ДомойМедиалентаМедиаихтисосҳои оянда

Медиаихтисосҳои оянда

Ҳангоми баромад дар кнференсияи ONA дар Денвер, футуролог Эймӣ Вебб шаҳ дод, ки дар соли 2016-ум ва минбаъд зеҳни сунъӣ дар медиа чӣ нақш дошта метавонад, менависад journalism.co.uk.

Ихтисоси навро дар журналистика мекобед? Ба Шумо “продюсери воқеияти иловашуда” чӣ тавр аст? Ё “таҳиякунанда ботҳо”? Ё “муҳаррири мардумӣ оид ба барномасозӣ”?

Ин – танҳо чанде аз вазифаҳо ҳастанд, ки чӣ тавре Эймӣ Вебб, асосгузори Институти “Оянда имрӯз аст” («Будущее Сегодня» — Future Today Institute), пешгӯӣ менамояд, мумкин аст дар идораҳои иттилоотӣ аллакай дар 10 соли наздик вохӯранд.

Вебб фаҳмонд, ки мавҷи навбатии рушди онлайн-медиа дар зеҳни сунъӣ асос меёбад.

“Он ба ҳамаи ҷанбаҳои журналистика таъсир мерасонад”, — мегӯяд ӯ.

“Идораҳои мо тағйир меёбанд. Чунин фаҳмишҳо ба монанди “хабарнигор” ва “менеҷер” аз байн мераванд.

Ихтисосҳо дар журналистикаи ояндаи наздик

 

Мераванд

Меоянд

Хабарнигор Дастаи таҳқиқоти маълумот ва алгоритмҳо
Менеҷери шабакаҳои иҷтимоӣ Хабарнигор бо имкониятҳои иловагӣ
Продюсери маводи веб Продюсери воқеиятҳои иловагӣ
Медиаороишгар Коркардкунандаи ботҳо
Ороишгари графикӣ Таҳқиқотгари асосии медиалабораторияҳо
Фактчекер Менеҷери экосистемаҳо
Муҳаррири адабӣ Менеҷери  пойгаҳҳо
Муҳаррири мардумӣ оид ба барномасозӣ
Мутахассиси пешбар оид ба маълумот
Ороишгари истифодаи автоматии интерфейс

 

ВАО таваҷҷӯҳи асосиро ба гузоришҳои шаклҳои бештар интерактивидошта, ки ба воситаи компютерҳо (computer-assisted reporting, CAR) равона мекунанд, ки ба хабарнигорон ҷиҳати таҳлили ҳуҷҷатҳо дар дастрасии кушоди ва коркарди маълумот кӯмак мерасонад.

Дастаи таҳқиқотӣ ҳамоно амал мекунад, вале ба он кӯмак мерасонанд, масалан, ботҳо ва объектҳои боздиди он ҳарчӣ бештар алгоритмҳо ва маълумот мешаванд.

Гузоришҳое, ки бо воситаи компютерҳо омода карда мешаванд, аллакай дар идораҳо ба дараҷаи муайян истифода бурда мешаванд, масалан, Election DataBot (боти пешазинтихобии маълумот — предвыборный бот данных) аз ширкати ProPublica, ки шумораи бузурги маълумотро дар бораи интихоботи президентӣ дар ИМА ҷамъ меоварад, гузоришҳоро дар низоми вақти аслӣ дар бораи ҳисоботи молиявии ширкатҳо омода менамояд, пурсишҳоро мегузаронад, трендҳои ҷустуҷӯъ дар Гугл ва ғайра.

Пешгӯии Вебб барои идораҳои иттилоотие, ки дар онҳо чунин нақш ба монанди муҳаррири адабӣ ва фактчекер аз фаъолият бозмемонанд, хавотириро дар твиттер ба миён овардааст.

«Ҳммм, намедонам, ба куҷо ман рост меоям», – твитт гузошт Ким Фокс, профессори журналистика дар Донишгоҳи амрикоӣ дар Каир. – «Дар куҷо сторителлинг?».

«Одамоне, ки навишта, далел ҷамъоварӣ карда, таърихи зиёдро омӯхта метавонанд ва медонанд, ки хабар чӣ аст, ҳамеша дар кор хоҳанд буд», – навиштааст хабарнигор-таҳқиқотчӣ аз 9 News Крис Вандервеен.

Муҳаррири маводи мобилии BBC Трушар Барот мароқ зоҳир кард, ки оё ихтисоси ӯ дар ояндаи наздик “ба рӯйхати дар тарафи чапбуда”  намегузарад, чун дигарон.

Ҳарчанд Вебб пешгӯии хешро чун “имкони” ихтисосҳо дар оянда қайд намудааст, ӯ азнав ва азнав такрор кард, ки “Зеҳни сунъӣ ҳоло пурра наомадааст… вале ба наздикӣ меояд”.

“Алҳол фурсати бозистодан ва ба худ савол додан аст. Донистани он, ки зеҳни сунъӣ чист, чиро метавонад ва чиро наметавонад, фарқият байни фаҳмиши умумии зеҳни сунъӣ ва тафсири махсус дар чист, азхудкунии истилоҳҳо, мутолиаи кадоме аз таҳқиқотҳо”.

“Хабарҳо аз оянда сахт дода нашудаанд, ин он аст, ки мо ҳама чизро дар замони ҳозира дар якҷоягӣ месозем”.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ