ДомойМедиалентаТамоюли тарҳи онлайнӣ дар соли 2015

Тамоюли тарҳи онлайнӣ дар соли 2015

Диққати истифодабарандагонро на танҳо маълумоти муҳим, зарур, беҳамто ё шавқовар, балки дастрас  низ ҷалб месозад. Мантиқан,  бештар созандагони сомонаҳое, ки  онҳо  тамоюлҳои тарҳрезӣ ва тағйиротҳои истифодабарандагон ба он ниёз доштаро, зери назорат гирифтаанд, машҳур ва дар тиҷорат муваффақ мешаванд.

Чӣ метавонад тамоюли тарҳрезии онлайнӣ дар соли 2015 бошад, албатта инро пешгӯи кардан имконнопазир аст, вале тамоюлҳои ҷолибро бояд ба назар гирифт. Масалан, тасвир дар инфографикаи ширкати Coastal Creative.

Тамоюлҳои дар нақшабуда

  1. Тасвирҳои калони зебо

Ба шарофати сомонаҳо бо манбаи тасвирҳои ройгон, инчунин ирсоли маълумот бо суръати баланд, аксҳо беҳтар ва беназир гардиданд. Одамон – махлуқи визуалӣ, мо соли 2015 шоҳиди истифодаи расмҳои сифатан хуб ва  ҳам дар ҳаҷм калонтар хоҳем гардид.

  1. Тарҳи нимҳамвор

Охири соли 2013 — аввали соли 2014,  инқилоби тарҳи «ҳамвор»  ба вуҷуд омад. Эҷодкорон ва паҳнкунандагони асосии «Хити мавсимӣ» Microsoft ва Apple буданд. Бо вуҷуди ин, тарҳи «ҳамвор» дар муддати кӯтоҳ ба маҷмӯи унсурҳои ҳамвор бо беҳбудиҳо аз ҷаҳони воқеӣ табдил ёфт. «Таҳияи маводҳо» аз Google — беҳтарин намунаи ин сабк мебошад ва мо умедворем, ки онро соли 2015 бештар мебинем.

  1. Мӯҳтавои мукаммал

Ҳарчанд барои он вақти зиёд масраф гардида бошад ҳам, лекин медиаширкатҳо ба истифодабарии бартариҳои нодири интернетӣ, барои офаридани эҳсосоти визуалӣ дар дохили мақолаҳо ва мӯҳтаво, шурӯъ намуданд.  Он чизе, ки бо лоиҳаи «Снегопад» The New York Times соли 2012 оғоз шуда буд, бештар маъмул гардид («10 Намунаи маводҳои қолаби анъанавиро вайронкунанда»).

  1. Ҳарфҳои беҳтаргардида

Ин ҷо ҳама чиз равшан аст – ҳарфҳои зебо, бо услуби муайян бештар дар тарҳи онлайнӣ истифода бурда хоҳад шуд.

Тамоюлҳои нав

  1. Воқеияти мӯҷизанок

Ширкати Magic Leap  хаёлотро танҳо бо чанд аксҳои қалбакӣ  ва ҳикояҳо дар бораи худ, ҷалб месозад. Офарандагони  ширкатҳо дар бораи мӯҷизае, ки бо воситаи технологияҳои нав ба ҷаҳони воқеӣ метавон илҳом бахшид, сухан меронанд. Мо пешгӯӣ мекунем, ки мӯъҷиза ҳоло роҳи худро дар тарҳрезии соли 2015 пайдо хоҳад намуд.

trends

6.Тасвирҳои дастӣ

Барои он ки теъдоди зиёди техникаи бадеӣ, ҳуруфҳо ва рангҳои дилкаш қолабӣ гарданд, тароҳҳон барои рангорангӣ ба истифодаи тасвири беназири дастӣ, ки душвориро талаб мекунад, бештар саъю талош меварзанд.

7. Заминаи видеоӣ

Соли 2014 тасвирҳои сифатан баланд дар ҳама ҷо пайдо шуданд. Дар соли 2015 мо метавонем бинем, ки  сомонаҳо бештару бештар аз тасвирҳои калони заминавӣ  истифода хоҳанд бурд. Бо  зиёд шудани   суръати кашидагирӣ (скачивания), маънои ҳарчи бештар илова намудани видео пайдо мегардад. Нигоҳ кунед, ки сомонаи  airbnb.com чӣ хел олиҷаноб менамояд.

8.Синемаграфия -аксҳои барқароршуда

Дар бораи  синемаграфия  мо ҳанӯз соли 2011 хабар дода будем. Аксҳои аҷиби «зинда» ҳанӯз ҳам ба миқдори махсусан калон истифода бурда намешавад, аммо коршиносон боварии комил доранд, ки бо гузашти вақт ҳамаи ин ислоҳ хоҳад шуд.

Матни аслӣ: http://newreporter.org

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ