ДомойОзмунҳо/ГрантҳоНамояндагии Internews дар Осиёи Марказӣ барои гузаронидани контент-таҳлил тендер эълон мекунад

Намояндагии Internews дар Осиёи Марказӣ барои гузаронидани контент-таҳлил тендер эълон мекунад

Намояндагии Internews дар Осиёи Марказӣ барои гузаронидани контент-таҳлил дар доираи лоиҳаи «Тақвияти ВАО-и мустақил дар Осиёи Марказӣ», ки дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон амалӣ мешавад, тендер эълон мекунад.

Контент-таҳлил бояд тибқи методикаи Internews, ки таҳлили матнҳои аз сайтҳои шарикони Internews тасодуфан интихобшударо дар бар мегирад, гузаронида шавад.

 Иҷрокунанда бояд инҳоро баҳогузорӣ намояд:

— Сифати навиштан, таҳрир кардан, пешниҳод кардан;

— Риояи меъёрҳои умумии касбӣ

— Истифода бурдани мультимедиа-элементҳо

Ҳамагӣ бояд 270 мавод баҳогузорӣ шавад, ки қисми аз онҳо бо забонҳои қирғизию тоҷикӣ навишта шудаанд.

 Талабот барои иҷрокунанда:

  • Таҷрибаи тасдиқшуда дар коркарда баромадан ва гузаронидани медиа-мониторинг ва контент-таҳлили ВАО.
    • Тибқи талаботи қонунҳои амалкунандаи Қазоқистон, Қирғизистон ё Тоҷикистон ба сифати шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудан;
    • Дар байни гурӯҳ (ё пудратчиён) мавҷуд будани мутахассисоне, ки забонҳои қирғизӣ ва тоҷикиро хуб медонанд;
    • Дастрасии доимӣ ба Интернет.

Дархостҳо то санаи 31 октябр тариқи онлайн ба почтаи электронии зерин қабул карда мешаванд: ydrobyazko@internews.org.

Контент-таҳлил бояд то санаи 15 декабри соли 2016 гузаронида шавад.

Маҷмӯи ҳуҷҷатҳои зарурӣ: пешниҳоди тиҷоратӣ, тавсияномаҳо, ҳолномаи коршиносони калидӣ.

Барои ҷавоб гирифтан ба саволҳои худ метавонед ба Ольга Грозная бо суроғаи электронии: odroznaya@internews.org ва ё телефонии мобилии +7 7021070179 муроҷиат намоед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ