ДомойМедиалентаInternews дар Осиёи Маркази номнависиро ба иштирок дар силсилаи вебинар оид ба...

Internews дар Осиёи Маркази номнависиро ба иштирок дар силсилаи вебинар оид ба «Инфографика» оғоз менамояд

Силисила аз се вебинар, вазифаи хонагӣ ва лоиҳаи ниҳои иборат мебошад. Иштирокчиёне, ки тамоми омӯзишро гузашта бо муваффақият лоиҳаҳои ниҳоиро месупоранд, соҳиби сертифакати Internews мегарданд.

Асосан вебинарҳо ба кормандони ВАО-и фаъоли Осиёи Маркази пешбини шудаанд. Имтиёзи бақайдгирӣ ба кормандони ҳамкорони Internews аз Осиёи Марказӣ дода мешавад.

Силсила аз чунин вебинарҳо иборат мебошад:

  1. Асоси инфорграфика барои ВАО. Тренер Иван Печищев, дотсенти Донишкадаи Перм, медиатренер, тадқиқотчии маълумотҳо.
  2. Хизматрасониҳо барои сохтани инфографика. Тренер Анна Сухачева, журналист, муҳаррир, медиаэксперти лоиҳаи Newsroom2.0, муҳаррир Newreporter.org.
  3. Хатогиҳо дар сохтани инфорграфика. Тренер Денис Плавский, тарроҳи net.

Иширокчиён мефаҳманд, ки чиро ва чихел тасвир кардан мумкин. Чихел аз як рақам чарт созем. Инчунин бо намудҳои ҷадвалҳо ва чор хизматрасонии онлайнии инфографикиро аз худ менамоянд.

Ҳама лоиҳаҳои ниҳои бояд дар асоси рақамҳои воқеи ва бо иснод бояд тартиб дода шавад.

Барои иштирок дар вебинар дархостро ба суроғаи электронии ogroznaya@internews.org то 5 октябри соли 2016 равона кунед.

Диққат диҳед, ки ҳамаи хоҳишмандон метавонанд дар вебинар иштирок намоянд, лекин танҳо бо иштирокчиёни интихобшуда дарсҳои алоҳида гузаронида шуда, онҳо соҳиби сертификати Internews мегарданд.

Силсилаи вебинарҳои “Инфографика” моҳи октябри 2016 сол баргузор мегарданд.

Вебинари аввал 12 октябр оғоз мешавад.

Шакли дархостро инҷо дастрас кунед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ