ДомойОзмунҳо/ГрантҳоInternews дар Осиёи Марказӣ дар байни ВАО‑и Қазоқистон ва Тоҷикистонро барои иштирок...

Internews дар Осиёи Марказӣ дар байни ВАО‑и Қазоқистон ва Тоҷикистонро барои иштирок дар мактаби медиабизнес озмун эълон мекунад

Лоиҳаи мазкур дар чаҳорчӯбаи барномаи минтақавии Осиёи Марказӣ “Дастрасӣ ба иттилоот” дар Қазоқистон ва Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналхалқӣ (USAID) амалӣ мегардад.

Лоиҳа дастгирии таълимӣ, технологӣ ва сохтории ВАО-и амалкунанда барои таъсиси редаксияҳои чандрасонаиро дар назар дорад.

Он ҳамчунин ба таҳкими устувории ВАО, баланд бардоштани зарфияти тиҷоратӣ ва шумораи истифодабарандагони захираҳои онлайнии онҳо, ҷалби фаъолонаи аудитория ба раванди истеҳсол ва баррасии иттилооти паҳншаванда равона гаштааст.

Мақсади лоиҳа:

  1. Баланд бардоштани сифат ва сатҳи дастрасӣ ба иттилоот тариқи истифодаи абзорҳои нави расонаӣ ва усулҳои интернет‑журналистика.
  2. Таҳкими муносибати байни расонаҳо ва ҷомеа тавассути рушди журналистикаи интерактивӣ, ки ба ҳамин ҷомеа равона шудааст.
  3. Мусоидат ба сохтани редаксияҳо ва ВАО‑и чандрасонаӣ.
  4. Таҳкими зарфияти тиҷоратӣ ва шумоари истифодабарандагони захираҳои онлайнии ВАО.

Дар лоиҳаи мазкур ВАО‑и зерин аз Қазоқистон ва Тоҷикистон иштирок намудан метавонанд:

  • расман аз қайди давлатӣ гузаштаанд;
  • Принсипҳои этикӣ ва масъулиятшиносии журналистиро пайваста риоя менамоянд;
  • барои рушди устувори молиявиву идоравӣ ва рақобатпазирӣ имкон доранд;
  • розӣ ҳастанд, ки сохтани редаксияҳои чандрасонаӣ ва захираҳои интернетии қавӣ сармоягузорӣ намоянд;
  • барои андӯхтани донишҳои нав омодаанд.

Кор бо иштирокчиёни лоиҳа дар самтҳои зерин амалӣ мегардад:

  • резиденсияҳо дар ВАО доир ба сохтани редаксияҳои чандрасонаӣ ва истифодаи расонаҳои нав дар раванди кори ВАО ва фаъолияти тиҷоратии он;
  • лоиҳаҳои машваратии инфиродӣ барои иштирокчиёни барнома;
  • Вебинарҳо оиди бизнес‑равандҳо, журналистикаи чандрасонаӣ, кор бо расонаҳои нав, журналистикаи додаҳо.

Шартҳои иштирок дар озмун:

  1. Шакли дархост барои иштирок дар лоиҳаро пур кунед;
  2. Дархостро ба Internews ба суроғаи почтаи электронии asukhachyova@internews.org то 30 сентябри соли 2018.

Натиҷаҳои озмун санаи 07 октябри соли 2018 эълон карда мешаванд.

Шакли дархостро барои иштирок дар лоиҳа аз ин ҷо гиред.

Rustam Gulov
Rustam Gulov
Медиа-тренер ва мушовир, блоггер, асосгузор ва муаллифи сомонаҳои "ALIFBO.MEDIA" бахшида ба технологияҳои чандрасонаии нав ва Блогплатформаи "Blogiston.TJ".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ