ДомойХудомӯз4 онлайн-хизматрасонӣ барои кор бо презентатсия

4 онлайн-хизматрасонӣ барои кор бо презентатсия

Мехоҳед муаррифиро бештар интерактивӣ намоед? Садо ва унсурҳои тасвириро илова кунед? Онро дар сомонаи хеш ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойгир намоед?

Интихоби онлайн-хизматрасониҳои хурди бароҳат ва оддиро пешниҳод менамоем.

Шояд айни ҳол хизматрасонии машҳуртарин — slideshare.net бошад. Бо воситаи он Шумо метавонед на танҳо муаррифӣ, балки инфографикаҳо, ҳуҷҷатҳоро паҳн намоед. Зиёда аз ин, маҳз дар ин ҷо беҳтарин коллексияи муаррифиҳои омодашуда дар мавзӯъҳои мухталиф бо дастрасӣ бо забонҳои гуногун ҷамъ оварда шудаанд.

Боз як, воситаи қариб монанд — slideboom.com мебошад. Бо воситаи ин хизматрасонӣ Шумо метавонед муаррифириро дар формати Flash паҳн намоед. Замимаи махсус (тафсири ройгони озод ҳаст) барои табдили муаррифӣ дар тасвир дар YouTube имкон медиҳад.

Slidesnack.com, ба ғайр аз имконияти дарёфт ва дастрас намудани муаррифӣ, инчунин илова кардани ҳамроҳшавии овозиро ба кори Шумо имкон медиҳад.

Лоиҳаи тайёрро ҳамзамон дар сомона ё блог бо рамз гузоштан, паҳнкунӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мумкин аст.

Бо prezi.com – хизматрасонӣ, ки дар он муаррифии ҷолиби ғайриоддиро бо тасвирҳо таҳия намудан мумкин аст.

Дар бораи кор бо Prezi.com ва дигар воситаҳо барои таҳияи муаррифиҳо аз ин ҷо бештар хондан мумкин аст.

Ҳамаи воситаҳо пас аз бақайдгирӣ дастрас мебошанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ