ДомойХудомӯзДаҳ қадами асосӣ барои амнияти рақамӣ: нуктаҳои муҳим аз ҷаласаи Артём Тарасов...

Даҳ қадами асосӣ барои амнияти рақамӣ: нуктаҳои муҳим аз ҷаласаи Артём Тарасов дар CACP

Боре шудааст, ки шумо барои тамрин кардан корти толори варзиширо харидорӣ мекунед ва танҳо якчанд маротиба аз он истифода мебареду халос? Ин ҳолат то андозае ба амнияти рақамӣ монанд аст. Ба назар чунин мерасад, ки ҳама аҳамияти муҳиммияти онро дарк мекунанд ва ҳатто шояд ба мавзуъ ҳам наздиканд, аммо танҳо чанд корбаре ҳастанд, ки воқеан амнияти дастгоҳҳои худро самаранок назорат мекунанд. Артём Тарасов, коршиноси амнияти рақамӣ ва ҷисмонии Интернюс дар ҷашнвораи Central Asia Connect for Peace ҷаласае доир кард.

Аз ҷаласаи ин коршинос “Хабарнигори муосир” даҳ нуктаи асосиро доир ба амнияти рақамӣ ҷамъ овард.

Қадами якум: калидвожаҳо (паролҳо)

Лаҳзаи возеҳ: калидвожаҳо метавонанд сода ва мураккаб бошанд. Аксар вақт, калидвожаҳои одӣ ҳамчун чораи муваққатӣ интихоб мешаванд. Аммо дар ҳама ҳолат калидвожаи мураккаб беҳтар аст. Одатан, калидвожаҳоро қаллобон бо усули зер мешикананд: барномаи махсус комбинатсияҳоро як ба як интихоб мекунад. Чӣ қадаре ки парол содатар бошад, барои шикастани он қаллобон ҳамон қадар вақти кам сарф мекунанд. Ва аз ин рӯ, чаро зиндагии ин қаллобонро осонтар кунем? Мутаассифона, андозагирӣ нишон медиҳад, ки дар муқоиса бо соли 2022, дар соли 2023 калидвожаҳои корбарони шабакаҳо соддатар мешаванд.

Қадами дуюм: аутентификатсияе, ки аз ду қисм иборат аст

Ин сатҳи дуввуми муҳофизатиест, ки коршиносон бар зидди қаллобон сохтаанд. Онро бо тарзҳои гуногун амалӣ кардан мумкин аст: тавассути коде, ки тариқи SMS меояд, барномаҳои аутентификаторӣ, ки ҳар 30 сония рамзи нав тавлид мекунанд, ё верификатсия тавассути телефон. Ин амнияти саҳифаҳои шуморо хеле беҳтар мекунад, зеро шикастани он қариб ғайриимкон аст. Аз ҳама муҳим: боварӣ ҳосил кунед, ки ин амал дар ҳамаи саҳифаҳоятон фаъол аст.

Қадами сеюм: нигоҳ доштани калидвожаҳо (парол)

Аксари скриптҳои дуздии калидвожа барои ҷамъоварии калидҳои дар браузер нигоҳ дошташудаи шумо танзим мегарданд: онҳо ҳифз ё рамзгузорӣ нашудаанд. Беҳтарин менеҷери калидвожаҳо барои истифода дар слайди зерин нишон дода шудаанд. Ҳамаи ин ширкатҳо аз аудити амниятӣ мегузаранд ва самаранокии рамзгузориро тасдиқ мекунанд. Лутфан таваҷҷуҳ намоед, ки агар шумо калидвожаи худро аз нигоҳдорандагон гум кунед, саҳифаи шуморо барқарор кардан ғайриимкон мегардад. Ин қисмро дар хотир нигоҳ доред.

Қадами чорум: шитоб накунед

Фишинг — ин фиристодани паёмҳои дорои линкҳои қаллобӣ мебошад, ки бо пахш кардан ё ворид шудан ба он, шуморо ба доми ҳамлагар мебарад. Вақте ба шумо паём меояд, бубинед, ки ин паёмро ба шумо кӣ фиристодааст ва ба куҷо шуморо даъват мекунад. Эҷоди суроғаи электронии бардурӯғи вебсайтҳои машҳур имрӯз на бештар аз як соатро талаб мекунад. Агар шумо ба аслӣ будани линк боварӣ надошта бошед, барои ворид кардани маълумот шитоб накунед.

Қадами панҷум: навсозии барномаҳо

Бале, ин амал зиёд одамонро ба хашм меорад. Бале, ин ҳама ҷадвалҳои браузери шуморо махкам мекунад. Аммо навсозии барномаҳо ҳамеша (!) бастани баъзе хатоҳо ва нуқсонҳои системавӣ мебошанд. То чӣ андозае, ки дастгоҳи шумо навсозӣ нашавад, ворид шудан ба қаллобон ҳамон қадар осонтар мегардад.

Қадами шашум: антивирус

Баъзе одамон боварӣ доранд, ки маҳсулоти Apple ба вирусҳо ҳассос нестанд. Баъзе одамон фикр мекунанд, ки антивирусе, ки дар системаи оператсионӣ сохта шудааст, кофӣ хоҳад буд. Ин нодуруст аст. Ин системаҳо мукаммал нестанд ва барномаи иловагӣ аз созмонест, ки танҳо бо антивирусҳо сарукор дорад, на бо ҳама абзорҳои имконпазир.

Қадами ҳафтум: нусхабардории иловагӣ

Ба худ як савол диҳед: агар ноутбуки шумо ногаҳон аз кор барояд ё телефонатон гум шавад, чиро гум хоҳед кард? Ҳоло бо ин савол агар каме шумо ба эҳсос омадед, ин маънои онро дорад: мушкилоте вуҷуд дорад, ки бояд ҳал карда шавад. Ҳалли он мушкилот – нусхабардории иловагӣ аст. Шумо бояд як нигаҳдорандаи онлайнии боэътимодеро интихоб кунед ва онро дуруст танзим созед: дақиқ кунед, кӣ ба он дастрасӣ хоҳад дошт, то чанд вақт нусхаҳо эҷод мешаванд.

Қадами ҳаштум: тавассути Wi-Fi пайваст шудан

Оё шумо ягон бор фикр кардаед, ки чаро калидвожаҳо дар Wi-Fi муқаррар карда мешаванд? Не, ин барои он нест, ки ҳамсояатон ба шабакаи интернетии шумо пайваст шавад 🙂 Калидвожа алоқаи байни дастгоҳи шумо ва шабакаро рамзгузорӣ мекунад. Агар шахс калидвожа дошта бошад, пас маълумот дар бораи ин пайвастшавӣ метавонад нигоҳ дошта шавад. Вақте шабакаҳои ҷамъиятиро истифода мебаред, дар хотир доред, ки ғайр аз шумо, бисёр одамони дигар низ ин калидро медонанд — ҳамаи онҳо метавонанд саҳифаи шуморо шикаст диҳанд. Яке аз роҳҳои ҳалли ин мушкилӣ пайваст нашудан ба шабакаҳои ҷамъиятӣ мебошад.

Қадами нуҳум: VPN

Ин боз як ҳалли имконпазири мушкилоти қадами ҳаштум аст. Принсипи кори VPN аз он иборат аст, ки зуд-зуд иваз кардани суроғаҳои IP-и корбар ва ба таври илова рамзгузорӣ кардани маълумот мебошад. Дар натиҷа корбароне, ки барои гирифтани чунин маълумот иҷозат надоранд, онро хонда наметавонанд. Лутфан таваҷҷуҳ намоед: ҳолати инкогнито дар браузер бо VPN якхела нест.

Қадами даҳум: бехатарии паёмрасонҳо

Онҳо аллакай як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти мо шудаанд. Аз рӯи дараҷаи амният имрӯз паёмрасонҳои фаврӣ ба таври зайл гурӯҳбандӣ мешаванд: Signal, Telegram, WhatsApp, ки дар он Signal амнтар ва WhatsApp танҳо барои рӯйхати харид мувофиқ аст. Аммо ҳатто мессенҷери бехатар ба танзимоти муайян ниёз дорад:

  • аутентификатсияе, ки аз ду қисм иборат аст дар дохили паёмрасон истифода баред;
  • дар сурати муколамаи ҳассос, аз ҳазфи худкори паёмҳо истифода баред;
  • ҳушёр бимонед — линкҳои дар мессенҷер фиристодашударо насанҷида накушоед;

Ҷашнвораи Central Asia Connect for Peace дар доираи лоиҳаи «Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда» (REVIVE) доир мешавад, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби Интернюс амалӣ мегардад.

Нурангез Рустамзода
Нурангез Рустамзода
Журналист. Наттоқ. Вебнавис. Мутахассиси SMM дар Интернюс дар Тоҷикистон.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ