ДомойХудомӯзQuik — замимаи мобилӣ барои офаридани видеороликҳо аз сурат

Quik — замимаи мобилӣ барои офаридани видеороликҳо аз сурат

Quik — яке аз оддитарин ва қулайтарин воситаҳо (замима барои тамоми дастгоҳҳои iOS ва Android ройгон дастрас аст) мебошад, ки дар давоми ҳамагӣ як дақиқа Шумо аз рӯйи суратҳо дар дастгоҳи мобилии худ мини-филми зиндаи ҷолиби диққат офарида метавонед.

Азқайдгузарӣ талаб карда намешавад. Кофист, ки танҳо суратҳои мувофиқу лозимиро интихоб кунед ва ба он мутобиқ фон, мусиқӣ интихоб намоед. Quik 28 намуди ороишдиҳиро бидуни аломатҳои обӣ ва маҳдудиятҳо ба шумораи суратҳо барои интихоб баҳратон пешниҳод менамояд.

Дар лаҳзаи зарурӣ Шумо метавонед боз ба онҳо навиштаҷот, суратҳои иловагӣ ҳамроҳ намоед, ранги аксхоро тағйир диҳед ва ҳоказо. Агар ҳангоми аксбардорӣ Шумо функтсияи муайян намудани мавқеи ҷойгириро хомӯш накунед, пас замима суратҳоро худ аз рӯйи мавқеи ҷойгириашон ба навъҳо ҷудо карда метавонад. Пас лоиҳаи тайёрро бо осонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойгир ё дар дастгоҳи мобилӣ сабт карда, нигоҳ доштан мумкин аст.

Боз як чизи аҷиби замимаи Quik аз он иборат аст, ки он суратҳои Шуморо ба навъҳо ҷудо мекунад ва агар функтсияи мазкур фаъол карда шуда бодшад, ба таври автоматӣ офаридани филми хурдҳаҷмро аз рӯйи аксҳо пешниҳод менамояд, ки Шумо давоми ҳафта аксбардорӣ намудаед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ