ДомойМедиалентаМушкилиҳои қонунгузорӣ ва амалияи дастрасӣ ба иттилоот дар Тоҷикистон

Мушкилиҳои қонунгузорӣ ва амалияи дастрасӣ ба иттилоот дар Тоҷикистон

14 сентябри соли 2016 соати 16.00 (бо вақти Душанбе) вебинар дар мавзӯи «Мушкилиҳои қонунгузорӣ ва амалияи дастрасӣ ба иттилоот дар Тоҷикистон» баргузор хоҳад шуд. Вебинар бо забонӣ тоҷикӣ сурат мегирад.

Вебинари мазкур барои кормандони васоити ахбори оммаи Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Мавзӯҳои вебинар:

—   Кафолатҳои дастрасӣ ба иттилоот дар қонунгузрии Тоҷикистон ва меъёрҳои байналмилалӣ;

—   Дар кадом ҳолатҳо мақомоти давлатӣ метавонад аз пешниҳоди иттилоот даст кашад?

—   Амалияи дастрасии журналистон ба иттилоотти расмӣ.

—   Роҳҳои гирифтани иттилоот аз мақомоти давлатӣ

Вебинарро ҳуқуқшиноси Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” Имомова Зарина мегузаронад. Имомова Зарина фаъолияти худро дар сектори ҷамъиятӣ ба ҳайси ҳифзкунандаи хуқуқҳои инсон дар созмони ҷамъиятии “ Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” сар карда, айни ҳол дар мавзӯи «Ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба иттилоот ва кафолатҳои он дар Тоҷикистон” тадқиқоти илмӣ мебарад. Инчунин ӯ тренери соҳаи қонунгузории ВАО мебошад.

Барои қайд дар вебинари ройгон, марҳамат ишораи мазкурро пайгирӣ намоед: https://pruffme.com/landing/u430/konun.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ