Мутахассисони ҷавон ва ихтиёриёни синни 23-45 сола аз Олмон, Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ва дигар кишварҳои исломӣ (ҳамчунин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон) метавонанд дар барномаи мубодила иштирок намоянд.
Барномаи мубодилаи байнифарҳангии идрории CrossCulture аз ҷониби Институти муносибатҳои фарҳангии хориҷӣ гузаронида мешавад (IFA).
Барнома ба таҳкими робитаҳои байни Олмон ва кишварҳои ҷаҳони ислом равона гардидааст. Бо рӯйхати кишварҳои иштирокчӣ ин ҷо метавон шинос шуд.
Таҷрибаҳосилкунӣ барои мӯҳлати аз ҳашт ҳафта то се моҳ ва ба мутахассисони самтҳои зерин ба назар гирифта шудааст: ҷомеаи иттилоотӣ ва маориф; муколамаи ҳуқуқӣ, адолат ва ҳуқуқи инсон; сиёсати хориҷӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ; ҳифзи муҳити зист; иқтисодиёт ва рушди ҳамкорӣ; воситаҳои ахбори омма (ВАО); фарҳанг ва санъат.
Барои иштирок дар барнома донистани хуби забони англисӣ шарти зарурӣ ва донистани забони олмонӣ шарти дилхоҳ аст (ҳатмӣ нест).
Таҷрибаҳосилкунӣ дар худ идрорпулии ҳармоҳа ба андозаи 550 евро, пардохти арзиши раводид, хароҷоти нақлиёт, суғуртаи тиббӣ ва истиқоматро дорад.
Дархост то санаи 6-уми декабри соли 2015 қабул карда мешавад.
Барои гирифтани маълумоти муфассал инро пахш намоед.
Манбаъ: ijnet.org.