ДомойОзмунҳо/ГрантҳоNewreporter.org дар ҷустуҷӯи нашрияи нав аст

Newreporter.org дар ҷустуҷӯи нашрияи нав аст

Намояндагии Интернюс дар Осиёи Марказӣ озмунеро байни ВАО ва ТҒД барои додани ҳуқуқи моликият ба сомонаи Newreporter.org эълон менамояд.

Новый репортер – ягона пойгоҳи онлайниест дар Осиёи Марказӣ бо пахши 4 забона (русӣ, қазоқӣ, тоҷикӣ, қирғизӣ), ки ба медиаҳои нав, журналистикаи конвергентӣ, усулҳои мултимедиявии интиқоли маълумот, шарҳи онлайн – воситаҳои нав ва тавсияҳо доир ба татбиқи амалии онҳо бахшида шудааст.

Лоиҳаи «Новый репортер» дар доираи барномаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ – «Лоиҳаи дастгирии дастрасӣ ба иттилоот» дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон бо дастгирии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ мегардад.

Аудиторияи мақсаднок newreporter.org:

Медиаиттиҳодияҳои байналмиллалӣ (ноширон, муҳаррирон, рӯзноманигорон, тарроҳон, интернет – маркетологҳо, SMM-мутахассисон, блогерҳо), самт – медиабозори кишварҳои манотиқи Осиёи Марказӣ.

Мавзӯъҳо:

  • Маводҳо доир ба кори нашрия дар шаклбандии нав
  • Замимаҳои муваффақонаи интерактивии ВАО чопӣ
  • Визуалисозӣ
  • Журналистикаи маълумот
  • Усулҳои ба манбаи даромад табдил додан (монетизатсия) -и интернет – лоиҳаҳо
  • Сторителлинг
  • маслиҳатҳои амалии коршиносон оид ба медиаҳои нав ва шабакаҳои иҷтимоӣ
  • намунаҳои таъсири мутақобилаи медиаҳо бо ҳамдигар ва аудитория
  • Пешравии медиа дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Мисолҳо, маслиҳатҳои коршиносон, тадқиқот
  • Шарҳи гаҷетҳо барои медиамутахассисон
  • Мутахассиси медиа чиро бихонад
  • Мутахассиси медиа чиро тамошо кунад
  • Медиамутахассис дар куҷо таҳсил намояд

Замимаҳо ва воситаҳо

Азназаргузаронӣ  ва озмоиши хидматрасонӣ ва воситаҳои нав, ки дар кори медиамутахассисон истифода мешаванд.

Озмунҳо/семинарҳо

Маводҳо оид ба озмунҳо, грантҳо, семинарҳо ва идрорпулиҳо барои медиамутахассисон

Ҷойҳои корӣ

Ҷойҳои кории воқеӣ дар медиабозори кишварҳои минтақавӣ.

Шартҳои интиқоли захираҳо

Ба сифати номзадҳо ВАО ва ТҒД аз Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки:

  • расман аз қайд гузаштаанд;
  • Фаъолона пайравии худро ба меъёрҳои ахлоқ ва масъулият дар

рӯзноманигориро намоиш медиҳанд;

  • Аз нуқтаи назари молия ва идоракунӣ ояндадор, рақобатпазир

ва устувор ҳастанд;

  • Дар фаъолият технологияҳои нави медиявиро истифода

мебаранд;

  • Қобилият ва кӯшиши нигаҳдории захираро бо чаҳор забон

доранд

    — дида баромада мешаванд.

Ба ғолиби озмун

Намояндагии Интернюс гранти начандон хурдро барои дастгирии сомона дар марҳилаи аввал пешниҳод менамояд.

Дар назар аст, ки нашрия захираҳои маводии худро барои рушди лоиҳа мегузорад.

Дар якҷоягӣ бо сомонаи newreporter.org соҳиби хуқуқи моликият ба ин сомона гашта ҳамчунин дастрасӣ ба аккаунтҳои «Новый репортер»  -ро пайдо карда метавонад: иттиҳодия дар Facebook, аккаунт дар  Twitter

Чӣ тавр дар озмун иштирок намуд?

  1. Навиштани мактуби асоснок: чаро нашрияи шумо бояд соҳиби захираи Newreporter.org гардад
  2. Пур кардани ариза
  3. Нақшаи рушди сомонаи Newreporter.org –ро барои 12 моҳи оянда тарҳрезӣ намоед (ҷалби муаллифон, усулҳои роҳёбӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷалби маблағҳои сарпарастӣ, ифтитоҳи бахшҳои нав ва ғайраҳо).
  4. Ирсоли ариза, мактуби асоснок ва нақша ба Намояндагии Интернюс ба суроғаи ahukhacheva@internews.org то 20 сентябри соли 2015. Натиҷаҳои озмун аз ҷониби Намояндагии Интернюс то 30 сентябри соли 2015 ҷамъбаст хоҳад шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ