Журналистоне, ки ба кор бо медиаҳои рақамӣ манфиатдоранд, барои иштирок дар ин барнома метавонанд дархост пешниҳод намоянд.
Барномаи Киплинҷер оид ба журналистикаи иҷтимоӣ-сиёсӣ (Kiplinger Program in Public Affairs Journalism) дар Донишгоҳи иёлоти Огайо стипендияҳои кӯтоҳмуддатро барои кӯмак ба журналистоне, ки дар истифодабарии онлайн-воситаҳо ва шабакаҳои нав манфиатдоранд, пешниҳод менамояд.
Гирандагони стипендия дар тренинги ҷиддӣ оид ба истифодабарии воситаҳои рақамӣ, ки коршиносони ин соҳа мегузаронанд, иштирок мекунанд. Тренинг аз 23 то 28-уми апрели соли 2017 дар Колумбус, Огайо гузаронида мешавад. Он мавзӯъҳои истифодабарии медиаи иҷтимоӣ дар фаъолияти журналистӣ, брендинг ва ҷалби аудитория, кор бо ҷадвалҳо ва маълумоти зоҳирӣ, сабти видео бо воситаи смартфонҳо ва одоби журналистиро дарбар мегирад.
Журналистони озод ва штатии медиаҳои чопӣ, тасвирӣ ва онлайние, ки ҳадди ақал панҷ сол собиқаи корӣ доранд, метавонанд дархост пешниҳод намоянд.
Ба стипендия пардохти тренинг, истиқомат дар меҳмонхона ва хӯрок дохил мешаванд.
Довталабоне, ки аз кишварҳои дигар ба ИМА сафар мекунанд, ҳамзамон метавонанд ба пардохти қисме аз роҳкиро дархост пешниҳод намоянд.
Дархостҳо то 31-уми октябр қабул карда мешаванд.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ин ҷоро пахш намоед.
Манбаъ: ijnet.org.