ДомойМедиалентаДар Internews Network-и Қазоқистон доир ба омодасозии репортажҳои махсус тренинг гузаронида шуд

Дар Internews Network-и Қазоқистон доир ба омодасозии репортажҳои махсус тренинг гузаронида шуд

Аз 6 то 12-уми март дар Алма-ато журналистон ва наворбардорон аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти роҳбарии Денис Бевз корро бо истифода аз жанри репортажи махсус омӯхтанд.

Денис Бевз — журналист, наворбардор, продюсер, устоди медиа мебошад. Соҳиби ду мукофоти бонуфузи касбӣ TЭФИ (соли 2008) ва мукофоти НТВ “Касб — репортёр” («Профессия-репортер»).

Дар давоми ҳафта иштирокчиён доир ба одамони воқеӣ, ки ҷаҳонро дар атрофи хеш тағйир медиҳанд, наворбардорӣ намуданд: тренинг – якум, қисми шиносоии лоиҳаи калони «Қаҳрамонон дар паҳлӯи мо», силсилаи репортажҳои махсус дар бораи инсонҳои мавқеи шаҳрвандиашон фаъол аз кишварҳои минтақаи Осиё Марказӣ омода карда шуданд.

Дар лоиҳа панҷ шабакаи телевизионии Осиёи Марказӣ – ТРК “Алау” (Қостанай), “ТДК 42” (Уралск), “ТТК” (Қарағанда-Темиртау), ТВ “Азия” (Хуҷанд), “Ынтымак” (Ош).

Ҳар ҳафта шабакаҳо-шарикон дар бораи одамони фаъол бо кейсҳои амалӣ, маслиҳатҳо ва усули амалӣ намудани фаъолияти шаҳрвандӣ барномаҳои телевизионӣ бо тафсири онлайн таҳия менамоянд.

Мулоҳизаи иштирокчиёни тренинг:

[youtube youtubeurl=»mPso1FynkII» ][/youtube]

[youtube youtubeurl=»289aX5yBjrY» ][/youtube]

[youtube youtubeurl=»gnO_bjv9Iic» ][/youtube]

[youtube youtubeurl=»mnzq-0rv-h0″ ][/youtube]

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ