ДомойХудомӯз5 онлайн-замимаҳои оддӣ барои паҳн намудани файлҳо

5 онлайн-замимаҳои оддӣ барои паҳн намудани файлҳо

Дар кори рўзноманигорон, муҳаррирон, дизайнерон, аксбардорон бисёр вақт зарурати «паҳн» кардани файлҳо ба истифодабардагони дигар ё ба дастгоҳи дигар ба миён меояд. Масалан, онлайн-хизматрасониҳои чида интихоб кардашударо тасаввур мекунем, ки бо ёрии онҳо Шумо метавонед бидуни аз қайд гузаштан (дар баъзе ҳолатҳо бидуни пайвастшавӣ ба интернет) маълумотҳои асосии ҳаҷми калондоштаро ба дигар ҷойҳо интиқол диҳед.

PlusTransfer (тавассути браузер): файлҳо то 5 ГБ бо санаи худбарҳамдиҳӣ.

Аксарияти хизматрасониҳо аз рўйи ирсоли файлҳо, ки бо воситаи браузер кор мекунанд, аз Шумо берунории файлро талаб мекунанд ва баъдан барои паҳн намудан истинод (ссылка) медиҳанд. Одатан ҳаҷми умумии файлҳо то 100-200 МБ маҳдуд карда шудааст. PlusTransfer ин меъёрро дар ҳаҷми умумии файлҳо то 5 ГБ баланд мебардорад.

Аз ҳама чизи аҷиб дар хизматрасонӣ ин санаи худбарҳамдиҳӣ мебошад. PlusTransfer файлҳоро то на кам аз ҳафта ва на кам аз рўйи муҳлати интихоб кардаатон нигоҳ дошта метавонад. Пас аз оне, ки Шумо файлҳоро ҷойгир кардед, суроғаи электронии худ, суроғаи шахси онро гиранда ва пайёмаки хурдеро нависед.

File.io (тавассути браузер): Snapchat барои  файлҳо.

Чизе ки Snapchаt-ро маъруф кард, ин ғояи (идея) паҳн намудани аксҳо гардид, ки зуд-зуд барҳам меёбанд. «Як маротиба дидед, дигар хеҷ гоҳ намебинед». File.io низ дар паҳнкунии ҳама намуди файлҳо, ҳамин воситаро истифода мебарад.  Як маротиба файлро барои худ дастрас мекунеду пас аз ин, он ба ҳамешагӣ ғайб мезанад.

Ин хизматрасони низ ба монанди PlusTransfer ҳаҷми файлҳоро то 5 ГБ дастгирӣ менамояд. Агар Шумо якчанд файлҳоро дар як вақт барои худ берун оварданӣ бошед, хар яки он ба худ дорои истиноди алоҳидаро соҳиб мешавад.

FilePizza (тавассути браузер): P2P, зуд паҳннамоии файлҳо бидуни таъминоти барномавӣ.

Агар ба ширкатҳое, ки онлайн маълумотҳои асосиашонро нигоҳ медоранд, эътимод надошта бошед, Шуморо фаҳмидан мумкин аст. FilePizza имкони паҳн намудани пирингии (P2P) файлҳоро медиҳад, ки маълумотҳои асосӣ аз Шумо ба гиранда мустақиман бидуни ягон хел нигоҳдорӣ дар хисматрасониҳо фиристода мешаванд.

Барои ин ягона амале, ки Шумо бояд анҷом диҳед, ин ба сомона даромадан, номи файли худро ҷойгир кардан ва сахифаро маҳкам накардан аст. Ба Шумо истиноди беҳамторо барои пахн намудани файл медиҳанд, ки метавонед онро нусхабардорӣ намуда, ба нафари дилхоҳи худ бифиристед.

Вақте, ки истифодабаранда истинодро мекушояд, ба таври пинҳонӣ навиштаҷоти «берунории файл» пайдо мешавад. Ҳамон замоне, ки берунории файл оғоз меёбад, дар реҷаи вақти воқеӣ фиристодашавии файл оғоз мешавад. Барои файлҳои калонҳаҷм ингуна паҳннамоӣ ва бар замми ин бо суръати тез қулай мебошад, зеро интиқолдиҳӣ ва берунорӣ дар як вақт сурат мегирад, на паси ҳам.

DocDroid (тавассути браузер): паҳнкунии ҳуҷҷатҳо санҷишӣ пешакӣ ва ислоҳсозӣ.

Google Drive – омили бениҳоят самаранок барои таъсис ва паҳн нумдан аст. Аммо дар ёд доред, ки он маълумотҳои асосиатонро ба Google мефиристад. Агар Шумо хоҳед, ки маълумотҳои асосииатон интернет-гигант нашавад, DocDroid – ин беҳтарин роҳ барои паҳн намудани ҳўҷҷатҳо ва PDF-файлҳо мебошад.

Барои истифода бурдан аз ин хизматрасонӣ ба Шумо лозим намеояд, ки аз қайд гузаред. Танҳо файлро пурбор карда, истинодро ба даст меоред. DocDroid ба таври автоматӣ шумораи тақрибии бинандагони файлро ба онҳое, ки ба ин истинод ворид мешаванд, нишон медиҳад.  Ин чиз истифодабарандагонро аз амали барзиёди дастрас кардани файл, хондани он озод менамояд ва танҳо паз аз он  хонда тавонистани файл озод менамояд.

Агар ягон нафар файлро берун оварда гирифтанӣ бошад, DocDroid инчунин ба таври автоматӣ онро дар шаклҳои дигар мубадал менамояд. Ба монанди PDF, DOC, TXT ё  ODT ва ғайраҳо.

Xender (Android, iOS, Web): интиқоли файлҳо тавассути нуқтаи дастрасии телефон ё ба воситаи  wi-fi.

Баъзан дар Шумо интернет-пайвастшавӣ нест ва ё тарофаи нақшавиатон хело кам мебошад. Аммо новобаста аз ин мехохед суратҳои нав аксбардорӣ кардаатонро фиристед. Барои ин Xender-ро фаъол намоед ва дар давоми дақиқаҳои кўтоҳ Шумо масъалаи худро ҳал карда метавонед. Оффлайн-реҷаи қулай бароятон имкон медиҳад, ки нуқтаи дастрасии Wi-Fi-ро дар смартфони худ фаъол гардонед ва ба ин нуқта  дастрасии Wi-Fi дигар телефонҳо низ пайваст шуда метавонанд. Ҳамин тавр Шумо барои паҳн намудани файлҳо аз интернети ройгон истифода бурда метавонед.

Шумо метавонед, ки дар як вақт то чор адад дастгоҳро дар реҷаи оффлайн фаъол намоед. Аз ин рў бо ин роҳ паҳн намудани файлҳо нисбатан натиҷабахш мебошад. Xender инчунин тавассути веб-замима низ кор мекунад. Вале дар ин маврид Шуморо зарур аст, ки барои интиқоли маълумотҳои асосӣ ба интернет каме маблағ пардохт намоед. Зеро ин ҳангом ба web.xender.com ворид шудан лозим меояд, то ки телефонро бо лэптоп тавассути wi-fi пайваст намоед.

Новобаста аз ин агар ҳама дастгоҳҳо ба як шабакаи сети wi-fi пайваст бошанд, Шумо зарурати  пардохтро барои маълумотҳои асосии мобилӣ надоред ва  маълумотҳои асосиро нисбатан зудтар фиристода метавонед.

 

Аз маводҳои: http://www.makeuseof.com

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ