ДомойМедиалентаВебинари «Веб-пахш дар давраи бӯҳрон»

Вебинари «Веб-пахш дар давраи бӯҳрон»

18-уми августи соли 2016, соати 20:00 бо вақти Астана, Бишкек (17:00 бо вақти Москва, Киев; 19:00 бо вақти Душанбе) вебинари «Веб-пахш дар давраи бӯҳрон» гузаронида мешавад.

Мавзӯъҳои асосии вебинар:

  1. Философияи веб-пахш – чӣ тавр оғоз намуд ва ба охир расонд, дар кадом ҳолат он саривақтӣ аст, ҳангоми пахш дар ҳақиқат чӣ муҳим ва бояд ҳатман бошад. Лаҳзаҳои ахлоқӣ.
  2. Кори сомона ва журналистон – чӣ тавр маълумотро дарёфтан ва санҷидан, кӣ метавонад ва наметавонад манбаи иттилоот бошад, қоидаҳои асосӣ, ҳангоми пахш чӣ тарз бояд хабарро навишт ва ба чӣ бояд афзалият дод, дар вақти ҳодисаҳои муҳим маълумот чӣ гуна ҳаракат менамояд.
  3. Хусусияти кори медиа дар вақти “тӯфон”. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ одамон маълумотро чӣ тавр меҷӯянд, трендҳоро чӣ тарз муайян кардан мумкин аст, чӣ гуна алгоритмҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ истифода менамоянд ва боз чӣ зарур аст.

Вебинарро кормандони hromadske.ua мегузаронанд. Hromadske.UA (“Громадське” — ҷамъиятӣ (общественное)) – шабакаи телевизиони мустақили  Украина мебошад, ки дар соли 2013 барои тамошобинони русзабони берун аз Украина таъсис дода шудааст.

Аз моҳи октябри соли 2014 дар доираи лоиҳаи Громадское барои тамошобинони русзабони берун аз Украина ҳодисаҳои минтақаро инъикос менамояд.

Медиа таҷрибаи зиёди ташкили веб-пахшҳо дорад.

Барандагони вебинар:

Андрей Баштовой — журналисти мултимедиявӣ, баранда. Яке аз асосгузорони Ташкилоти ҷамъиятии «Громадське Телебачення». Аз соли 2015 самти бузурги (Громадский) диджиталро роҳбарӣ менамояд.

Юлия Мак Гаффи — журналистка, сармуҳаррири сомонаи Корреспондент.net (2006—2013). Аз моҳи июли соли 2016 директор оид ба рушд ва ҳамоҳангсози корҳои сомона дар Громадский.

Евгений Спирин  —  веб-муҳаррир. Аз моҳи июни соли 2016 сармуҳаррири сомонаи hromadske.ua, ҳаммуаллиф ва барандаи барномаҳо оид ба вазъият дар Донбасс «Громадське.Схід».

Барои иштирок дар вебинари ройгон, хоҳиш меномоем, аз ин истинод истифода намоед.

Таваҷҷӯҳ! Барои иштироки муваффақона дар вебинар ба Шумо зарур аст:

Тафсири охирини браузерҳои Google Chrome, FireFox, Safari ё Opera-ро фаъол намоед. Дар браузер нусхаи охирини Adobe Flash Player бояд бошад. Дар Google Chrome — Flash Player худ насб шудааст.

Бисанҷед, ки оё суръати интернети пайвасткунандаи Шумо кифоя аст.  Суръати минималии пайвастшавӣ ба вебинар 1Mb мебошад. Суръати тавсияшаванда барои кори бароҳат аз 2Mb (дар вақти паст будани суръат, шояд ҳангоми намоиши видеороликҳо қафомонии садо ва тасвир, муаррифӣ бо шумораи зиёди графикаҳо, намоиши мизи корӣ ва кор бо низоми дигаре, ки шабакаи босифатро талаб менамоянд, ба назар расад). Суръати интернети худро дар ин саҳифа санҷидан мумкин аст.

Агар Шумо ба интернет аз шабакаи корпоративӣ дохил шавед, пас ба Шумо зарур аст, ки ба мудири системавиатон муроҷиат кунед, барои он ки ӯ портҳои 1935, 80, 443-ро кушояд.

Барои дастрасӣ ба вебинар, дар саҳифаи ҷойгиршавӣ тугмаи «Дохил шудан ба вебинар»-ро пахш намоед, маълумотро доир ба худ пур кунед ва розигии хешро дар муқобили розигии истифодабаранда гузоред.

Агар Шумо ба вебинар тавассути планшет ҳамроҳ шудан хоҳед, пас тавсия  медиҳем, ки аз браузери Google Chrome ё Puffin Browse истифода намоед.

Вебинари « Веб-пахш дар давраи бӯҳрон » аз ҷониби намояндагии Internews Network дар доираи лоиҳаи дастгирии дастрасӣ ба иттилоот ташкил карда шудааст. Он бо шарофати кӯмаки мардуми Амрико, ки тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ шуд, имконпазир гардид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ