Уилл Фитсгиббон, яке аз муаллифони пешбари лоиҳаи ҳангоманоки Panama Papers, дар Бишкек бахшида ба таҳқиқоти журналистӣ дар мавзӯи экология тренинг гузаронд.
Дар мусоҳиба бо лоиҳаи «Ливень. Living Asia» Уилл доир ба чӣ тавр дастрас ва истифода кардани маълумот оид ба ҳолати экологӣ дар кишвар ва минтақа чунин гуфт.
- Маслиҳати асосии ман ба журналисте, ки мехоҳад таҳқиқоти экологӣ гузаронад — дар бораи он, ки чизи пинҳон ё сирру асрорро бояд ошкор намояд, фикр накунад.
- Дар асл бисёр маълумот дастраси ҷомеа аст.
- Маълумот дар ҳама ҷо ва ҳамеша вуҷуд дорад. Ҳатто вақте ки Шумо дар кӯча мегардед. Ё аз суди маҳаллӣ боздид менамоед.
- Ҳамаи ин метавонад барои пайдо кардани мавзӯи хеле нодир кӯмак расонад.
- Аз мавзӯъ ё ҳодисаи маҳаллӣ оғоз кунед. Оид ба хурдаш фикр намоед. Эҷодкорона андеша намоед.
- Агар Шумо маълумоти ҷамъиятӣ пайдо кардед – онро ба воситаи таърих бигӯед.
Тренинг барои хабарнигорон ва экологҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи “Медиа барои инъикоси самараноки масъалаҳои муҳити зист ва захираҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ” доир гардид, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ ва аз ҷониби Интернюс амалӣ карда шуд.