Мавод барои сомонаи mediashift.org, аз ҷониби Пол Беррӣ омода шудааст. Пол Берри (PaulBerry) – муассис ва президенти RebelMouse–медиапойгаҳ барои тақсим намудани мавод мебошад. Ӯ ҳамчунин, мушовири Lerer Hippeau Ventures буда, дар Шӯрои машваратӣ оид ба маслиҳатдиҳии рақамии American Express маҳсуб меёбад.
Пештар, Пол вазифаидиректори технологияи Huffington Post-ро иҷро мекард.
Нашр дорои хусусияти шахсӣ буда, он ба таври воқеӣ медиасоҳаҳои Осиёи Марказиро инъикос менамояд, вале тамоюлоти мазкурро метавон дар бозори ҷаҳонӣ як бахши умумӣ номид.
Дар ширкати Rebel Mouse мо бо ширкатҳои анъанавӣ ва навтаъсис, калон ва хурд, ки хизматрасонии худро чӣ ба ширкатҳои дигар ва ҳам истифодабарандагони ниҳоӣ пешкаш менамоянд, ҳамкориро ба роҳ мондаем. Мо ҳамаи сӯҳбатҳои муҳим ва шумораи онҳоро, ки ба кор ҷалб карда шудаанд, таҳлил намудем, то ки барои зиндамонӣ ва инкишофёбӣ дар соли 2016 дастур диҳем.
Тақсимоти мавод муҳим хоҳад буд.
Маводе, ки дар сомонаи ягона маҳдуд мешавад, ҳеҷ гоҳ ба муваффақият ноил намегардад. Ширкатҳое, ки технологияи бузургро, монанди Facebook ва Google, ҳамчун манбаи тарофа барои сомонаҳояшон истифода мебаранд, мағлуб хоҳанд шуд, зеро рафтори истифодабаранда зуд-зуд тағйир меёбад.
Бо даврзанонидани қалам дар маркази техникӣ, ин масъаларо наметавон ҳал намуд. Ба ҷои ин, миллиардҳо ангуштзаниҳо талаб карда мешаванд, хуб мебуд агар онҳо ба мо чизи манфиатовареро, ки бо он метавон алоқаро барқарор намуд, нишон медоданд.
Мақолаҳои фаврӣ (InstantArticles)-и Facebook иқтидори монетизатсиякунонии худро бо баровардани маҳсулот дар шакли мақолаҳои рекламавӣ нишон медиҳанд, ки он миллиард доллар даромад ба даст хоҳад овард. Ин тадбир чеҳраи наву воқеии маводи аслиро нишон медиҳад. Илова бар ин, медиаширкат имконияти пурра кардани маблағҳои аз ҳисоби баста шудани реклама масрафгардидаро пайдо мекунад.
Шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи хонагиро забт намудаанд, соли 2016 –ум бошад, онҳо саҳифаҳои мақолаҳоро низ зери истилои худ хоҳанд гирифт.
Чанголи Google ба истифодаи AMP такя хоҳад намуд
Ҳадафи Google дар ташкилоти иттилоотии ҷаҳон ба муборизаи беамон барои зинда мондани ин ширкат табдил меёбад. Барои он ки саҳифаи мақолаҳо ба шабакаҳои иҷтимоӣ гузаранд, G+ бошад аз вусъатёбӣ маҳрум мегардад, ин ширкат аллакай мақоми фидоиро аз даст медиҳад ва дигар наметавонад, ки маъруф гардад.
Агар Google қобилияти дарккуниро, ки номи ӯро маъруф гардонидааст, аз даст диҳад, пас ширкатро муборизаи ҷиддӣ дар худи тиҷорати ҷустуҷӯӣ интизор аст. Маҳз ҷустуҷӯкунанда пештар саҳифаи хонагии интернет маҳсуб меёфт, аммо кунун он ба Facebook, шабакаҳои иҷтимоӣ ва замимаҳои барои мубодилаи паёмакҳо гузаштааст.
Китобхонаи Accelerated Mobile Pages, барои инъикоси веб — саҳифаҳо дар дастгоҳҳои мобилӣ барои ширкате, ки мехоҳад мавқеашро аз даст надиҳад, яроқи асосӣ ба шумор меравад.
Платформаҳо бо рамзи кушодаи ибтидоӣ барои саҳифаи мақолаҳо пешниҳодшуда, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойгир мешаванд – калиди кушода шудани нерӯи дарки миллиардҳо нидо дар як соат мебошанд, ки дар интернет ба вуҷуд меоянд.
Медиширкатҳои мураккаб шикаст мехӯранд
Медиаширкатҳо аз хароҷотҳои бузурги технологӣ, ки як вақтҳо дастаҳои дохилӣ ва технология таъсис шуда буданду ба маҷмӯи ӯҳдадориҳо, на ин ки дороиҳо табдил ёфтаанд, норозианд.
Ин бо сабабе ба вуҷуд меояд, ки медиабозингари маъмул дар сатҳи аз ҳама боло ҳоло ҳам бо вуҷуди он ки ҳамаи маълумотҳо барояшон пешниҳод гардидаанд, ба пешниҳодҳои худбоварӣ ва саркашӣ роҳ медиҳанд.
Касоне, ки ба масъулиятҳои бузурги технологии худ (ва дастаҳои ки онҳоро офаридааст) содиқ мемонанд, дарк мекунанд, ки нисбат ба ҳарвақта тезтар ба пастӣ ҳаракат намуда истодаанд.
Медиаширкатҳои наве, ки на аз ҷиҳати техникӣ азият кашидан, балки роҳҳои бо техникаи мукаммал мусаллаҳ буданро пайдо намудаанд, тарофа ва даромади худро босуръат баланд хоҳанд бардошт.
Рӯзҳои осмонбӯси медиаширкатҳо гузаштанд ва соли 2016 аксарияти онҳоро поёнравии нисбат ба пештара тезтар интизор аст. Мумкин аст, ки (вале эҳтимол надорад) бархе аз онҳо дар дохили худ, сифати нав ва тағйироти ташкилотӣ қабул намоянд, ки дар оянда барояшон пул бино хоҳад шуд, нобудшавиро ба вуҷуд меоранд.
Аммо, ин аз эҳтимол дур аст, зеро бисёре аз истеъдодҳое, ки ин дигаргуниҳоро дарк намудаанд, ин биноҳои калони дағалро тарк кардаанд.
Бастани реклама маркетинги анъанавиро нобуд месозад
Се фарзанди то 10 солаи ман, ҳеҷ гоҳ аз 5 сония зиёд рекламаи YouTube нагузаштанд. Боре ҳам. Аз ягон дӯстон, ҳамкорон ва ҳамхизматонам, боре нашунидаам, ки ҳангоми дидани реклама дар компютер қасдан мушакро болои он пахш намуда, ба истиноди он гузашта бошанд.
Технологияи бастани реклама маркетологҳоро водор месозад, то бо он чизе, ки беш аз даҳ солаҳо ба эътибор намегирифтанд, рӯ ба рӯ шаванд.
Бозиҳои гурусна байни медиаширкатҳо ва оҷонсиҳо
Маркетологҳо дар ҷустуҷӯи бузургӣ, эътимод ва эътимоднокии хатари бастани реклама, маблағи зиёдеро ҷудо мекунанд. Аммо он аз бисёр ҷиҳат оғози “Бозиҳои гурусна”-ро ба хотир хоҳад овард.
Технологияи реклама аллакай мусобиқаи ба марказ расиданро шикаст доданд, зеро ки онҳо малакаи нодурустро қариб ду даҳсола пайдо намудаанд. Медиаширкатҳои куҳан албатта хеле дер ва бе аслиҳа ҳозир мешаванд, дилрабоӣ директорони онҳо бошад, дар ин мубориза таъсире нахоҳанд бахшид.
Аммо медиаширкатҳои нав ва рушдёбанда эҷод кардани маводеро, ки онро метавон дар пойгаҳи ҷаҳонӣ паҳн намуд, меомӯзанд.
Оҷонсиҳои навтаъсис дар фаҳмиши редаксия боқӣ мемонанд, аммо «арзишҳои ширкат»-ро гиромӣ дошта, беҳтарин мушовирон, директорони маркетинг ҳисобида мешаванд, зеро онҳо медонанд, ки чӣ тавр нерӯро ба доллар табдил диҳанд.
Манбаи акс дар пешнамоиш: flickr.com.
-Матни аслӣ: http://newreporter.org/