GroupTing — воситаи навест барои эҷоди чорабиниҳои коллективӣ. Тавассути ин хидматгузории ройгон шумо на танҳо хонандагон, шунавандагон ва тамошобинонро ба ягон чорабинӣ даъват карда метавонед, балки ҷавоби даъват – тасдиқи иштирокро ҳам метавонед бигиред.
Дигар ҷиҳати мусбии GroupTing – инҷо нуқтаи махсусе омода гаштааст, ки дар он созандаи эълон қайд мекунад, ки бо худ овардани ягон чиз лозим аст ва гиранда бошад, ҷавоб медиҳад- чиро ва чӣ миқдор вай меорад. Ин функсия масалан ҳангоми ҷамъоварии кӯмак аз ҷониби ихтиёриён муфид хоҳад буд.
Ба тамоми он касоне, ки иштирокаш дар чорабинӣ тасдиқ гаштааст, хадамот хабарнома – огоҳӣ мефиристад.
Ин восита бақайдгириро талаб наменамояд, мактубҳо бевосита ба суроғаи нишондодашуда ирсол мегарданд. Ба ҳам овардани руйхати қабулкандагон бо рӯйхати суроға дар Google, Yahoo и Microsoft Outlook имконпазир аст.
Барои фиристодани даъватнома, шумо бояд фақат номи ин чорабинӣ, вақт, ҷойи баргузорӣ, сана ва рӯйхати чизҳоеро, ки аз иштирокчиён талаб карда мешавад, нишон диҳед.
Таклифномаи қабулшуда чунин намуд дорад:
Мтани аслӣ: http://newreporter.org/