ДомойМедиалентаБозиҳои олимпӣ дар Рио 2016: ҷустуҷӯи дархости бештар маъмул дар Google Trends

Бозиҳои олимпӣ дар Рио 2016: ҷустуҷӯи дархости бештар маъмул дар Google Trends

Ба ифтихори баргузории Бозиҳои тобистонаи олимпии 2016, Google Trends бахши махсусеро ба кор андохт, ки ба ҷустуҷӯи дархости бештар маъмули тамошобинон ва мухлисони Олимпиада дар тамоми ҷаҳон бахшида шудааст.

Дар ин ҷо бисёр маълумоти муфид, шавқовар ва аҷоиб ҳастанд, ки дар асоси он медиа метавонанд маводи хусусиро таҳия намоянд.

Масалан, оё Шумо медонед, ки тибқи дархости бештар маъмул дар Google, бокс дар Қазоқистон намуди варзиши олимпӣ маҳсуб мешавад?

Дар Русия ва Қирғизистон – волейбол, дар Чин – баскетбол.

Дар харита ба таври муфассал намудҳои беҳтарини варзишро дар моҳҳои июн-июли соли 2016-ум дар кишварҳои мухталиф дидан мумкин аст.

 

Сачоқи шиноварон, либоси дзюдочиён, дучархаҳо ва кулчаҳои биринҷин — Google Trends ҳамарӯза натиҷаҳои хурди дархости бештар маъмули “олимпӣ”-ро ҷамъбаст менамояд.

 

Шумо ҳамзамон ҳисоботи муфассалро аз рӯи намудҳои мухталифи варзиш – беҳтарин иштирокдорони Олимпиада, муқоисаи маъруфияти бозингарон давоми солҳо, нуфузи дархостҳо оид ба ин ё он намуди варзиш аз рӯи кишварҳо ва ғайраро метавонед тамошо кунед.

Google дар инҷо ҳамчунин мақолаҳоро бо маълумот ва тавзеҳот дар бораи ҳамаи намудҳои варзиш, посухҳоро ба саволҳои зуд-зуддиҳанда ҷой додааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ