Ҳуҷҷатҳо дар шакли PDF, дар кори журналистон хеле зуд ба мушоҳида мерасанд. Мо рӯйхати кӯтоҳи хизматрасониҳои онлайниро, ки бақайдгузориро талаб намекунанд омода намудем. Бо кӯмаки онҳо шумо имконияти самаранок истифода бурдани формати PDF-ро пайдо мекунед.
Воситаҳо барои кор бо PDF
Чӣ тавр ҳуҷҷатро дар шакли PDF таҳрир намуд, онро ба шакли Word табдил дод, мухтасар кард — ин ва дигар хусусиятҳои муфид ва қулай — дар интихоби мо аз воситаҳои онлайнӣ.
1.PDFescape — Free PDF Editor & Free PDF Form Filler
Воситаи беҳтару мукаммалтарин, аз ҳамаи воситаҳои онлайнии ройгон барои кор бо PDF. Эҷод намоед, хонед ва PDF-ҳуҷҷатҳоро таҳрир кунед.
PDF шаклҳоро бе гузоштани қайд пур ва эҷод кунед. Дар байни баъзе аз воситаҳои назаррас, имкониятҳои ҷойгир ва тоза намудани саҳифаҳо PDF-ҳуҷҷат, шарҳи мухтасар ва нишонагузории PDF, ҳамчунин эҷоди шаклҳо мавҷуданд.
2.FoxyUtils SplitPDF — Split PDF Files Online for Free
Он дорои чаҳор воситаи оддӣ, вале самаранок: ҹудокунии PDF (тоза кардани диапазони саҳифа), якҷоякунии PDF (омезиши ду ё ва зиёда PDF дар як ҳуҷҷат), кушодани PDF (агар шумо гузарвожаи худро фаромӯш кардаед), ҳифзи PDF (илова намудани рамз ва маҳдудиятҳо оид ба истифодабарӣ).
3 PDF Newspaper | fivefilters.org
Суроғаи саҳифаи интернетии худро бо RSS-тағйирот ворид кунед ва панҷ нуқтаи охиринро ба PDF-рӯзномаи зеботарин табдил диҳед.
4 PDF to Word Converter — 100% Free
PDF –ро зеркашӣ кунед ва сомона онро ба ҳуҷҷати Word бе зарурати насби чизе ё пешниҳод намудани маълумоти шахсӣ табдил медиҳад.
5 Save paper & ink printing only what you want » PrintWhatYouLike.com
Суроғаи саҳифаи интернетиро ба ин сомона ворид намоед ва ё аз замимаи хадамот дар браузер истифода баред. Он гоҳ хадамот аз саҳифаи интернет маълумот ҷамъ карда, пеш аз ба PDF табдил додан, имконияти тоза намуданро медиҳад, ки баъдан шумо метавонед онро чоп ё зеркашӣ кунед.
Он маҷмӯи ҳашт PDF-восита, аз ҷумла, табдилдиҳӣ, якҷоясозӣ, гардонидан ва кушодани PDF-файлҳоро пешниҳод менамояд.
Баъзе аз хусусиятҳои нодир – эҷоди PDF-китобҳо бо саҳифаҳояш варақгардоншаванда, баргардониши аксҳои Instagram ва Facebook дар PDF (ин ду функсия гузарвожа (пароль)-и шуморо талаб мекунад).
7 Convert PDF and Other Formats to eBooks
14 намуди гуногуни ҳуҷҷат, аз ҷумла PDF-ро ба аз чор як шакли китобҳои электронӣ табдил медиҳад.
8 Capture Webpage to Image/PDF from URL
Эҷоди тасвирҳо ва ё PDF-файл аз саҳифаи интернетӣ. Агар яке аз форматҳои тасвирро интихоб кунед, ин хадамот онро ба якчанд файлҳо тақсим накарда, танҳо он чизе, ки барои экран мувофиқ аст, нигоҳ дошта, як тасвири бузургро эҷод мекунад. Ин як роҳест, барои ба даст овардани тамоми саҳифа.
9 Crop PDF Online|Witwall Tech
Роҳи аз ҳама осонтарини буридани PDF- файли онлайнӣ. Нусхаи ҷудошуда ба таври худкор боркашӣ мегардад.
Ин яке аз роҳҳои осонтарину зеботарин сохтани PDF-ҳуҷҷати хонданбоб аз саҳифаи интернетӣ аст. Шумо метавонед тасвирро интихоб кунед, нигоҳ доред ва ё онро дур созед. Метавонед замимаи оддиро дар браузер, барои дастрасӣ пайдо намудан ба ҳамаи саҳифаҳои интернетӣ, истифода баред.
Рӯйхат барои Newreporter.org
Манбаи акс дар пешнамоиш: pexels.com.
Маълумоти бештар дар: http://newreporter.org/