ДомойМедиалентаGoogle нақша дорад имкониятҳои иловагиро барои таҳияи маводи видеоӣ ба кор дарорад

Google нақша дорад имкониятҳои иловагиро барои таҳияи маводи видеоӣ ба кор дарорад

Google дар самти техникии бизнеси видео ва пахш боз ҳам чуқуртар ворид мешавад. Ширкат ба даст овардани Anvato, пойгаҳҳоро барои рамзгузорӣ, таҳрир, интишорот ва паҳнкунии видеоро эълон намуд, хабар додааст techcrunch.com.

Google маълум менамояд, ки Anvato ба ҳайати Пойгаҳҳои Абрии он дохил мешавад, аммо технологияи Anvato талошҳои ширкатро доир ба «истифодаи коркарди вусъатёбандаи медиа ва ҷараёни коре, ки бо медиа дар осмон алоқаманд аст» пурра менамояд.

Технологияи Anvato ба мизоҷони худ, бахусус NBCUniversal, MSNBC, CBS, Univision, HGTV, Bravo ва Fox Sports гузаронидани ҷараёнҳои зинда, таҳриркунӣ видеои абрӣ, гузоштани реклама ва коркарди нақшаи пардохт – «пардохти пас аз тамошо», модели обунаи TV Everywhere ва моделҳои дигари пардохтро дар асоси обуна, имконият медиҳад. Anvato хизматрасонии давраи пурраи интишороти видео ва монетизатсияро – ин он чизе аст, ки айни замон дар пойгаҳи худи Google вуҷуд надорад, пешниҳод менамояд.

«Дар баробари татбиқи босуръати технологияҳои ОТТ (over-the-top { – пешниҳоди хизматрасонии видеоӣ тавассути Интернет}), дастаи Пойгаҳҳои Абрӣ ва дастаи Anvato якҷоя дар масъалаи инкишофи ҳалли абрӣ, ки ба медиабизнес ба медиа ва самти вақтхушӣ гузоштани сифати баланди селобаи видео ва мавод бо талаботи истифодабарандагон дар ҳамаи таҷҳизот – бигзор он смартфон, планшет ё телевизори пайваст бошад», — менависад сарменеҷер оид ба маҳсулоти Google Belwadi Srikanth.

Дастаи Anvato менависад, ки ин харид технологияҳои худиро бо «миқёс ва қудрати Пойгаҳҳои Абрии Google, ки беҳтарин пешниҳодро дар соҳаи технологияҳои OTT ва видеои мобилӣ медиҳад» ба ҳам меоварад.

Ин қадамро роҳандозӣ намуда, Google ба таври равшан нишон дод, ки ширкат дар рушди Пойгаҳҳои Абрии хеш чун имконот барои ширкатҳои медиавӣ манфиатдор аст.

Google маълум менамояд, ки он дар бораи ҳамгироии Anvato дар моҳҳои наздик маълумоти нисбатан бештарро хоҳад дод.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ