ДомойЛоиҳаҳои моДар Душанбе конференсияи “Медиа дар муҳити рақамӣ: мушкилот ва имкониятҳо” ба кори...

Дар Душанбе конференсияи “Медиа дар муҳити рақамӣ: мушкилот ва имкониятҳо” ба кори хеш шурӯъ намуд

Конференсияи дуюми “Медиа дар муҳити рақамӣ: мушкилот ва имкониятҳо” имрӯз, 22-юми сентябр дар пойтахти Тоҷикистон ба кори хеш шурӯъ намуд.

Дар конференсия, ки иштирокчиёнаш мутахассисони медиа аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон мебошанд, масъалаҳои медиа дар ҷаҳони муосир: кор дар давраи бӯҳрон, ҷанги иттилоотӣ ва тағйири форматҳо, медиаи рақамӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамкорӣ бо аудитория мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Дар сухани ифтитоҳӣ Ҷиллиан Мак Кормак, директори минтақавии Internews  дар Аврупо ва Авруосиё шарикон ва донорҳо, ки дар гузаронидани чорабинии мазкур саҳми бузург гузоштанд, зикр намуд. Онҳо USAID ва Фонди Сорос буданд.

Директори USAID дар Тоҷикистон Кэтрин Кроуфорд қайд кард, ки дастрасӣ ба иттилоот — асоси фаъолияти давлати масъул ва кушода мебошад ва ВАО дар ин самт нақши муҳим мебозад. Чорабинии мазкур бо нияти баланд бардоштани самаранокии касбии мутахассисони медиа дар таъмини дастрасӣ ба иттилоот баргузор мегардад.

Хусусияти ин чорабинӣ – иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ мебошад, ки бо масъалаҳои ВАО ва қонунгузории медиавии кишварҳои Осиёи Марказӣ машғуланд.

Муовини вазири фарҳанг, иттилоот ва саёҳати Ҷумҳурии Қирғизистон Айнура Темурбекова масъалаи гузариш ба пахши рақамиро, ки дар ҳар кишвар дар сатҳи мухталиф қарор дорад, саривақтӣ арзёбӣ намуд.

Ҳамзамон хонум Темурбекова зикр намуд, чунин форумҳо ба намояндагони мақомоти давлатӣ, ки дар заминаи ҳуқуқии марбут ба ВАО ва ислоҳот дар кишварҳои ҳамсоя фаъолият менамоянд, дар самти ба роҳ мондани робита бо якдигар имконият медиҳанд.

Тавре муовини вазир қайд намуд, ин ба он маъно ҳам муҳим аст, ки ВАО-и ҳар як кишвар метавонанд дар инъикоси чорабинҳои бузург, ки дар давлатҳои ҳамсоя баргузор мешаванд, иштирок намоянд. Барои намуна Айнура Темурбекова “Бозиҳои кӯчманчӣ”-ро мисол овард, ки чанде қабл доир гардиданд ва онҳоро 370 журналист аз 170 ВАО-и 35 кишвар инъикос намуданд. Вале вазифаи асосие, ки айни ҳол дар назди тамоми ҷомеаи медиавӣ истодааст – таъмини амнияти иттилоотӣ дар шароити муосир мебошад.

Шӯҳрат Бӯриев, ёрдамчии мушовири дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа гуфт, ки фаъолияти ВАО-ро бе мутахассисони баландихтисос, ки дар ин соҳа кор мекунанд, тасаввур намудан ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, баландбардории касбияти онҳо ва фароҳамсозии имкониятҳо барои ба даст овардани малакаҳои нав – дар шароити нав хеле муҳим аст.

Меҳмонои махсус даъватшудаи конференсия – коршиносони медиаи Русия Александр Амзин ва Евгений Кулаков, муҳаррир оид ба кор бо аудитория ва портали шабакаҳои иҷтимоии StopFake Мария Жданова (Украина), директори иҷроиявии Агентии иттилоотии “Азия плюс” Зебо Тоҷибоева, сармуҳаррири портали Қазоқистон  informburo.kz — Михаил Дорофеев мебошанд.

Дар вақти конференсия бо номи шартии «Карусел» бозии корӣ гузаронида хоҳад шуд. Ҳадафи он — додани малакаҳои амалии питчингӣ – баромади панҷдақиқавӣ — муаррифии лоиҳа, ки барои гирифтани грантҳо ва стипендияҳо пешниҳод  мегардад. Менеҷерҳо ва ҳамоҳангсозони ҳашт лоиҳаи бомуваффақият дар панҷ дақиқа ба иштирокдорон дар бораи он, ки чӣ тавр онҳо ин корро иҷро намуданд ва муваффақият ба даст оварданд.

Конференсия санаҳои 22-23-юми сентябри соли 2016 дар Душанбе (Тоҷикистон) гузаронида мешавад, дар доираи конференсия 23-юми сентябр Форуми “Ҷалби аудитория: форматҳои нав” баргузор мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ