Интернюс дар доираи лоиҳаи “Медиа барои инъикоси самараноки масъалаҳои муҳити зист ва захираҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ” бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва дар ҳамкорӣ бо Консорсиуми байналмилалии журналистон-таҳқиқотчиён (ICIJ) аз кишварҳои Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон) барои иштирок дар тренинг оид ба таҳқиқоти журналистӣ дар соҳаи муҳити зист ва захираҳои табиӣ дархост қабул менамояд.
Вилл Фитсгиббон, мухбири ICIJ, иштирокчии бевоситаи лоиҳаи “Ҳуҷҷатҳои Панама” (Panama Papers) мебошад. Вилл бо корҳои ташкилӣ ва дастгирии муносибатҳои ҳамкории ICIJ бо журналистони Африқо машғул аст. То интишори “Ҳуҷҷатҳои Панама”, Вилл репортёри лоиҳаи «Swiss Leaks»-и ICIJ буд ва бо даҳҳо журналистони тамоми Африқо дар доираи лоиҳаи “Тӯъмаи марговар” (Fatal Extraction) ҳамкорӣ намуд. Қаблан дар Бюрои таҳқиқоти журналистӣ (The Bureau of Investigative Journalism) дар Лондон фаъолият мекард.
Барои иштирок дар семинар даъват карда мешаванд:
- журналистон (доштани таҷрибаи омодасозии таҳқиқотҳои журналистӣ ва маводнависӣ дар мавзӯи муҳити зист ва захираҳои табиӣ — ба манфиати),
- коршиносони маҳаллӣ аз ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ (НПО), ки фаъолияти хешро дар соҳаи муҳити зист ва захираҳои табиӣ татбиқ менамоянд.
преимущество),
Тренинг 29-30 августи соли 2016 дар Бишкек гузаронида мешавад.
Барои иштирок дар тренинг ҳамагӣ интихоб карда хоҳанд шуд:
- 3 нафар аз Қазоқистон,
- 5 нафар аз Қирғизистон,
- 3 нафар аз Тоҷикистон.
Лоиҳа ба иштирокчиёни интихобшуда хароҷотро барои истиқомат ва хӯрок пардохт менамояд.
Барои иштирок дар озмун бояд фиристед:
журналистон: тарҷумаи ҳол (cv); истинод ба маводҳои интишоршуда (таҳқиқоти журналистӣ).
коршиносон аз НПО: тарҷумаи ҳол (cv); истинод ба маводҳои ширкатҳои иттилоотӣ.
Таваҷҷӯҳ!!! Мӯҳлати пешниҳоди дархост – то соати 18:00-и (бо вақти Бишкек) 21-уми август!!!
Дархостро ба суроғаи зерин фиристед: centralasia@internews.eu
Ҳатман дар мавзӯи нома нишон диҳед: “Семинар оид ба таҳқиқоти журналистӣ дар масъалаҳои муҳити зист ва захираҳои табиӣ”
Интернюс дархостҳои радкардашуда шарҳ намедиҳад ва танҳо номзадҳоеро, ки аз озмуни интихобӣ гузаштаанд, огоҳ менамояд.
Бо тамоми саволҳои зарурӣ муроҷиат намоед:
Қазоқистон: Нозима Тоганбоева, ҳамоҳангсози лоиҳа дар Қазоқистон
Email: ntoganbayeva@internews.eu
Қирғизистон: Темур Оганов, ҳамоҳангсози лоиҳа дар Қирғизистон
Email: toganov@internews.org
Тоҷикистон: Фирӯз Баротов, ҳамоҳангсози лоиҳа дар Тоҷикистон
Email: fbarotov@internews.org