ДомойОзмунҳо/ГрантҳоИдрорпулӣ барои таҳсил дар Мактаби иттилоот

Идрорпулӣ барои таҳсил дар Мактаби иттилоот

Рӯзноманигорон, коркардкунандагон ва мутахассисоне, ки бо маълумоту далелҳои асосӣ кор мекунанд, метавонанд  ба барномаи идрорпулӣ, ки барои 9 моҳ пешбинӣ гардидааст, аризаҳои худро пениҳод намоянд.

Мактаби иттилоот (School of Data) барои иштирок дар барномаи идрорпулӣ аризаву дархостҳоро қабул менамояд. Аз моҳи апрели то декабри соли 2016 идрорпулигирандагон дар ташкилотҳои қабулкунандаи маҳаллие, ки дар ҳаёти шабакаҳои байналхалқии ин Мактаб нақши муҳим доранд, ҳар моҳ 10 рузӣ кор мекунанд. Ба идрорпулигирандагон ҳар моҳ дар ҳаҷми 1 000 доллар маблаг дода мешавад. Моҳи май онҳо дар лагери махсус ташкилкардашуда ҷамъ шуда (ҷои таъсисёбии лагер дертар муайян карда мешавад), иштирокчиёни барномаи идрорпулӣ бо ҳамдигар вомехӯранд. Дар ин ҷо, онҳо дар бораи маълумоту дониши гирифтаашон фикрҳои худро ба якдигар баён мекунанд, ки чӣ тавр Мактаб бо иттилоот кор карданро меомӯзонад.

Аризаву дархостҳо то санаи 10-уми марти соли ҷорӣ қабул карда  мешаванд. Барои маълумоти муфассал гирифтан  аз ин сарчашма истифода баред:

Манбаъ: ijnet.org.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ