло ба ин таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда истодаем, аз ҷумла барои таъсиси стратегияи салоҳиятдор, сарҷамъ намудани захираҳо, дастрасӣ ба интернет имконият медиҳад, ки роҳҳои нави кориро ҷустуҷӯ намоем»

Дар Қирғизистон, қисми ВАО ҳангоми таҳияи сиёсати худ, ба таври анъанавӣ ба грантҳо такя намуд. Танҳо акнун, бисёрии ВАО  ба сохтани стратегияи маркетингӣ шурӯъ намудаанд.

Данияр Саъдиев, директори генералии ШТРК «Ынтымак»: «Мо диққати худро ба таъсиси нашрияҳои муттаҳида равона кардем, барои сарфаи хароҷот, мо амалияи тайёр кардани маводро аз ҷониби як одам, ҳам барои телевизион, радио ва ҳам барои интернет ҷорӣ намудем».

Дар Қазоқистон бозори реклама нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ташаккул ёфтааст. Дилшод Садиков, директори маркетинги Video International Kazakhstan, некбинона ба бозори рекламаи кишвар баҳогузорӣ мекунад.

«Саҳми телевизион, ҳанӯз ҳам баланд аст. Тамоюли ҷаҳонӣ — кам кардани нақши матбуот ва рушди Интернет. Чунин кӯшишҳо дар Қазоқистон низ ба мушоҳида мерасад. Дар мо телевизионро дӯст медоранд ва агар бо интернет муқоиса кунем, афзоиши он соли 2008-ум, 168% -ро ташкил дод».

Бо вуҷуди пешгӯиҳои бӯҳрони молиявӣ, ки  роҳбарони Қазоқистон дар нишасти ВАО баён кардаанд, коршиносони Video International Kazakhstan ақида доранд, соли 2015 бозори реклама дар муқоиса бо соли гузашта, ҳатто зиёд хоҳад шуд.

Аммо ВАО-и  минтақавӣ ҳоло ҳам наметавонад буҷетҳои устувори рекламавиро ба даст оранд. Зеро онҳо ба панели ченкунӣ дохил нашудаанд ва дар бораи рейтингҳое, ки онро фармоишгарони бузурги реклама ба инобат мегиранд, маълумот надоранд. Тавре  Руслан Никонович изҳор дошт, ҳоло шабакаҳои минтақавӣ бо TNS Gallup Media Asia гуфтугузор намуда истодаанд.

«Ҳоло сухан дар бораи ворид намудани каналҳои минтақавӣ ба панели ченкунӣ намеравад, зеро он хеле гарон хоҳад афтод, аъзоёни ассотсиатсияи миллии TNS дар минтақаҳо гузаронидани тадқиқоти ҳармоҳаи бозори телевизиониро пешниҳод намуданд».

Ширкати машваратии русиягии «Актуальные технологии» якчанд маслиҳатҳои худро оид ба бӯҳрон, ба ВАО пешниҳод намуд. Павел Ожиганов, директори техникии «Актуальные технологии»:

«Бояд ёдовар шуд, ки бӯҳрон хотима ҳоҳад ёфт. Ширкати шумо дар давраи бўҳронӣ метавонад тағйир ёбад, ҳангоми бӯҳрон мо метавонем дурнамои кори худро пас аз бӯҳрон бубинем. Лозим аст, ки дар бораи ширкати худ бисёр донем, нерўи кормандонро истифода барем, кӯшиш кунем, ки ҳайати кормандонро нигоҳ дорем. Гарчанде ин андаке ғайричашмдошт садо диҳад ҳам, кӯшиш бояд намоем, ки бо рақибон муттаҳид шавем ва роҳи худро ёбем».

Анастасия Снегирёва, ки сарвари хадамоти рекламавии яке аз хонаҳои муваффақтарини нашриёти минтақавии «Aлта-пресс»-и  Русия мебошад, мегӯяд:

«Бӯҳрон — ин баҳонаи бисёр қулай аст, таваққуф мекунед  ва мегӯед: «Не, не, ҳоло вақти ин кор фаро нарасидааст». Барои «Aлатпресс» бӯҳрони соли 2009, такони бузург буд барои ташкили сомонаи нав, ки ба хонаи нашрия маблағи бисёр меорад. Соли 2009, мо сомонаро ба талаботи рекламадиҳандагон мутобиқ намудем, ҷойҳои рекламавие, ки ба рекламадиҳандагон қулай буд, таъсис додем. Соли сипаригардида мо сомонаҳо офаридем, ин портал «Молу мулки ғайриманқул», «Авто» ва ғайраҳо мебошанд. Ин рекламадиҳандаи  федералии нест, ин- маводи минтақавӣ-маҳаллии мост».

Маслиҳатҳои умумӣ аз роҳбарони ВАО:

  1. Арзиши афзалияти рақобатпазирии худро донед.
  2. Хоҳиши рекаламадиҳандаи худро ба инобат гиред.
  3. Хароҷоти худро кам кунед.
  4. Ҳамкориро бо сохторҳои дигар пурзӯр созед.
  5. Баҳри эҷод кардани маводи ҷолиб ва ҷалби реклама, барои аз минтақаҳои худ берун рафтан наҳаросед.
  6. Ба ҷаҳон бо нигоҳи мусбӣ назар кунед.
  7. Аз афтодан натарсед, бархезеду боз ба пеш шитобед.

Бозори реклама дар Қазоқистон. Муаррифии Дилшод Садиков,  директори маркетингии Video International Kazakhstan.

Сарчашма: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ