Маҷмӯаи аксҳо (фотосток) ва аксбойгонии онлайниро, бештар ВАО, тарроҳон , SMM-коршиносон ба сифати сарчашмаҳо барои маводҳои визуалӣ истифода мебаранд. Аммо, чун қоида ин захираҳо маблағи муайянро талаб мекунанд.
Мо рӯйхати захираҳои онлайниро, ки офарандагони он дастрасии озодро ба аксҳо фароҳам меоваранд, омода кардаем. Ин маънои онро дорад, ки ҳар кас метавонад боргирӣ карда, расмҳои дар ин сомона ҷойгиршударо бо ихтиёри худ, ба ғайр аз фурўш ва тасарруфи корҳои муаллифӣ, истифода барад.
Photopin.com. Сомона оддӣ бо ҷустуҷӯи хуб, интерфейси барномасозии барномаи Flickr-ро истифода мебарад. Лутфан таваҷҷӯҳ намоед — ҳангоми ҷустуҷӯ аввал тасвирҳои рекламаҳои маблағнок аз дигар захираҳои маҷмӯаи аксҳо боргузорӣ карда мешавад.
Ҳангоми ҷустуҷӯи compfight.com дар сутуни чап, иҷозатномаи Creative Commons — истифодаи ройгон ва зеркашии аксҳоро интихоб кунед. Хадамот инчунин бо истифода аз захираҳои Flickr, корбарӣ мекунад.
Isorepublic.com соли 2014, аз ҷониби тарроҳ ва аксбардори англис Том Еверсли (Tom Eversley) барои таҳиягарон ва таҳиякунандагон бо якчанд лоиҳаҳои мустақил, ки буҷети махсусро дар маҷмӯаи аксҳо надоштанд, офарида шуд.
Аксҳо ба бахшҳои — «Архитектура», «Природа», «Люди», «Текстура», «Городская жизнь (Urban)» ва «Разное » тақсим шудааст. Ҷустуҷӯ имконнопазир, тасвирҳо на чандон бисёр, лекин ҳамаи онҳо сифати хуб доранд.
New Old Stock – маҷмӯаи аксҳои маъмул, ки бойгонии тамоми ҷаҳон ҷамъоварӣ шудаанд. Расмҳои сиёҳ ва сафед аз ҳаёти гузашта намуди хуб доранд, аммо барои ёфтани тасвири мувофиқ ба шумо лозим меояд, ки саҳифаро гаштаву баргашта варақгардон кунед-ҳеҷ гуна ҷустуҷӯӣ дар сомона пешбинӣ нашудааст.
Захираи crowthestone.com низ дорои чунин система аст. Аксҳои ройгони сифати хуб дошта, бидуни ҷудокунӣ ба навъҳо ва имконоти ҷустуҷӯ. Аммо метавон ба навсозиҳои ҳафтаина номнавис шуд.
7 тасвирҳои ройгон дар ҳар ҳафт рӯз дар snapwiresnaps.tumblr.com, пайдо мешаванд. Ҷустуҷӯ барои маҷмӯаҳои тасвирҳои аллакай воридшуда дастрас аст.
Яктогӣ аксҳои ройгон ҳамаррӯза дар goodstock.photos.боргузорӣ карда мешаванд. Ҷустуҷӯ дар ҳамгироӣ бо бойгонӣ корбарӣ мекунад.
Skitterphoto.com ба категорияҳои-«Флора», «Фауна», «Люди» тақсим шудааст, ғайр аз ин шумо метавонед танҳо дар миёни аксҳои ба наздикӣ боргузоришуда ва ё баръакс танҳо дар бойгонӣ онро ҷустуҷӯ кунед.
Дар kaboompics.com расмҳо ҳар рӯз боргузорӣ карда мешаванд, ҷустуҷӯӣ бо тегҳои, категория, дархост корбарӣ менамояд.
Кадом аксзахираҳоро Шумо истифода мебаред?
Сарчашма: http://newreporter.org/